9 10 2016 qxp имруз layout 1

4
Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон! Хафтаномаи чамъиятию сиёси Имруз № 9-10 (319-320) аз 15 июни соли 2016 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62 www:7imruz.wordpress.com Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара баргузор гар- дид. Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гу- зашта дар маҷмааи фарҳангию таъри- хии Қалъаи Хуҷанд дар доираи Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят фарҳангиёни Исфара тибқи низомно- маи тасдиқшуда барномаҳои фарҳангии худро пешниҳоди сокинони маркази вилоят гардониданд. Дар даромадгоҳи маҷмаа аз ҷониби намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, ҳунармандону соҳибкорон ва кишовар- зону қаннодон намоиши ҳунарҳои халқӣ ороста шуда, иштирокдорони чорабинӣ ва сокинону меҳмонони мар- кази вилоят бо анъанаҳои мардумии Исфара ошно гаштанд. Дар намоишгоҳ маҳсули ҳунарҳои халқӣ,аз қабили кашидадӯзиву дуредгарӣ, дастгоҳи бо- фандагию зарфҳои рӯзгор, зардӯзиву кандакорӣ, дастранҷи кишоварзону кордсозон , техникони ҷавон ва дӯстдорони табиат ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аҳли базмгоҳ ҳамчунин имкон доштанд аз маҳсули дастони пазандагон ва қаннодони моҳири Исфара чашида бошанд. Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дил- шод Чабборӣ бо ҳамроҳии раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва ҳайати ҳакамони чорабинӣ нахуст аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва намоиши дастранҷи ҳунармандон дидан намуда бо намояндагони шаҳри Исфара сӯҳбатҳои самимӣ анҷом до- данд. Боздиди ҳайати ҳакамон ва меҳмонони чорабинӣ аз Хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар он ҷо ис- фарагиён бо оростани «Хонаи арӯс» ва намоиши анъанаҳои хоси маҳал меҳмононро пазироӣ менамуданд, басо ҷолибу хотирмон буд. Баъдан аҳли ҳунари Исфара барно- маи рангини фарҳангиро иборат аз су- руду таронаҳои саршори шукронаи фазои осудаву ором ва васфкунандаи Ватани маҳбуб манзури тамошобинони сершумор гардониданд. Ширкатдорони чорабинӣ то дергоҳ аз ҳунари волои ромишгарони мумтоз, ворисони сазо- вори устодони шуҳратёр Зебопарию Умар Ҳофиз ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Мирзоқурбони Солеҳ ҳаловат бурданд. Рӯзҳои фарҳанги Исфара дар Хуҷанд Сулҳу суботе, ки дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шахсе ё гурӯҳе имрӯз аҳамияти ин дастовардро, ки бо майлу ирода ва пуштибонии халқ насиби мо шудааст, нодида гирифта, паҳлӯҳои гуногуни ин раванди таъри- хиро таҳти шубҳа қарор медиҳад, нотавонбин ва ношукр аст. Ба назар чунин мерасад, ки ин гуна ашхос даҳшату фоҷиаи он солҳои нооромро аллакай аз хотир баровардаанд. Фаромӯш кардаанд, ки чанд сол қабл аз ин на танҳо аз баёни ошкорои фикри худ, ҳатто аз гаштугузор дар кӯча ва нишастан дар хонаҳои хеш тарсу ҳарос доштанд. Аз ин рӯ, аз сулҳу суботе, ки ҳоло ҳукмфармо гардидааст, бояд шукрона кард. Эмомалӣ РАҲМОН. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД ви- лояти Суғд Нодира Мирзозода бо фаъолза- нони шаҳру деҳоти Исфара баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзул- лоева бо баробари хайрамақдам гуфтани меҳмонон, аз мавқею мақом ва манзалати занону духтарони Исфара, нақши назар- раси онҳо дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҳарф зад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки қариб нисфи аҳолии шаҳрро занон ташкил дода, шумо- раи онҳо дар ҳама зинаҳои идоракунии давлатӣ меафзояд. Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода бо- бати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгу- зори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон оид ба андешидани чораҳо дар самти боло бурдани сатҳи маъ- рифатнокии занон, тарбияи дурусти фар- зандон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, иф- ротгароии ҷавонон ва истифодаи нерӯи занон дар ин самт суханронӣ намуд. Минбаъд омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 Орзухон Юсу- фова, сарвари мактаб-интернати шаҳр Умияхон Маҳмудова, донишҷӯи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Маҳлиё Парпиева ва чанде дигарон дар иртибот ба масъалаҳои маъ- рифати оиладорӣ, ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон, риояи меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъ- улияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»ва амсоли ин ибрози ақида наму- данд. Нишасти фаъолзанон 9-10- 2016.qxp имруз_Layout 1 14.06.2016 16:17 Страница 1

description

 

Transcript of 9 10 2016 qxp имруз layout 1

Page 1: 9 10 2016 qxp имруз layout 1

Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

Имруз№ 9-10 (319-320) аз 15 июни соли 2016 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62

www:7imruz.wordpress.com

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдатимиллӣ ва 25 солагииИстиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон дармаркази вилоят - шаҳриХуҷанд Рӯзи фарҳангишаҳри Исфара баргузор гар-дид.

Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гу-зашта дар маҷмааи фарҳангию таъри-хии Қалъаи Хуҷанд дар доираи Рӯзҳоифарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоятфарҳангиёни Исфара тибқи низомно-маи тасдиқшуда барномаҳоифарҳангии худро пешниҳоди сокинонимаркази вилоят гардониданд.

Дар даромадгоҳи маҷмаа аз ҷонибинамояндагони ҷамоатҳои шаҳракудеҳот, корхонаву ташкилотҳо,

муассисаҳои таълимиву тандурустӣ,ҳунармандону соҳибкорон ва кишовар-зону қаннодон намоиши ҳунарҳоихалқӣ ороста шуда, иштирокдороничорабинӣ ва сокинону меҳмонони мар-кази вилоят бо анъанаҳои мардумииИсфара ошно гаштанд. Дар намоишгоҳмаҳсули ҳунарҳои халқӣ,аз қабили

кашидадӯзиву дуредгарӣ, дастгоҳи бо-фандагию зарфҳои рӯзгор, зардӯзивукандакорӣ, дастранҷи кишоварзонукордсозон , техникони ҷавон вадӯстдорони табиат ба маърази тамошогузошта шуданд. Аҳли базмгоҳҳамчунин имкон доштанд аз маҳсулидастони пазандагон ва қаннодонимоҳири Исфара чашида бошанд.

