ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани...

22
1 «Мувофиқа карда шуд» «Тасдиқ шудааст» Вазири молияи Ҷумҳурии Точикистон _________С. Наљмиддинов бо Фармоиши Кумитаи андози назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «11» 03 соли 2013 3-12 а/13 аз «21»ноябри соли 2012 7-Ф ДАСТУРАМАЛ «Оид ба тартиби истифодаи њисобномањо- фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо» 1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ 1. Дастурамали мазкур тибќи муќаррароти моддаи 186 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тањия шуда, намуд, тартиби хариду истифодаи њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњоро, њамчун њуљљатњои њисоботашон ќатъї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. 2. Шахси ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда баќайдгирифташуда ва ба андозсупорандагони бемасъулият дохилнагардида, ки амалиёти андозбандишавандаро иљро менамояд, аз рўзи амалї гардидани баќайдгирї барои маќсадњои андоз аз арзиши иловашуда уњдадор аст

Transcript of ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани...

Page 1: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

1

«Мувофиқа карда шуд» «Тасдиқ шудааст»

Вазири молияи

Ҷумҳурии Точикистон

_________С. Наљмиддинов

бо Фармоиши Кумитаи андози назди

Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «11» 03 соли 2013

№ 3-12 а/13

аз «21»ноябри соли 2012

№ 7-Ф

ДАСТУРАМАЛ «Оид ба тартиби истифодаи њисобномањо-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо»

1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

1. Дастурамали мазкур тибќи муќаррароти

моддаи 186 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон

тањия шуда, намуд, тартиби хариду истифодаи

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњоро, њамчун њуљљатњои њисоботашон ќатъї

дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон муайян

мекунад.

2. Шахси ба сифати супорандаи андоз аз арзиши

иловашуда баќайдгирифташуда ва ба

андозсупорандагони бемасъулият дохилнагардида,

ки амалиёти андозбандишавандаро иљро менамояд,

аз рўзи амалї гардидани баќайдгирї барои

маќсадњои андоз аз арзиши иловашуда уњдадор аст

Page 2: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

2

ба ќабулкунандаи молњо, корњо ё хизматрасонињо

њисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва

аксизњоро пешнињод намояд. Шахсе, ки бо маќсади

андоз аз арзиши иловашуда ба ќайд гирифта

нашудааст ё ба рўйхати андозсупорандагони

бемасъулият дохил карда шудааст (ба истиснои

супорандагони андози аксиз, ки супорандагони

андоз аз арзиши иловашуда намебошанд), њуќуќ

надорад, ки њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњоро пешнињод намояд.

3. Њисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо њуљљатест, ки мутобиќи

моддаи 183 Кодекси андоз барои ба њисоб

гирифтани андоз аз арзиши иловашуда њангоми

истифодаи меъёри стандартї асос мебошад ва дар

шакли Замимаи 1 дар њамин Дастурамал

омада,тањия гардида, дорои маълумоти зерин

мебошад:

а) номгўи (ному насаб, суроѓа) андозсупоранда

ва харидор (фармоишгар), инчунин номи тиљоратии

андозсупоранда, агар он аз номи њуќуќї фарќ кунад;

б) раќами мушаххаси андозсупоранда ва

харидор (фармоишгар);

в) раќам ва санаи додани шањодатнома дар

хусуси баќайдгирї барои андоз аз арзиши

иловашудаи андозсупоранда (тањвилкунанда);

Page 3: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

3

г) номи молњои интиќолшуда, корњои иљрошуда

ё хизматрасонињо;

д) маблаѓи амалиёти андозбандишаванда;

е) маблаѓи андози аксиз аз молњои зераксизї;

ё) маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз ин

амалиёти андозбандишаванда гирифта мешавад;

ж) санаи додани њисобнома-фактураи андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо;

з) раќами тартибии њисобнома-фактураи андоз

аз арзиши иловашуда ва аксизњо.

