44 45 2015

6
НАСИМИ Оғози нашр 24/04/1932 * * * № 44-45 (9125-9126) * * * Сешанбе, 13 октябри соли 2015 НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА ИСФАРА Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош! Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ба номи Юлчибой Байзоқов, ки яке аз калонтарин ва маъруфтарин му- ассисаҳои таълимӣ дар маркази шаҳр маҳсуб меёбад, ҳанӯз 50 сол қабл аз ин таъсис ёфтаву ним аср инҷониб ҳамчун гаҳвораи тамаддун ва боргоҳи асили илму дониш таълиму тарбияи насли навраси ҷомеаро назаррас анҷом ме- диҳад. Ҷойизи зикр аст, ки аз байни хатм- кардагони донишгоҳ олимону зиёиён ва ходимони сиёсиву давлатӣ ба камол расидаанд. Шахсиятҳои маъруфе чун доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Солиҷон Иброҳи- мов, номзадҳои илм Ҳайдар Наҷмид- динов, Мамадҷон Абдуллоев, Башорат Бобоева, Абдумуталим Бобоев, Ҳакима Аҳмедова, Носирҷон Маҳмудов, Тоҳир Ваҳҳобов, Матлуба Аҳмадова, Муборак Турсунова, Аҳрор Убайдуллоев, Парви- на Валиева дастпарварони ин макта- банд. Чеҳраҳои шинохтае чун собиқ раиси шаҳри Исфара Ёқубова Муҳиба, собиқ муовинони раиси шаҳр Садриддин Зо- киров, Баҳодурхӯҷа Самадов ва Осиф- хон Мамадов, собиқ муовини Проку- рори генералии Тоҷикистон Толибҷон Бобоев, инчунин Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев, Музаффар Умаров, Акрамхӯҷа Сафо- ев, Фотима Ҷалилова, Аюбҷон Эгамов, Абдувоҳид Норматов, Гулҷаҳон Ҷӯрае- ва, Тӯлахон Низомаддинова, Сайфулло Акрамов, Уматулло Файзуллоев, Гулра- бо Бобоева ва даҳҳо дигарон аз ҷумлаи шогирдони ин муассисаи маъруф маҳ- суб меёбанд. Худи ҳамин далел нишонаи возеҳи он аст, ки ин муассисаи бонуфузи маъ- рифатӣ дар тӯли 50-соли сипаригашта ҳамчун макони илму дониш дар таъли- му тарбияи насли ҷавони ҷомеа хизма- ти шоистаеро ба анҷом расонидааст. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз низ 72 нафар омӯзгорони баландихтисоси мактаб таҳти сарварии педагоги вар- зида, Аълочии маорифи Тоҷикистон Ҳакимахон Атохонова тавонистаанд, раванди таълиму тарбияи 1412 нафар толибилмонро мутобиқи талаботи замо- ни муосир ва босамару назаррас роҳан- дозӣ намоянд. Дастовардҳои ҳайати омӯзгории мак- таб ҷиҳати ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, иштироки толибилмон дар озмунҳои фаннии шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳам дохилшавии хатм- кунандагон ба донишгоҳу донишкадаҳо басо назаррас аст. Аз ҳама муҳимаш, омӯзгорони созан- даву эҷодкор ва сазовори касби хеш Ҳавохон Раззоқова, Саодатхон Мама- дова, Фаузия Михайловна Тынчерова, Мавлуда Маҳмудова, Усния Изидино- ва, Муҳиддин Мамадов, Ҳаита Наби- ева, Замира Байзоқова, Бобомиршоҳ Ашӯров, Рауф Турсунов, Гулнора Ума- рова, Мӯътабар Ғаффорова, Муқаддам Боирова, Мубашира Бобоева, Баҳри- хон Мусоева, Мӯминахон Набиева, Шаҳло Абдуманонова, Нигора Почоева, Нигора Отабекова, Машҳура Довудова чун шаҳсутунҳои низоми таълиму тар- бия дар замири хонандагон шӯълаи меҳри хондану азбар намудан ва омӯх- тани донишҳои гуногуни илми муосири ҷаҳониро меафрӯзанд. Чун потенсиали ақлониву зеҳнии ҳайати омӯзгории ин мактаб калон ва таҷрибаву малакаи касбии онҳо басо ғанӣ аст, итминони комил дорем, ин боргоҳи муқаддаси илму маърифат боз даҳсолаву садсолаҳо ба халқу миллат шоиста хизмат хоҳад кард. Бо чунин пиндору таманноҳои нек устодону толибилмон, собиқадоро- ни соҳа ва собиқ дастпарварони таъ- лимгоҳро ба муносибати ҷашни нима- сраи таъсисёбии он сидқан табрику таҳният мегӯям. Барояшон бахту саодат, рӯзгори хушу обод ва дар ҷодаи таълиму тарбияи на- сли наврас комёбиву дастовардҳои рӯзафзун таманно дорам. РS: Маводҳоро бахшида ба 50-со- лагии таъсисёбии мтму № 12 ба номи Ю. Байзоқов дар саҳифаҳои 2-3 мутолиа намоед. Ним аср дар рохи таълиму тарбия Табрикоти раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ба ифтихори 50-солагии таъсисёбии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ба номи Юлчибой Байзоқов Баҳри амалигардонии сиёсати пеш- гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ яке аз мақо- мотҳое, ки нақши бағоят ғанӣ дорад, ин мақомоти судии кишвар мебошад. Системаи судии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон яке аз шохаҳои таҷзияшудаи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷики- стон ба шумор рафта, дар Сарқонуни давлат боби алоҳида марбут ба тарзи ташкилу фаъолияти ин мақомот бахши- да шудааст. Сиситемаи судии Ҷумҳурии Тоҷики- стон бори аввал соли 1924 дар давро- ни РАСС Тоҷикистон таъсис дода шуда, оғоз аз ҳамон давра то имрӯз дар сох- тору фаъолияти худ борҳо тағйиротҳо, дигаргуниҳо ва навовариҳоро ворид кардааст. Мақомотӣ судӣ баҳри таъмини адо- лати судӣ ва ҷамъиятӣ давоми ин солҳо дар ҳама гуна давраю шароит, дар ҳама намуд монеаю душвориҳо, мушкилию печидагиҳо устувор исто- да, бо истифодаи дуруст ва холисонаи меъёрҳои қонунгузорӣ ба ҳадафи худ расидааст. Адлу адолат чун хусусияти хоси мардуми тоҷик аз азал дар мафкураи халқ ҷойгир шуда, бо парастиши ин ар- зишҳои баланди ҳастии инсонӣ шукӯҳу шаҳомат пайдо карда, сазовори эҳти- роми дигарон гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи судӣ таъминкунандаи адолати судӣ, иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун, ка- фолати ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрван- дон ва бародарҳуқуқӣ дар назди қонун ва суд мебошад. Аз ҷамъбасти ҳисоботии судӣ дар ҳамаи давраҳои ҳисоботӣ дида меша- вад, ки рӯз аз рӯз