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дил-шод Чабборӣ бо ҳамроҳии раиси шаҳриХуҷанд Шарифзода Шариф Файз ваҳайати ҳакамони чорабинӣ нахуст азосорхонаи таърихии вилояти Суғд ванамоиши дастранҷи ҳунармандондидан намуда бо намояндагони шаҳриИсфара сӯҳбатҳои самимӣ анҷом до-данд. Боздиди ҳайати ҳакамон вамеҳмонони чорабинӣ аз Хона-музейиШайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар он ҷо ис-фарагиён бо оростани «Хонаи арӯс» ванамоиши анъанаҳои хоси маҳалмеҳмононро пазироӣ менамуданд, басоҷолибу хотирмон буд.

Баъдан аҳли ҳунари Исфара барно-маи рангини фарҳангиро иборат аз су-руду таронаҳои саршори шукронаифазои осудаву ором ва васфкунандаиВатани маҳбуб манзури тамошобинонисершумор гардониданд. Ширкатдороничорабинӣ то дергоҳ аз ҳунари волоиромишгарони мумтоз, ворисони сазо-вори устодони шуҳратёр ЗебопариюУмар Ҳофиз ва Ҳунарпешаи шоистаиТоҷикистон шодравон МирзоқурбониСолеҳ ҳаловат бурданд.

Рӯзҳои фарҳанги Исфара дар Хуҷанд

Сулҳу суботе, ки дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрорисулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастовардибузург ва муқаддаси миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шахсе ё гурӯҳеимрӯз аҳамияти ин дастовардро, ки бо майлу ирода ва пуштибонии халқнасиби мо шудааст, нодида гирифта, паҳлӯҳои гуногуни ин раванди таъри-хиро таҳти шубҳа қарор медиҳад, нотавонбин ва ношукр аст. Ба назар чунинмерасад, ки ин гуна ашхос даҳшату фоҷиаи он солҳои нооромро аллакайаз хотир баровардаанд. Фаромӯш кардаанд, ки чанд сол қабл аз ин на танҳоаз баёни ошкорои фикри худ, ҳатто аз гаштугузор дар кӯча ва нишастан дархонаҳои хеш тарсу ҳарос доштанд. Аз ин рӯ, аз сулҳу суботе, ки ҳолоҳукмфармо гардидааст, бояд шукрона кард. Эмомалӣ РАҲМОН.

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раисикумитаи кор бо занон ва оилаи наздиҲукумати ҶТ Идигул Қосимзода ва сардорираёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД ви-лояти Суғд Нодира Мирзозода бо фаъолза-нони шаҳру деҳоти Исфара баргузоргардид.

Муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзул-лоева бо баробари хайрамақдам гуфтанимеҳмонон, аз мавқею мақом ва манзалатизанону духтарони Исфара, нақши назар-раси онҳо дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятивусиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҳарфзад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки қариб нисфиаҳолии шаҳрро занон ташкил дода, шумо-раи онҳо дар ҳама зинаҳои идоракуниидавлатӣ меафзояд.

Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаиназди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода бо-бати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгу-зори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон оид ба андешиданичораҳо дар самти боло бурдани сатҳи маъ-рифатнокии занон, тарбияи дурусти фар-зандон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихоримиллӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, иф-ротгароии ҷавонон ва истифодаи нерӯизанон дар ин самт суханронӣ намуд.

Минбаъд омӯзгори муассисаи таҳсилотимиёнаи умумии рақами 32 Орзухон Юсу-фова, сарвари мактаб-интернати шаҳрУмияхон Маҳмудова, донишҷӯи филиалиДонишгоҳи технологии Тоҷикистон даршаҳри Исфара Маҳлиё Парпиева ва чандедигарон дар иртибот ба масъалаҳои маъ-рифати оиладорӣ, ба ҳаёти мустақилонаомода намудани духтарон, риояимеъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъ-улияти падару модар дар таълиму тарбияифарзанд»ва амсоли ин ибрози ақида наму-данд.

Нишастифаъолзанон

9-10- 2016.qxp имруз_Layout 1 14.06.2016 16:17 Страница 1

Page 2: 9 10 2016 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № 9-10 (319-320) аз 15 июни соли 2016 email: [email protected] Ca[ифаи 2.

Дар муассисаи таҳсилотииловагии №1-и шаҳр байнисарварони созмони талаба-гии муассисаҳои миёнаи уму-мии шаҳру деҳоти Исфараозмуни “Роҳбари созмони та-лабагии сол” баргузор гар-дид.

Дар ин озмун 22муассисаҳо ширкат варзи-данд. Иштирокдорони озмуноиди фаъолияти кори эҷодӣ,тарғиб ва паҳн карданигӯшаи рӯзномаҳо, инчуниноиди рушди меҳнатироҳбарии созмон баромад

намуданд. Озмуни созмониталабагии соли 2016-и шаҳрӣбо ташаббус ва саҳми дирек-тори таълимгоҳи муассисаитаҳсилоти иловагӣ НигинаОтаҷонова, мушовири соз-мони талабагӣ МадинаҒиёсиддинова ва корман-дони он Абдурашид Махсу-мов ва Абдумуталиб Ғаниевташкил гардидааст.

Ба ҷойи аввал сарварисозмони талабагӣ МТМУ

№50 Рухшона Ниёзова сазо-вор дониста шуд.

Рухшона Ниёзова, ба оз-муни вилоятӣ, ки моҳҳоимай-июн дар гимназияи №2-и ноҳияи Б. Ғафуров барпомегардад, роҳхат гирифт.

Дар охир иштирокдорониозмун бо ифтихорномаи соз-мони талабагии шаҳрӣ ватӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣкарда шудаанд.