4. Њисобнома-фактура дар чор нусха тартиб

дода (навишта) мешавад. Нусхањои якум ва дуюми

њисобнома-фактурањои тањиягардида оид ба андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо ба гирандаи

(харидори, фармоишгари) молњо (корњо,

хизматрасонињо) дода мешавад, нусхањои сеюм ва

чорум дар њуљљатњои бањисобгирии андозсупоранда

(шахси њисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо навишта) мемонад.

5. Њангоми аз љониби андозсупоранда ба

маќоми андози дахлдор пешнињод намудани

эъломияи андоз аз арзиши иловашуда дар як ваќт

дар њомилњои коѓазї ва (ё) электронї дар шакли

тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатї

фењрист ва нусхањои сеюми њисобнома-фактурањои

андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо, ки

Page 4: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

4

андозсупорандаи мазкур тартиб додааст, инчунин

нусхањои дуюми њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо, ки њамин

андозсупоранда њангоми хариди (дастрас намудани)

молњо (корњо, хизматрасонињо) гирифтааст,

пешнињод карда мешавад.

6. Њисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњои тањияшаванда

(навишташаванда) дар китоби баќайдгирии

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњо навишташудаи андозсупоранда ба ќайд

гирифта мешавад.

7. Њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњои гирифташуда дар китоби

баќайдгирии њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњои гирифтаи

андозсупоранда ба ќайд гирифта мешавад.

8. Шакл ва тартиби пешбурди китобњои дар

бандњои 6-7 Дастурамали мазкур пешбини гардида,

аз љониби Кумитаи андози назди Њукумати

Љумњурии Тољикистон муќарар карда шудааст, ки бо

тартиби марказонидашуда нашр карда мешавад.

9. Китобњои дар боло зикргардида ва фењристи

њисобнома-фактурањои навишташудаи андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо метавонанд дар

њомилњои ќоѓазї ва электронии маълумот пеш бурда

Page 5: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

5

шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-

фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо

мутобиќи пушти Замимаи 1 дар њамин Дастурамал

омада пур карда мешавад.

10. Дар асоси њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо њам маблаѓи андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњои ба харидор барои

тањвили молњо (корњо, хизматрасонињо) пешнињод

шуда, инчунин маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњое, ки ба тањвилкунанда барои хариди

молњо (корњо, хизматрасонињо) пардохта шудааст,

муайян мешавад.

11. Њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо њуљљатњои њисоботи ќатъї

шуморида шуда, силсила ва раќами дахлдор дошта,

дар матбаањои махсус тибќи фармоиши Вазорати

молияи Љумњурии Тољикистон интишор карда

мешаванд ва бо нархе, ки харољоти интишор,

нигоњдорї ва таќсимоти онњоро мепўшонад, аз рўи

дархости супорандагони андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо ба онњо аз љониби маќомоти

андози дахлдор фурўхта мешаванд.

12. Супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои истифодабарандагони меъёри пасткардашуда арзиши њисобнома-фактурањои андоз

Page 6: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

6

аз арзиши иловашуда ва аксизњои харидаашонро њамчун маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда тибќи муќаррароти моддаи 183 Кодекси андоз ба њисоб мегиранд.

2. ТАРТИБИ ХАРИДИ ЊИСОБНОМА-

ФАКТУРАЊОИ АНДОЗ АЗ

АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ВА АКСИЗЊО

13. Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии

Тољикистон тибќи барномаи Системаи иттилоотии

андоз аз арзиши иловашуда ва пайгирии њисобнома

фактурањо Раёсати ташкили андозбандии Дастгоњи

марказї Кумитаи андоз, Нозироти андози

андозсупорандагони калон, Раёсати андоз дар

Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва

вилоятњоро бо њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо таъмин менамояд.

14. Раёсати ташкили андозбандї, Нозироти

андози андозсупорандагони калон, Раёсати андоз

дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва

вилоятњо вазифадоранд андозсупорандагонеро, ки

њамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда

баќайд гирифта шудаанд ва Шањодатнома барои

баќайдгири оид ба супорандаи андоз аз арзиши

иловашуда гирифтаанд, сари ваќт ва бо андозаи

Page 7: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

7

кофї бо вараќањои њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо таъмин намоянд.