шуурнокии мардум тараққӣ карда истода, марбут ба ин та- лаботҳо зиёд шудаанд, ки дар радифи онҳо баҳсҳо низ бештар шуда истода- анд. Гарчанде, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар қаламрави кишвар бо муборизаи беа- мон сол аз сол кам шуда истода бошад ҳам, аммо вобаста ба пайдо шудани зуҳуротҳои нави замонавӣ набояд аз онҳо хотирҷамъӣ кард. Фаъолият дар системаи судӣ, ки яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти дав- лат ба ҳисоб меравад, масъулияти хеле баландро аз барандагони ин мақом та- лаб мекунад. Чунки аз дарку идроки дурусти онҳо ҳаёти инсон вобастагӣ дорад. Росткорию поквиҷдонӣ дар ин вазифа хусусияти аввалиндараҷа буда, танҳо бо доштани ин сифатҳо музаф- фарияти касбӣ насиби онҳо мегардад. Системаи судии Ҷумҳурии Тоҷики- стон то давраи истиқлолият ва баъди он ҳамоно бо принсипҳои волоияти қонун, баробарӣ дар назди қонун, ин- сонпарастӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ногузирии ҷавобгарӣ фаъолият бурда истода, дар ин самт истифодаи дуру- сти меъёрҳои ҳуқуқиро амалӣ карда истодааст. Баҳри ба амал баровардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза, амсоли шомил шудани мардум, ху- сусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, бурдани ташвиқотҳои нодурусти динӣ байни аҳолӣ, баланд ва босифат намудани раванди назорат ва тарбияи ҷавонону ноболиғон аз ҷониби волидайн ва му- ассисаҳои таълимӣ, аз ҷониби корман- дони суд, хусусан судяҳо байни мардум, тавассути воситаҳои ахбори омма бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ тад- бирҳои зиёде гузаронида мешавад. Ҳар як корманди суд ба хубӣ бояд дарк намояд, ки дар ҳалли саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳои шаҳрван- дон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ба амал баровардани адолати судӣ ва посдори волоияти қонун масъул буда, роҳбарияти давлату ҳукумат назди ҳар яки онҳо бо ғамхориву дастгирӣ адои софдилонаи вазифаҳои мушаххасро гузоштааст. Бо дастгирӣ аз сиёсати хирадман- донаи Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмо- малӣ Раҳмон, дар ҷавоби ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дарки баланди масъулияти кормандони суд фаъолияти худро ба роҳ монда, дав- лату халқро бовар мекунонанд, ки мин- баъд ҳам дар тантанаи адолати судӣ ва ҳифзи ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ба натиҷаҳои дилхоҳ сазо- вор мешаванд. Нафарони зиёди ботаҷрибаи фаъо- лияти судӣ, собиқадорони ин соҳа ба монанди Хоҷаев Избилло, Маҳмудов Алиҷон ва Фозилбеков Муродбек бо нашри китобу мақолаҳо аз таҷрибаҳои худ ба дигарон дастурҳо додаанд. Таҷрибаи мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ба амал баро- вардани адолатӣ судӣ таҷрибаи бойро соҳиб гаштааст, ки ин ҳолатро рафти фаъолияти имрӯзаи он ва хулосаҳои ҷамъбастӣ, ҳисоботҳои солона собит месозад. Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ҳар як узви мақомоти судӣ бояд дар назар до- шта бошад, ки аз дарки масъулиятши- носии ӯ умру зиндагонии дигарон, яъне халқ вобастагӣ дорад. Т. ҲАФИЗЗОДА, раиси суди шаҳр. Минбари ҳуқуқшинос Н/И Адолат меъёри асосии кори мо Резаахбор Раиси шахр Зоҳидзода Давро- ни Абдуқодир дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи марказии деҳа оғоз бахшид. Гуфта мешавад, ки дарозии роҳи кӯчаи мазкур беш аз як километр буда, таъмирии куллии он бо саҳ- ми роҳбарияти хоҷагӣ, ҷамоати деҳа ва соҳибкорони олиҳиммати маҳаллӣ сурат мегирад. Дар Исфара дар пайгирӣ аз иқ- доми роҳбарияти вилоят оид ба идомаи соли роҳҳои обод то ин дам 28 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва 170 километр таъмири ҷорӣ карда шуданд. * * * Имрўзҳо дар хоҷагиҳои ки- шоварзии Исфара кишти зи- роатҳои тирамоҳӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо идома дорад. Шаҳрдори Исфара дар ин самт аз хоҷагии “Чоркўҳ” дидан намуда, оид ба тезо- нидани ин маъракаи муҳим маслиҳатҳои муфид дод. Бо фотеҳаи неки раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва мўйсафедони нуронӣ кишти гандум дар дастаи рақами 11-и хоҷагии “Чоркўҳ” сурат гирифт. * * * Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ворух доир гардида, он масъалаи ташкилиро дида баромад. Бо пешниҳоди раи- си шаҳр Насибиддин Нуриддинов бинобар ба кори дигар гу- заштанаш аз вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Ворух озод ва Зоҳир Маҳкамов раиси ҷамоати деҳоти мазкур интихоб шуд. Номбурда қаблан ба ҳайси мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроия фаъ- олият мекард. * * * Мутобиқ ба қарори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ис- фара Эгамзод Муртазо Машрафӣ аз вазифаи раиси кумитаи иҷроия бинобар ба кори дигар гузаштан озод ва Асадуллоев Бурҳонбек раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб карда шуд. Хосили рекорди Деҳқо - нони асил Нарзибой Болтаев аз ҷамоа- ти деҳоти Шаҳрак баъд аз таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ саҳми худро гирифта, соҳиби ҳақиқии замин гардид ва тамо- ми меҳру муҳаббати худро ба он бахшид. Дар ҷавоб замин ҳам дари ганҷи худро ба рӯйи ин деҳқонзода боз намуд. Нарзибой аввали баҳор ба 0,25 гектар кӯчати 4 навъи помидори голландиро шино- нида, аз таҳти дил парвариш кард. Дар натиҷа ҳосили ре- кордии сабзавот пухта расид. Беш аз 20 тонна помидори хушсифатро бо нархи нисба- тан арзон ба фурӯш баровард, ки ба ҳисоби гектар 700 сент- нериро ташкил дод. Хабари кишоварзӣ Н/И
  • Upload