Роҳхат ба озмуни вилоятӣ

Кӯдакистон-ширхоргоҳи№4 дар назди литсейи №6-и шаҳр ҷойгир аст. Дар инкӯдакистон 85 нафар тар-биятгирандагон бо тарбиявутаълим нағз фаро гирифташудаанд. 3-гурӯҳ яъне гурӯҳихурд, миёна, омодагӣ ба мак-табро ташкил медиҳад.Вақте, ки ба саҳни ҳавлӣ вадохили кӯдакистон дарома-дан дили кас хеле шод ме-шавад.

Кӯдакистон ҳамеша озодааст. Саҳни ҳавлиро гулҳоирангоранги баҳорӣ оромедиҳад. Имрӯз мудириикӯдакистонро бонуикушодчеҳра, меҳнатқарин,Мунирахон Шарофова барӯҳда дорад. Дар ҳамаигурӯҳҳо гӯшаҳои ҳисоб, та-биат, китоб таълими савод,бозиҳои шавқовар, расм-манзараҳои кашидаи

кӯдакон ҷой дода шуда, хелехуб ҷиҳозонида шудааст.Бачаҳо расмҳоизамбӯруғҳоро хеле ҷолиб ка-шидаанд. Дар ин кӯдакистонмураббияҳои фаъолҲабибахон Салимова, Муби-нахон Почоева, ёрдамчиёнимураббия Маҳбуба Соби-това, Моҳира Бобоеваҳамшираи шавқат НисохонҲафизова сарошпаз-Гу-лафзо Болтаева намунаи иб-ратанд.

Ба кӯдакон ҳамешатаомҳои ширину болаззатпухта мешавад. Ба қарибӣдар ин кӯдакистон семинар-машварат оиди гузарони-дани машғулиятҳоибарномаи хушҳолии варзишӣбаргузор гардид. Дар кори

семинар-машаварат муди-рони кӯдакистонҳои шаҳруҷамоатҳо иштирок доштанд.

Ба барномаи тайёркардаипагоҳирӯзии кӯдакон “Офа-рин”-хушҳолии варзиш баҳоихуб дода, маслиҳатҳоиметодӣ иброз намуданд.

Ҳамеша мураббияҳои дил-хушу соҳибзавқ ба кӯдаконшеъру сурудхонӣ ва дони-стани ҳарфҳои “Алифбо” ёдмедиҳанд.

Аввал кӯдак аз боғча тар-бият мегирад ва баъд бамактаб раҳсипор мешавад.Кӯдакон ҳамашон ояндаиҳар яки моанд. Кӯдак ҳастуоила ҳам вуҷуд дорад.

А. САТТоРоВ.

Бигузор ҳамеша шод бошанд

Абдувоҳидова Бивихонсоли 1977 дар оилаи деҳқонтаваллуд ёфтааст. Баъдихатми МТМУ №31 соли 1995ба шӯъбаи маорифи халқишаҳр ба ҳайси котиба-коргу-зор ба фаъолият пардохта-аст. Соли 1977 дар МТМУ№12 ба ҳайси муаллимаисинфҳои ибтидоӣ ба кормашғул шуда, дар як вақтдар шӯъбаи ғоибонаи

омӯзишгоҳи омӯзгории баноми М. Турсунзодаи ш. Ко-нибодом таҳсил намудааст.Соли 2002 омӯзишгоҳрохатм намуда, пас ба Дониш-кадаи педагогии ш. БодкониҶумҳурии Қирғизистон башӯъбаи методии русӣ дохилшуда, соли 2015 бомуваффақият хатм наму-даст. Аз соли хониши 2015-16 дар мактаби МТМУ №1 ба

номи А. С. Пушкин ҳамчунмуаллима-методист дарсинфҳои таҳсил бо забонирусӣ кор мекунад. Оиладорсоҳиби се фарзанд.

Бивихон Абдувоҳидова

Тошматов Идрисхон03.08.2008 ба дунё омад вааз кӯдакӣ бо истеъдодисурудхонӣ ва эҷод намуданишеъру оҳангҳо рағбатикалон дошт. Ин аст, ки дарчорабинии деҳаи ҷамоатиСурх дар рафти иди Наврӯз,ки бо иштироки ҳаваскоронишаҳри Душанбе, аз ҷумлаНигина Амонқулова доир

шуд, дар вақти сурудхонӣ инкудак аз меҳри зиёди ба инҳофиза доштан худ воридисаҳна гардида, ҳамроҳ бо инҳофиза сурудхонӣ намуд. Азин рафтори кӯдак ҳамагон базавқ омада, бо қарсакҳо худдастгирӣ намуданд.

Тошматов Идрисхон соли2014-2015 дар мактабитаҳсилоти миёнаи умумии№56 ҷамоати деҳаи Сурхдар синфи махсуситомактабӣ таҳсил кард, баъ-дан дар соли 2015-16 ба мак-таби таҳсилоти миёнаиумумии №1 ба номи Пуш-кини шаҳри Исфара дохилгашта, бо баҳои фақат аъло

таҳсил намуда истодааст. Тошматов Идрисхон

давомдиҳанда ва пайвандишоири халқӣ АбдурауфНеъматӣ мебошад.

Дар ин муддати на онқадар тӯлонӣ Идрисхон Тош-матов бо мукофотҳо,нишонаҳо, Сипоснома ваИфтихорнома мукофотонидашудааст. Борҳо тавассутителевизионҳои шаҳри Ис-фара, вилояти Суғд ва ра-диои “Диёр” сурудҳояшпешкаши мухлисон кардашудааст.

Оянда ният дорад, дарҷодаи санъат ва ҳофизӣ бақуллаҳои баланд расад.

Идрисхон Тошматов

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи ва-

зифавиихизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю

ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии

аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии

Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои

суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъ-

мини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 июли соли 2016:

- ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ

60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти

умумӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ

маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди

меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20

фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, фарҳанг ва

кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ

маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди

меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба ан-

дозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мувофиқан

ба шумораи умумии хонандагон ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои

таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;

- музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди

меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот ба-

робар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби

Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши

заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба

маблағи 230 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, хона-

интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои

собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва дигар гурӯҳҳои ба онҳо баробаркар-

дашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 25 фоиз

зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳаҳои воқеии

иқтисодиёт, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз

зиёд карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизмат-

чиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми

хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти

давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 470 сомонӣ ва

барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии

мақомоти зикргардида ба андозаи 520 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи

давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби

Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ

ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар

мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши заминавӣ ҷиҳати ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии

хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ

то лейтенант ба андозаи 520 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали

артиш ба андозаи 470 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи

касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои

дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шаванд;

- андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи

заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

- нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд ба андозаи

30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда шаванд;

- андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фар-

занд ва зиёда аз он таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намуда-

анд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II

ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

таъйин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда

шавад;

- қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз индексатсия карда

шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти

давлатӣ:

- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои

дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти

нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷроиши барзиёди даромади

буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сар-

фаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои

буҷетӣ таъмин намоянд;

- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро бо Фармони мазкур мутобиқ намоянд;

- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ

дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое,

ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи

Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ,

кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва

дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудаанд, амалӣ

намоянд.

ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе, 6 июни соли 2016, №697.

9-10- 2016.qxp имруз_Layout 1 14.06.2016 16:17 Страница 2

Page 3: 9 10 2016 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № № 9-10 (319-320) аз 15 июни соли 2016 email: [email protected] Ca[ифаи 3.

Худованди меҳрубон дар ояти 183сураи «Бақара» мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед,рӯза доштан бар шумо муқарраршуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пешаз шумо будаанд, муқаррар шудабуд, то парҳезгор шавед».

Ояти мазкур далели фарз буданирӯзаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дарниҳояти ин оят Худованд яке азҳикмату фоидаи рӯзаро баён мена-мояд:«Шумо ба сабаби рӯза доштаназ аҳли тақво ва аз зумраипарҳезгорон мешавед».

Бояд ёдовар шавем, ки ибодатҳо сенавъ мебошанд: 1. Баданӣ, мисли на-мозу рӯза; 2. Молӣ, мисли закот; 3.Молию баданӣ, мисли ҳаҷ. Бинобар ин,Худованд зимни ҳадиси қудсӣ мефар-мояд:

«Тамоми амали одам барои худиӯст, магар рӯза, зеро рӯза бароиМан аст ва Ман подоши онро ба ӯмедиҳам».

Рамазон моҳи пурфайз ва пурбара-кат аст. Аз ин рӯ, ҳар мусулмони комилбояд кӯшиш намояд, ки бештарамалҳои хайр анҷом диҳад вабеҳтарини савобҳо дар дастгириикамбағалону эҳтиёҷмандон аст, зероПайғамбар (с) дар моҳи Рамазон беш-тар ба саховатмандӣ мекӯшиданд:

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоятаст, ки: «Пайғамбар (с) аз сахита-рин инсонҳо дар кори накӯ буд вато поён ёфтани Рамазон сахитармешуд. Дар Рамазон Ҷабраил (а)меомад ва ба ӯ (с) Қуръонро мехонд.Ва ҳаргоҳ Ҷабраил (а) ба Пайғамбар(с) мулоқот мекард, Паёмбари Худо(с) аз боди вазон дида сахитармешуд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Дар шарҳи ҳадиси мазкур омадааст,ки Пайғамбар (с) хело саховатманд бу-данд ва дар моҳи Рамазон саховатман-диашон бештар мешуд. Пас,пайравони уммати Муҳаммад (с) боядпайравӣ аз ӯ намуда, ҳамеша сахӣ бо-шанд, ба хусус дар моҳи Рамазон боядбештар ба хайру саховат машғул ша-ванд. Пайғамбар (с) дар моҳи Рамазонсахӣ буд ва саховаташ ба ҳама мера-сид, ба гунае ки боди вазон ба ҳама ҷомерасад.

Ин ҷо бархе аз ҳадисҳои Пайғамбар(с) дар фазилати рӯза оварда меша-вад, то барои муъминон роҳнамобошад. Аз Худованд таманои онродорем, ки аҳодиси набавӣ, дар равандибаланд бардоштани фарҳанги динӣ ватаҳкими маърифати солими исломӣнақши боризе дошта бошад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Па-ёмбар (с) фармудаанд: «Ҳар гоҳ ав-вали шаби Рамазон фаро расад,шайтонҳову ҷинҳои саркаш бастава дарҳои дӯзах пӯшида мешавандва ягон дари он боз намешавад.Дарҳои биҳишт боз мешаванд ваягон дари он баста намешавад. Ни-докунандае нидо мекунад: «Эйҷӯяндаи хайр, шитоб кун ва эй та-лабкунандаи шар, боз ист. Худо-ванд аз оташи дӯзах озодкардагонедорад».(Ривояти Ҳоким дар Мустад-рак)

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Па-ёмбар (с) фармудаанд: «Шахсе моҳиРамазонро аз рӯи имон ва умедисавоб рӯза дорад, гуноҳҳои гузаш-тааш бахшида мешаванд».(РивоятиБухорӣ ва Муслим)

Ҳар шахсе, ки моҳи Рамазонро боимони комил ваумеди савобумағфирати Парвардигор рӯзадорад,Худованди меҳрубон гуноҳҳоисағираи гузаштаи ӯромебахшад. Ал-батта, ин як раҳмати Парвардигор ба-бандагонаш аст, ки бо роҳу амалҳоигуногунгуноҳони бандагонашро

мағфират менамояд. Ба ин хотир, му-сулмон бояд рӯзаи моҳи Рамазонро азрӯиимону ихлос анҷом диҳад, на ба хо-тири як навъпарҳезу варзиши бадан.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Па-ёмбар (с) фармудаанд: «Ҳар гоҳмоҳи Рамазон фаро расад, дарҳоиҷаннат кушода ва дарҳои дӯзахбаста мешаванд ва шайтонҳо бозанҷир баста мегардад».(РивоятиБухорӣ ва Муслим)

Вақте моҳи Рамазон фаро мерасад,ба изниХудованд дарҳои ҷаннаткушодава дарҳои дӯзах бастамешаванд. Бабаракти моҳи Рамазон шайтонҳоазозодӣ маҳрум гашта, занҷирбандкарда мешаванд. Он нофармонравоие,ки банда дар моҳи Рамазон анҷоммедиҳад, аз беаҳамиятию танбалииӯст. Раҳмати Худованд аст, ки дар моҳиРамазон бандагонашро аз васвасаишайтон нигаҳ медорад. Пас мусулмо-нонро зарур аст, ки аз амалҳоиномашрӯъ дурӣ ҷӯянд.