Вараќањои њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо (минбаъд- вараќањо) ба

воњидњои поёнии њудудии андоз ва

андозсупорандагон тибќи як барнома тањвил карда

мешавад. Андозсупорандагон њисобнома-

фактурањоро аз маќомоти мањаллии ќайди худ

дастрас менамоянд.

15. Њангоми бори аввал харидани вараќањо

андозсупоранда вазифадор аст, ба маќомоти андози

тањвилкунандаи вараќањо аз рўи шакли дар Замимаи

5 омада ариза, боваринома, нусхаи расид оиди

пардохти маблаѓи арзиши вараќањо, нусхаи

Шањодатнома барои баќайдгири оид ба супорандаи

андоз аз арзиши иловашуда, нусхаи Иќтибос аз

фењристи ягонаи давлатии шахси њуќуќї, нусхаи

Шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатї ва

нусхаи њисоботи њармоњаро дар бораи сарф ва

баќияи вараќањои њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњои (Замимаи 8)

харидашуда ва инчунин дар њолати зарурї

њуљљатњои тасдиќкунанда оиди фаъолияти

андозсупоранда (амалиёти мазкур) пешнињод

намояд.

Page 8: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

8

16. Маќомоти андоз њуљљатњои лозимаро тибќи

ќисми 15 њамин Дастурамал ќабул намуда вазифадор

аст, онро дар муњлати 1 рўзи корї пас аз ќабул

баррасї намуда ба андозсупоранда њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва

аксизњоро супорад.

17. Дубора ва минбаъд ба андозсупоранда

додани вараќањо танњо бо шарти пешнињоди

њисоботи њармоњаи вараќањои харидашуда тибќи

Замимаи 8 њамин Дастурамал ариза, боваринома,

нусхаи расид оиди пардохти маблаѓи вараќањо аз

тарафи андозсупоранда худи њамон рўз ба амал

бароварда мешавад. Дар њолате, ки агар ба

андозсупоранда зарурати такроран хариди вараќањо

то анљоми моњи њисоботї ба миён ояд, додани

вараќањо бе пешнињоди њисобот амалї карда шуда,

њамзамон андозсупоранда уњдадор аст, то

пешнињоди эъломияи андоз аз арзиши иловашуда,

нусхаи вараќањои навишташударо пешнињод намояд.

18. Андозсупоранда вазифадор аст, њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњои

харидаашро дар “Китоби баќайдгирии њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњои

гирифтаи андозсупоранда” ба ќайд гирифта,

бањисобгирии ќатъи ва нигохдории онњоро таъмин

намояд. Навиштани вараќањои њисобнома-

Page 9: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

9

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо

бояд аз тарафи андозсупорандагон бо тартиби

муайян аз силсила ва раќами аввали дастаи

њисобнома-фактурањои гирифта сар карда, бо

силсила ва раќами баъдї, афзоиш ёбад. Њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњои

тањияшуда (навишташуда) дар “Китоби баќайдгирии

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњои навишташудаи андозсупоранда” ба ќайд

гирифта мешавад.

19. Оиди вараќањои њисобнома-фактурањои

андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњои

вайроншуда, андозсупоранда бояд дар “Њисобот дар

бораи сарф ва баќияи њисобнома-фактурањои андоз

аз арзиши иловашуда ва аксизњо” тибќи Замимаи 8

ба њамин Дастурамал њисобот барад ва њар 4 нусхаи

онро ба њисоботи мазкур замима карда ба маќомоти

андози мањаллї ќайд супорид.

20. Дар сурати аз тарафи муассисањои нашриявї

дар ваќти нашри вараќањои њисобнома-фактурањои

андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо содир

шудани хатогї (дар яке аз нусхањои вараќањо чоп

нашудани силсила ва њисобњои раќамї, ё такрор

шудани силсила ва њисобњои раќамї дар яке аз

нусхањои дигар вараќањо, инчунин, дар яке аз

нусхањои вараќањо чоп нашуда холи баромадани яке

Page 10: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

10

аз нусхањо ва (ё) дигар њолатњо ботартиб додани

санад дар ин бора дар якљоягї бо маќоми њудудии

андоз ва андозсупоранда, њамаи 4 нусхаи ҳисобнома-

фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизхо

вайроншуда њисоб карда шуда ба њисобот замима

гардида ба маќоми андози мањаллї супорида

мешавад.