Аз Абдурраҳмон ибни Авф (р) ривоятаст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:«Худованд рӯзаи Рамазонро баршумо фарз гардонидааст ва Маншабзиндадории онро бар шумо сун-нат намудаам. Пас, шахсе, ки азрӯйи имону умеди савобу боварӣрӯза гирад ва шабзиндадорӣ на-мояд, сабаби мағфирати гуноҳонигузаштааш мешавад». (РивоятиНасоӣ ва Байҳақӣ)

Рӯза доштани моҳи Рамазон фарз вашабҳои онробо ибодат гузаронидансуннат аст. Ҳар касе, ки аз рӯиимонумуҳаббат ва ба умеди савоб моҳиРамазонрорӯза дорад, Худовандгуноҳони гузаштаи ӯромебахшад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Па-ёмбар (с) фармудаанд: «Аввалимоҳи Рамазон раҳмат, мобайни онмағфират ва охири он озод шуданаз оташи дӯзах мебошад».(РивоятиАбӯдунё ва Ибни Асокир)

Аз ҳадиси шариф бармеояд, ки моҳиРамазон аз се қисмат иборат аст, киҳар давра дорои хусусиятҳои хосихудро дорад. Худованд дар аввалимоҳи Рамазон раҳмат, дар миёнаи онмағфират ва дар охири он озоднамуданибандаҳоро зиёд менамояд.Яке аз сабабҳои наҷот ёфтаназ оташидӯзах Рамазон аст.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Па-ёмбар (с) фармудаанд: «Зиёну ранҷшахсерост, ки номи Ман наздашзикр шавад ва бар Ман салавот на-фиристад; зиёну нокомӣ шахсе-рост, ки моҳи Рамазон фаро расадва сипарӣ шавад ва гуноҳони ӯмағфират нашаванд; зиёну нокомӣшахсерост, ки падару модари пи-рашро дар ҳаёташон дарёбадудохилибиҳишт нашавад».(РивоятиТирмизӣ ва Ҳоким)

Салавот гуфтан бар Пайғамбар (с),рӯзаи моҳи Рамазонро бо ихлос дош-тан ва эҳтироми падарумодар намудансабаби дохил шудан бабиҳиштмегардад. Пайғамбар (с) зимниин ҳадис фармудааст:

«Зиёну ранҷ дидааст, касе, ки номиМуҳаммад (с) дармаҷлисе гуфташавад ва ба ӯ салавот нафиристад.Зиёну хасорат дидааст, касе, ки моҳиРамазонро хуб ва бо тоату ибодат на-гузаронад ва фурсати бабиҳиштдаромаданро аз даст диҳад.Зиёну хасорат дидааст,касе, ки падарумодар ё яке аз онҳоро дарҳаётдарёфтаву дуои онҳоро наги-рифта, дохили биҳиштнашудааст. Инфурсатҳои хеле хубу муносиб бароибадаст овардани ризои Парвардигор аст.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки ҳаргоҳ моҳи Рамазон фаро мерасид, Па-ёмбар (с) мефармуд: «Ба дурустие,

ки моҳи шарифи Рамазон бар шумоомад ва (он) моҳи муборак аст. Рӯзадоштани ин моҳро Худованд баршумо фарз гардонидааст. Дар инмоҳ дарҳои ҷаннат кушода вадарҳои дӯзах баста шуда,шайтонҳо бо занҷир баста меша-ванд. Дар ин моҳ шабест, ки азҳазор шаб беҳтар аст. Шахсе, ки азхайри он маҳрум мешавад, батаҳқиқ маҳрум шудааст».(РивоятиАҳмад ва Байҳақӣ)

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоятаст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:«Барои рӯзадор ҳангоми ифторкардан дуоест, ки раднамешавад».(Ривояти Ибни Моҷа ваҲоким)

Барои иҷобати дуо вақтҳовулаҳзаҳоест, ки агаринсон дар онфурсатҳо бо ихлос дуо намояд,дуояшмустаҷоб мешавад. Аз ҷумла,рӯзи Арафа, рӯзиҷумъа, сеяки шаб,вақти боридани борон, вақтиифтор вабайни азону қомат аз лаҳзаҳое ба шу-мормераванд, ки дар онҳо дуои мухли-сона пазиромешавад. Аз ин рӯ,рӯзадор агар ҳангоми ифторнамуданбо ихлосу муҳаббат дуо намояд,дуояшмустаҷоб мешавад.

Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят аст, киПаёмбар (с) фармудаанд: «Дарҷаннат дарест, ки он Райён номдорад ва рӯзи қиёмат аз он танҳорӯзадорон дохил мешаванд. он рӯзгуфта мешавад: «Рӯзадорон даркуҷоянд»? Пас, рӯзадорон бармехе-занд ва аз ондар дохили биҳиштмешаванд. Чун рӯзадорон аз он дардохил шаванд, он дар баста меша-вад ва дигар ҳеҷ кас аз он дохил на-мешавад».(Ривояти Бухорӣ ваМуслим)

Ҷаннат дорои дарҳост ва ин азраҳмату меҳрубонии Худованд ба аҳлибиҳишт дарак медиҳад. Яке аз индарҳои ҷаннат Райён ном дорад, ки азон фақат рӯзадорони моҳи шарифи Ра-мазон дохил мешаванд. Албатта, хоснамудани дари Райён бароирӯзадорони моҳи Рамазон эҳтиром вақадрдонии Парвардигори баландмар-таба барои мӯъминон аст. Рӯзи қиёматмунодие фарёд мекунад: «Куҷояндрӯзадорони моҳи Рамазон»? Сипасрӯзадорони моҳи шарифи Рамазон азбайни мардум хеста, аз он дар дохилмешаванд, ки ин як шарафу эҳтиромивижае аз ҷониби Худованд бароионҳост. Баъд аз дохил шуданирӯзадорони моҳи Рамазон он дар бастамешавад ва дигар ҳеҷ кас аз он бабиҳишт дохил намешавад. Дари зикр-шуда махсусирӯзадорони моҳи Рама-зон мебошад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Па-ёмбар (с) фармудаанд: «Худовандфармудааст: Тамоми амали фар-занди одам (одамизода) барои ӯст,магар рӯза, зеро рӯза барои Манаст ва Ман подоши онро ба ӯмедиҳам. Рӯза монанди сипар аст,пас агар нафаре аз шумо рӯзадорбошад, сухани ношоиста нагӯяд ваҷанҷол накунад. Агар касе ӯро даш-ном диҳад ё ба ӯ зӯроварӣ кунад,пас бигӯяд: Ман шахси рӯзадорам.