21. Дар њолати гум кардани вараќањои

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњо андозсупоранда тибќи тартиби

муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба љавобгарї кашида

мешавад.

22. Дар њолати гум кардани вараќањои

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњо андозсупоранда, вазифадор аст аз њисоби

маблаѓњои худ дар муњлати 10 рўзи таќвимї аз рўзи

муайян гардидани гумшудан дар расонањои

иттилоотї силсилањои матбаавї ва раќамњои

гумшудаи вараќањои њисобнома-фактурањои андоз

аз арзиши иловашуда ва аксизњоро эълон кунад,

инчунин бо ариза ба маќоми њудудии андоз

мурољиат намояд. Њамзамон маќоми њудудии андоз

њуљљатњои тасдиќкунандаро оиди гум кардани

вараќањои њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо аз андозсупоранда гирифта,

тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї ўро ба

Page 11: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

11

љавобгарї кашида, баъдан њамаи њуљљатњоро ба

Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии

Тољикистон барои аз эътибор соќит намудан

пешнињод менамояд.

23. Њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњои силсилањои

истифоданашудае, ки мувофиќи Фармоиши Раиси

Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии

Тољикистон истифодабарии онњо манъ карда

мешавад, аз љониби андозсупорандагон ба маќоми

андози мањалли ќайди худ баргардонида мешавад.

Њамзамон маќомоти андоз ин њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва

аксизњоро ба Кумитаи андози назди Њукумати

Љумњурии Тољикистон тибќи санад ва борхат барои

аз эътибор соќит намудан пешнињод менамояд.

24. Дар мавриди бекор кардани баќайдгирї

барои маќсадњои андоз аз арзиши иловашуда,

барњам додани шахси њуќуќї (ќатъ гардидани

фаъолияти муассисаи доимии ѓайрирезидент),

инчунин, андозсупорандаи бемасъулият

эътирофгардида, ки супорандаи андоз аз арзиши

иловашуда мебошад, вараќањои истифоданашудаи

ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва

аксизхо бо тартиб додани санад дар якљоягї бо

маќоми андози њудудии ва андозсупоранда,

Page 12: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

12

мувофиќи борхат ва санади тартибдодашуда ба

Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии

Тољикистон тибќи барнома барои аз эътибор соќит

намудан баргардонида мешавад.

25. Барои аз эътибор соќит намудани

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњои дар бандњои 23 ва 24 њамин Дастурамал

омада дар назди Кумитаи андози назди Њукумати

Љумњурии Тољикистон комиссия ташкил карда шуда,

њисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва

аксизхо бо роњи сўзондан ё реза кардан аз эътибор

соќит карда мешавад.

3. ШАКЛИ ЊИСОБНОМА-ФАКТУРАЊОИ

АНДОЗ АЗ АРЗИШИ

ИЛОВАШУДА ВА АКСИЗЊО

26. Вараќањои њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо њамчун вараќањои

њисоботашон ќатъї дар андозаи А 4 омода карда

мешаванд.

27. Њамаи нусхањои “як дастаи” вараќањо

њисобнома-фактурањо бояд дорои тартиби якхелаи

раќамњо (силсилаи якхела ва раќами ададї), дараљаи

њифозат аз сохтакорї метавонад рангњои мухталиф

дошта бошад. Дар вараќањои њисобнома-фактурањои

Page 13: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

13

андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо корхонаи

матбаавї, ки супориш барои тањия (навиштан)

намудани вараќањоро иљро менамояд ба тариќи

матбаавї, силсила ва њисобњои раќамиро њамчун

вараќањои њисоботии ќатъи мегузорад. Силсилањо ва

раќамњо бояд ба андозаи 20 мм, њуруфи «Timez New

Roman» бо ранги сурх иљро гардад.