Қасам ба Зоте, ки ҷони Муҳаммадба яди ӯст, бӯйи даҳони рӯзадорназди Худованд хушбӯйтар аз бӯйимушк аст. Барои рӯзадор ду хурсан-дист, ки бо онҳо хушнуд мегардад:Вақте ифтор менамояд, бароиифтор хурсанд мешавад ва вақтерӯзи қиёмат Парвардигорашродучор мешавад, хушнуд мегардад».(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоятаст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Рӯзава Қуръон рӯзи қиёмат барои банда

шафоаткунанда ҳастанд. Рӯзамегӯяд: «Эй Парвардигор, манрӯзона ӯро аз таому шаҳват манънамудам, пас, маро барояш шафо-аткунанда гардон. Қуръон низмегӯяд: «Эй Парвардигор, ман ӯроаз хоби шаб манъ менамудам, пас,маро барои ӯ шафоаткунанда би-гардон». Ҳамин гуна Рӯзаву Қуръонбарояш шафоат мекунанд».(Ри-вояти Аҳмад, Табаронӣ, Ҳоким ваБайҳақӣ)

Абӯумома (р) гуфт, ки аз Пайғамбар(с) шунидам, ки дар ҳаҷҷату-л-вадоъдар хутба гуфт: «Аз Худованде, киПарвардигоратон аст,битарсед,панҷ вақт намозатонробигзоред, моҳатонро (Рамазонро)рӯза доред, закоти молҳоятонроадо намоед, сарваронатонроитоат намоед, дохили биҳиштиПарвардигоратон мешавед».

Аз Алӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с)фармудаанд: «Дар ҷаннатхонаҳоест, ки беруни онҳо аз дохилва даруни онҳо аз берун дида меша-ванд. Ин хонаҳоро Худованд бароикасе омода намудааст, ки дар роҳиХудо таом бидиҳад, сухани нармгӯяд, баъди Рамазон рӯза бигирадва шабона, дар ҳоле ки мардум дархобанд, намоз бихонад». (РивоятиАҳмад, Ибни Ҳиббон ва Байҳақӣ)

Иддае аз ҷавонон ба доми фиребиисломситезон дармонда, ба гумониҷиҳод ба Сурияву Ироқ рафтанд ва бамусулмонкушӣ даст задаанд. Бароишумо ҳадисеро аз Пайғамбари акрам(с) меорам, ки арзиши он баробари та-моми неъматҳои дунё аст. Дар инҳадис Расули Худо (с) фазилатеробаён менамоянд, ки шахси оқил савобионро базудӣ дармеёбад ва аз амалҳоиба ном «ҷиҳод» даст мекашад:

Аз Талҳа ибни Абдуллоҳ (р) ривоятаст, ки ду марде ба назди Пайғамбар(с) омаданд ва исломро якҷоя қабулнамуданд. Яке аз ин нафарон аз ди-гараш иҷтиҳоди бештар дошт ваӯ дар яке аз ғазваҳо шаҳид шуд.Аммо нафари дигари он як солидигар зиндагӣ намуду сипас ӯ низ аздунё даргузашт. Талҳа мегӯяд: Дархоб дидам, ки назди дари ҷаннат ис-тодаам ва он ду нафар низ наздамбуданд. Ин ҳангом аз дохилиҷаннат шахсе баромад ва шахсеро,ки охирон аз дунё гузашта буд,иҷозати ба ҷаннат даромаданнамуд. Баъд аз он шахсишаҳидшударо барои даромадан баҷаннат иҷозат дод. Сипас он дуна-фар ба назди ман бозгаштанд вагуфтанд: бозгард, ҳоло вақтишумо фаро нарасидааст. СубҳТалҳа ин хобро ба мардум нақлнамуд ва ҳама тааҷҷуб карданд ваин хабар ба Пайғамбар (с) расид.Пайғамбар (с) гуфт: «Аз чӣтааҷҷуб мекунед»? Саҳобагон гуф-танд: «Эй Пайғамбари Худо, яке азин ду бисёр муҷтаҳид буд ва дарроҳи Худо шаҳид шуд ва он нафаридигар пеш аз ӯ дохили биҳиштгашт». Пайғамбар (с) гуфт: «оё оннафари дуюмин як соли дигар зинданабуд»? Гуфтанд: «оре».Пайғамбар (с) гуфт: «Рамазонро да-рёфту рӯза гирифт»? Гуфтанд:«оре». Пайғамбар (с) гуфт: «Дар инсол намоз хонду чунину чунон саҷданамуд»? Гуфтанд: «оре».Пайғамбар (с) гуфт: «Пас, байни инду байни осмону замин дурӣ (фарқ)аст». (Ривояти Аҳмад)

Рамазон моҳест, ки дар он ризқимуъмин меафзояд. Шахсе, ки дар инмоҳ рӯзадореро ифтор диҳад Худовандгуноҳони ӯро мебахшад ва аз оташидӯзах наҷот медиҳад, ҳарчанд ифтори

додаи ӯ ба миқдори ҷуръаи об ва пиё-лаи шир боша два шахсе, кирӯзадореро таъом дода сер мекунад,рӯзи қиёмат Худованд ӯро аз ҳавзиКавсар сероб мегардонад:

Аз Зайд ибни Холид (р) ривоят аст,ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳар кӣрӯзадореро ифтор диҳад, мисли са-воби рӯзадор савоб мегирад, дарҳоле ки аз савоби рӯзадор чизе камкарда намешавад». (Ривояти Аҳмад,Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ибни Ҳиббон)

Бинобар ин мо бояд дар таъомдодан ҳарис бошем. Ифтор фақатбарои мардуми доро нест. Мо бояд бахонаҳои ятимону пиронсолон рафта,ба онҳо таъом диҳем, зеро мардумидастнигар бештар ба хайру эҳсонэҳтиёҷ доранд.

Шахсони доро агар нияти ризои Худова қабули ибодатро дошта бошанд, бахонаҳои ятимону бепарасторон хайруэҳсон кунанд, аз мақомоти маҳаллӣрӯйхати муҳтоҷонро гирифта, ба онҳозакоти худро диҳанд.

Саволе ба миён меояд, ки закот даркуҷост? Оё ин маблағҳо тавре, ки боядхарҷ шаванд, сарф мешаванд? Атоҳоихайрхоҳона, ки кафили саршории сахо-ватанд, дар куҷоянд? Оё мо ин ҳадисиПаёмбар (с)-ро мавриди истифодақарор медиҳем, ки фармуда буд: “Ҳаркӣ хӯроки зиёдатӣ дорад, бигузор онроба шахси бехӯрок диҳад?”

Куҷост одати насиҳати ҳамдигар баҳақ ва ба сабр? Оё ман ҳаққи ҳамсояроадо мекунам? Паёмбар (с) фармуданд:“Ҷабраил то ҳадде ба ман муомилаихуш ва муаддабонаро бо ҳамсоягонтавсия намуд, ки фикр кардам ӯ ба манамр менамояд, ки ман онҳоро мерос-бари худ қарор диҳам.”

Куҷост башардӯстӣ, муғоират ва ба-родарии мо? Худованди тавоно ме-фармояд:

Ва аз он чи ба муҳоҷирон додашавад, дар хотири худ ҳасаде наме-ёбанд ва дигаронро бар хештанмуқаддам медоранд, агарчи худэҳтиёҷ дошта бошанд. Ва онҳое, киаз ҳирси нафси худашон нигоҳдошта шуданд, растагоронанд(СУРАИ ҲАШР, ОЯТИ 9)

Оё мо ба он амр нашудаем, ки баранҷур кӯмак кунем ва бори гаронифурӯмондаро барканор кунем? Па-ёмбари Худо (с) фармуданд:“Дӯстдоштатарин инсон дар назди Худошахсест, ки барои инсонҳо суду ман-фиати бештар меорад. Дустдоштата-рин амал дар назди Худо он аст, ки туба дили муъминон шодиву хушӣ биёрӣ,ӯро аз ғам раҳонӣ ё ба ҷойи ӯ қарзашробипардозӣ. Барои ман аз танҳо сипарӣнамудани як моҳ дар ибодат писанди-датар он аст, ки ман эҳтиёҷи бародаримусулмони худро бароварда намоям.”

Дӯстони гиромӣ, доир ба хайру эҳсонва амалҳои писандида дар моҳи Рама-зон гуфта шуд, боқӣ қазоват аз шумост.Ҳар кас фармудаи шариатро анҷомдиҳад растагор шуд ва ҳар кас азаҳкоми илоҳӣ сар печад Худоҳидоятгари ӯ.

Аз ҳадиси шариф маълум шуд, кисавоби ибодати моҳи Рамазон, дар инмоҳ хайру саховат намудан, дили ха-стаеро шод сохтан аз ҳама афзал буда,сабаби аввал дар биҳишт даромаданмегардад.

Дар ҳадиси дигаре Пайғамбар (с)фармудааст: «Беҳтарини шумо ка-сест, ки умри дарози ботоатдорад».

Пас, инсони мусулмон ҳар қадарбештар Рамазонро дарк намояду рӯзадошта, ба тоату ибодат машғул шавад,ҳамон қадар савоби зиёдро ноил мега-рдад. Шахси мусулмон ба сабабибисёр саҷда намудан қадру манзала-таш назди Худованд афзун мегардад.

Бошад, ки моҳи мубораки Рамазонайёми парҳезгорӣ, ҷавонмардиву сахо-ват, раҳмату мағфират, оромиву осоишва файзу баракат дар хонадони ҳар яксокини кишвар гардад!

Фазилати Рамазон дар аҳодиси набавӣ

9-10- 2016.qxp имруз_Layout 1 14.06.2016 16:17 Страница 3

Page 4: 9 10 2016 qxp имруз layout 1

Имрeз” № 9-10 (319-320) аз 15 июни соли 2016 email: [email protected] Cа[ифаи 4.

www.tajinfo300.ucoz.ru

[email protected]

№ 9-10 (319-320)аз 15.06.2016

ДИРЕКТОРМустафо Эгамов.

САРМУ{АРРИРМашрафxон Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯRудратулло Эшонов.

Наимxон Юнусов.Са[обахон {усейнова.

Зафар Амакxонов.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНДФаридун Мустафои Эгамзод.

{АМКОРОНИ МО:МИ{Д ша[ри Исфара;

Медиа – холдингиТоxикии “TAJINFO”,

Телевизиони “ИСФАРА”,Рeзномаи “Насими Исфара”.

СУРОUА:ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10.

ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62

(904) 66-22-44E-MAIL: [email protected]

Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ

мерасонад, ки хилофи назараш аст.Барои са[е[иву дурустии факту

раrам[о муаллифон xавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeз-нома воридшуда баргардонда

намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА:Xум[урии Тоxикистон.

Дар матбааи ба номи Н.Фахрииша[ри

Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.

Адади нашр: 1300.

Малик-ул-калом Сай-фиддини Исфарангӣ якеаз шоирони қасидасароимаъруфи тоҷику форсбуда, соли 581 ҳиҷрӣ(1585-1586мелодӣ) дар Ис-фара ба дунё омада, соли666 ҳиҷрӣ (1267 мелодӣ)дар Исфара вафот карда-аст. Дар масъалаи вафотишоири ширинкалом мав-лоно малик-ул калом Сай-фиддини Исфарангӣ дарду китоб «Оташкада»654 ҳ.(1256 м.) ва «Маҷмаъ-ул-фасаҳо» 672ҳ. (1272м.) дарсини 85-солагӣ дар Бу-хоро вафот намуданишоирро ба қалам додаанд.Аммо дар ҳуҷҷате, ки да-страси банда аст вафотишоирро ба ҷамоати На-вгилеми шаҳри Исфаразери дарахти Саврихушк, ки яке аз кӯҳнатариндарахтони Исфара мебо-шад нисбат дода, дарқатори дигар намояндаҳоиилми адаби Исфара фар-мудаанд: (ниг. ба расм).