28. Силсила аз рамзи дураќамаи њарфи иборат

мебошад, ки бо њарфњои калони алифбои тољикї аз

њарфи “А” шурўъ гардида, маънои силсилаи

њисобнома-фактурањоро дорад ва бо таври афзоянда

то охири њарфњои калони алифбои тољикї давом

дода мешавад.

29. Њар як силсилаи раќамии матбаавии дастаи

вараќањо аз раќами 000001 то 999999 оѓоз мегардад.

30. Дараљаи њифозат аз сохтакорї, заминаи

рангаи нусхањои вараќањо ва ќоидањои муайяннамои

онњо аз тарафи Кумитаи андози назди Њукумати

Љумњурии Тољикистон дар мувофиќа бо муассисањои

нашриявї тайёркунандаи вараќањои њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо,

дар њуљљатњои алоњида барои истифодаи хизматї

муайян мегарданд.

31. Тартиби пур кардани вараќањои њисобнома-

фактурањоро бо намуди электронї нозироти андози

мањалли баќайдгирии андозсупоранда дар

Page 14: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

14

барандањои электронии андозсупорандањо пешнињод

менамояд.

32. Шахсоне, ки ба тайёркунї, нашр ё фурўхтани

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњои сохтакоришуда, њамчунин барои

фурўши ѓайриќонунии вараќањои њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњои

аслии аз маќомоти андоз гирифта ё рабуда машѓул

мешаванд, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии

Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.

33. Барои нигохдорї, њисоботдињї ва њифзи

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњо њамчун вараќањои њисоботашон ќатъї

тибќи тартиботи муќарраргардида, роњбари

муассиса ва ё дигар шахси ваколатдори он масъул

мебошад.

4. МУЌАРРАРОТИ МАХСУС БАРОИ

ИСТИФОДАИ ЊИСОБНОМА-

ФАКТУРАЊОИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ

ИЛОВАШУДА ВА АКСИЗЊО

34. Андозсупоранда ўњдадор аст на дертар аз

санаи амалї шудани амалиёти андозбандишаванда

(тањвили молњо, иљрои корњо, хизматрасонињо)

њисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва

Page 15: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

15

аксизњоро ба харидори мол (фармоишгари корњо,

хизматрасонињо) пешнињод намояд.

35. Њисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо бо имзои роњбар ва

сармуњосиби тањвилгар ё дигар шахсони мансабдори

барои ин кор ваколатдори тањвилдињанда имзо

карда шуда, бо мўњр тасдиќ карда мешавад.

36. Њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо танњо њангоми иљрои

амалиётњои андозбандишаванда пешнињод карда

мешаванд. Агар тањвили молњо, иљрои корњо ва (ё)

хизматрасонињо мувофиќи муќаррароти моддаи 169

Кодекси андоз аз андоз аз арзиши иловашуда озод

бошанд, њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо пешнињод карда намешаванд.

37. Дар њолатњои зерин тартиб додани

њисобнома-фактурањо талаб карда намешавад:

а) њисоббаробаркунї барои хизматрасонињои

коммуналї, хизматрасонињои алоќа ба ањолї

тавассути бонкњо бо истифодаи њуљљатњои ибтидої,

ки барои пешбурди њисоботи муњосибї асос

мебошанд;

б) бо чиптаи роњкиро ба расмият даровардани

њамлу наќли мусофирон;

в) њангоми тањвили молњое (иљрои корњо,

хизматрасонињое), ки аз андоз аз арзиши иловашуда

Page 16: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

16

озод мебошанд.

38. Њаљми амалиёти андозбандишаванда дар

њисобнома-фактура оид ба њар як номгўи молњо

(корњо, хизматрасонињо) алоњида нишон дода

мешавад. Агар дар љои муайянгардидаи вараќаи

њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизњо имконияти љойгир намудани номгўи

њамаи молњои (корњо, хизматрасонињо) дар доираи

як амалиёти тањвилшаванда набошад, он гоњ

иљозати дар њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо дар њаљми умумии амалиёти

пулї, бо замимањо ба њамин њисобнома-фактурањои

андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо тањвили

молњои (корњо, хизматрасонињо)

андозбандишаванда ба шакли дар Замимаи 2 њамин

Дастурамал овардашуда амалї карда мешавад. Дар

ин маврид дар њисобнома-фактурањо бояд раќам,

сана ва миќдори вараќањои фењристи

пешнињодшаванда нишон дода шавад. Дар ин

њолатњо фењристњои мазкур дар чор нусха навишта

ва њамроњи нусхаи асли њисобнома-фактурањои

андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо замима

пешнињод мегардад. Фењристњои молњои (корњо,

хизматрасонињо) тањвилшудаи андозбандишаванда,

ки ба њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо замима мегардад вараќањои

Page 17: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

17

њисоботии ќатъї мањсуб наёфта, аз тарафи

андозсупорандагон мустаќилона аз рўи шакли

тасдиќгардида тайёр карда мешаванд.

39. Фењристњои молњои (корњо, хизматрасонињо)

тањвилшудаи андозбандишавандаи иљрогардида,

вараќањои њисобнома-фактурањоро иваз карда

наметавонанд ва бе њисобнома-фактурањои андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизњо барои муайян

намудани ўњдадорињои андозсупорандагон асос

шуда наметавонанд.

40. Њисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо аз рўи амалиёти содиротї

бояд дорои чунин маълумотњо бошад:

а) сабт дар бораи он, ки њисобнома-фактура ба

амалиёти содиротї тааллуќ дорад;

б) мамлакат ва нуќтаи таъиноти содирот;

в) меъёри татбиќшудаи андоз аз арзиши

иловашуда ба амалиёти содиротї.

41. Њисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизњо, ки ба раќам ва таърихи

феҳристи пешниҳодшуда ишора мекунад дар

њолатњои зерин беэътибор дониста мешавад:

а) пешниҳод нагардидани феҳристи ишорашуда;

б) феҳристи мувофиқи шакл таҳия нашуда;

Page 18: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

18

в) феҳрист, маълумоти барои пур намудан

ҳатмиро доро набошад;

г) дар феҳрист имзо ва (ё) мӯҳри роҳбар ва

сармуҳосиб мавҷуд набошад.

42. Андозсупорандагоне, ки таҳвили чаканаи

молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳоро ба

харидороне, ки супорандагони андоз аз арзиши

иловашуда намебошанд, амалї менамоянд дар

ивази ҳисобнома-фактураҳо аз рӯи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизҳо метавонанд, ҳуҷҷати пардохт

ё ҳисобнома-фактураҳои соддакардашудаи аз рӯи

андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ё чекҳои

мошинахои назоратию хазинавии дорої хотираи

фискалиро диханд.

43. Дар ин ҳолатҳо дар чеки мошинахои

назоратию хазинавии дорої хотираи фискалї бояд

маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва (ё) андози

аксиз дар сатри алоҳида чудо карда шавад.

44. Шакли соддакардашудаи њисобнома-

фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо

расиди бонки, фармоишоти даромади хазинавӣ,

пойгири (корешоки) фармоишоти даромади

хазинавӣ ва ҳамагуна ҳуҷҷатҳои намунавие, ки

Page 19: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

19

пардохти маблағро аз тарафи харидори мол (кор,

хизматрасонї)- супорандаи андоз аз арзиши

иловашуда набуда тасдиќ менамояд, мебошанд.

Муќаррароти мазкур бо шарте татбиқ мегардад, ки

андозсупоранда баҳисобгирии вараќањои хуљљатҳои

мазкурро дар ҳуҷҷатхои ҳисоботии худ бо таври

афзоянда ба роҳ монда дар онхо дар сатри алоҳида

маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва (ё) аксизҳои

барои пардохт пешниҳод шударо, нишон дода

бошад.