Қайд намудан зарур аст,ки дар ҳуҷҷати мазкурному насаби Исфара зикришудааанд, ки бобаро-бари ному насаб боз солифавти бузургон иншо гар-дидааст. Аммо дар масъ-алаи нишон додани соливафоти бузургон саҳфухатокориҳо ҷой доранд.

Абдурауфи Фитрат низдар соли 666 ҳиҷрӣ(1267м.) вафот намуданишоирро иброз дорад. Нис-бати ҳаёт ва фаъолиятишоир олимаи шинохтаитоҷик Лола Сулаймоновахеле заҳматҳо кашида,оиди мероси бои Малик-ул-калом Сайфидини Ис-фара ва хизматҳои эшондар илму адаб рисолаиномзадии худро низдифоъ намудаанд.

Бузургии шоир дар онаст, ки дар васфу шарҳимероси бебаҳои ӯмуҳаққиқони маъруфи ин-глис, чех, олмони, аз зум-раи Ҳаммер (1818) ва Дорн

(1852), сипас Шпренгер(1854), Карлс Риё (1891),Перч (1886), Ҳерман Эте(1903–1907), ЭдуардБраун, Е.Э. Бертелс, А.Н.Болдьрев, И.С. Брагин-ский, И. Бечка, З. Сидди-кии, Х. Мирзозода, Ш.Ҳусейнзода, Л. БузургзодаА. Афсазод, А. Афсаҳов,С.Султонов, С. Аъзамзодва дигарон аз боби нақшиСайф дар адабиёти тоҷикуфорс ҳарф зада, ӯро даррадифи бузургтаринқасидагӯёни тоҷику форсгузошта, бо ҳамин дарбоби баррасии рӯзгоруосори ӯ қадаме пеш гу-зоштанд.

Мавлоно СайфиддиниИсфарангӣ дармадрасаҳои БухоровуСамарқанд ба таҳсил пар-дохтааст. Аз ҷавонӣ даршоирӣ ном бароварда, бадарбори шоҳи Хоразмдаъват шуд. Аммо ба зудӣдилаш аз дарбор монд вашоир саёҳати Хуросонро

пеш гирифт. Аз Хуросон баСамарқанд, сипас баХуҷанд ва Бухоро омад.

Сайф дар назм ва тибқиасноди сарчашмаҳо дарнаср низ асарҳо навишта,вале аз осори насрии ӯчизе дастрас нест. Муал-лифони тазкираҳо танҳоаз девони шоир ёдоваршудаанд. Мувофиқи итти-лои ДавлатшоҳиСамарқандӣ девони Сайфдар замони зиндагиишоир мураттаб ёфтааст.

Девони Сайф 12 ҳазорбайт дошта, қитъа,тарҷеъ, ғазал, рӯбоӣ вақасидаро дар бар меги-рад. Қасидаҳояш мадҳӣ,таърихӣ, ҳасбиҳолӣ, фа-хрия ва ғ. мебошанд. Беш-тарини қасидаҳо насиб ёташбиб доранд, ки даронҳо тасвири муҳаббат,нишоту хурсандӣ,базмҳои майгусорӣ, са-фову таровати баҳор,субҳу шом, осмонуситораҳо, инчунин ши-кояти замона, ифтихоришоирӣ, луғз ва ғ. ба назармерасанд.

Ақидаҳои сиёсиюиҷтимоии Сайф бештардар қасидаҳояш акс ёфта-анд. Шоир бо мақсадитарғиби хислатҳои хуб ваофариниши образиҳокими идеалӣ андешаҳоиҷолиби ахлоқие пеш гу-зошта, ки ба шоҳону вази-рон накӯкорӣ, адлу инсоф,хирадмандӣ ва фазлуидрок илқо намудаанд.Дар эҷодиёти Сайф ҳаҷвниз ҷойи махсус дорад.Шоир дар ҳаққи амалдо-рону рӯҳониён ва мастиюшоҳпарастӣ, хасисивуҳарисӣ рубоӣ ва қитъаҳоиҳаҷвии тунду тезе гуфта-аст.

Хеле муҳим васабақангез аст, ки Сайф азҳунар ва маҳорати ба-ланди офариниши осориадабӣ ҷонибдорӣ мекард,ба шоирону адибон, кул-лан суханварони замона-бозу замонасоз, сохтакорухушкмағз, пастфитрату бе-рисолат, камҳунару бемоянафрати беандоза дошт.Бинобар ин дар шеърашчунин категорияиқаламбадастон, шахсонибефазилат, шоиронишеърдузд, нодону ёвагӯйва умумигӯй ҳадафитанқиди сахт қарор гириф-танд.

Қитъаҳои Сайф бештар

дар васфи ҳунар ва асо-лати шеъру шоирӣ сурудашудаанд. Ғазалиёти шоирба насиби қасида монан-данд. Беҳтарин рубоиёташбо мазмуни баландииҷтимоӣ ва фалсафиашонҷолибанд.

Сайф ба ҳунар, маҳоратва техникаи шеъраш низэътибори ҷиддӣ додааст.Забона ва баёни матлабдар шеъри ӯ зоҳиран содаба назар мерасад, аммочандон сода ва оддӣ на-буда, ба сухани саҳлимумтанеъи шуарои за-мони Рӯдакӣ шабоҳат ваназдикӣ дорад. Амсолишеъри сабки ироқӣ мата-каллиф, печида ва маснӯӣнест. Забон ва сабки Сайфдар қисмати ташбибиқасидаҳо, ғазалиёт, ру-боиёт ва тарҷеоти ӯ ра-вону суфта мебошад.

Ашъори Сайф аз мақолузарбулмасалҳо саршораст. Ҳунари баландишеърофарӣ, зебогӣ ва са-лосати баён дар насибуташбибҳои дилчасп,оҳанги баланди иҷтимоӣ,ҳаҷви тезу тунд ном ваэҷодиёти С.-ро дар таъ-рихи адабиёт соҳибмақомва мондагор гардонида-анд.

Абдуманнон РАУФоВ.

Малики сухан - Сайфи Исфарангӣ

9-10- 2016.qxp имруз_Layout 1 14.06.2016 16:17 Страница 4