45. Дар мавриди тасҳеҳи амалиётҳои

андозбандишаванда, бо сабаби бекор ё таѓйир

ёфтани хусусияти амалиёти

андозбандишаванда,таѓйир ёфтани љуброни

мувофиқашуда барои амалиёти њам аз сабаби

пастшавии нарх ва ҳам ҳама гуна сабабҳои дигар,

пурра ё ќисман баргардонидани молҳо ба

андозсупоранда, корҳо ё хизматрасониҳои қабул

нашаванда, андозсупоранда бояд ҳисобнома-

фактураҳои иловагиро аз рӯи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизҳо тартиб диҳад.

46. Њангоми тасњењи њаљми амалиёти

Page 20: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

20

андозбандишаванда њисобнома-фактураи иловагї

тартиб дода шуда, дар он нишондињандањои зерин

сабт мешаванд:

а) раќами тартибї ва санаи тањияи њисобнома-

фактураи иловагї;

б) раќами тартибї ва санаи тањияи њисобнома-

фактурае, ки нисбати он њисобнома-фактураи

иловагї тартиб дода мешавад (тааллуќ дорад);

в) ном, суроѓа ва раќами мушаххаси

андозсупоранда-тањвилкунанда ва ќабулкунандаи

молњо (корњо, хизматрасонињо);

г) њаљми тасњењи амалиёти андозбандишаванда

бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда;

д) маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда.

47. Њисобнома-фактураи иловагї аз љониби

тањвилкунандаи молњо (корњо, хизматрасонињо)

тањия шуда аз љониби ќабулкунандаи чунин молњо

(корњо, хизматрасонињо) тасдиќ мешавад.

48. Ҳангоми аз ҷониби андозсупорандагон ба

расмиятдарории амалиёти содиротї ҳисобнома-

Page 21: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

21

фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо бо

шакли амалкунандаи дар Замимаи 1 ҳамин

Дастурамал омада бо нишон додани маълумотҳои

асоси ва иловагї: сабт дар бораи он, ки ҳисобнома-

фактура ба амалиёти содиротї тааллук дорад,

нишон додани кишвар ва маҳалли таъиноти

содиротї ва меъёри истифодашавандаи андоз аз

арзиши иловашуда барои амалиёти содиротї.

49. Фармоиш барои тайёр намудани варакањои

ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда

ва аксизҳо ҳамчун варакањои ҳисоботашон катъї аз

тарафи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии

Тољикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои

меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон бо тариқи

пешниҳоди дархости Кумитаи андози назди

Њукумати Љумњурии Тољикистон ба муассисаҳои

нашриявї, татбиқ мегардад.

50. Варақаҳои ҳисобнома- фактураи андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизхо дар муассисаҳои

нашриявї, ки иҷозатномаи (литсензия) дахлдорро

барои тайёр намудани варақаҳои ҳисоботашон

қатъӣ доранд, тайёр карда мешавад.

Page 22: ДАСТУРАМАЛ AAI.pdf5 шаванд. Тартиби пур намудани њисобнома-фактурањо дар пушти вараќаи њисобнома-фактурањои

22

51. Вараќахои хисобнома-фактураи андоз аз

арзиши иловашуда ва аксизхо бояд унсурњои

ҳифозатиро аз сохтакорї дошта бошанд.

52. Агар хисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизҳо нишонаҳои тартиби ҳатмии

дар Замимаи 1 ҳамин Дастурамал омадаро доро

набошанд, чунин ҳисобнома-фактура беэътибор

дониста мешавад.

53. Дар ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизҳо набояд ҳеҷ ислоҳ ва доѓ

бошад.

54. Ба шахсони ғайр, ки њамчун супорандаи

андоз аз арзиши иловашуда баќайд гирифта

нашудаанд ва Шањодатнома барои баќайдгирї оид

ба супорандаи андоз аз арзиши иловашуда

нагирифтаанд додани вараќањои истифоданашудаи

(холии) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши

иловашуда ва аксизҳо манъ аст. Дар мавриди ошкор

гардидани чунин ҳолатҳо ҳисобнома-фактураҳо бе

эътибор дониста мешаванд ва аз рӯи чунин далелҳо

чораҳои дахлдори таъсиррасонї тибки

қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон истифода

мешавад.