    -
  • Category

    Documents

  • view

    263
  • download

    10

description

 

Transcript of 44 45 2015

Page 1: 44 45 2015

НАСИМИОғози нашр

24/04/1932 * * *

№ 44-45 (9125-9126)* * *

Сешанбе, 13 октябри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРАИСФАРА

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ба номи Юлчибой Байзоқов, ки яке аз калонтарин ва маъруфтарин му-ассисаҳои таълимӣ дар маркази шаҳр маҳсуб меёбад, ҳанӯз 50 сол қабл аз ин таъсис ёфтаву ним аср инҷониб ҳамчун гаҳвораи тамаддун ва боргоҳи асили илму дониш таълиму тарбияи насли навраси ҷомеаро назаррас анҷом ме-диҳад.

Ҷойизи зикр аст, ки аз байни хатм-кардагони донишгоҳ олимону зиёиён ва ходимони сиёсиву давлатӣ ба камол расидаанд.

Шахсиятҳои маъруфе чун доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Солиҷон Иброҳи-мов, номзадҳои илм Ҳайдар Наҷмид-динов, Мамадҷон Абдуллоев, Башорат

Бобоева, Абдумуталим Бобоев, Ҳакима Аҳмедова, Носирҷон Маҳмудов, Тоҳир Ваҳҳобов, Матлуба Аҳмадова, Муборак Турсунова, Аҳрор Убайдуллоев, Парви-на Валиева дастпарварони ин макта-банд.

Чеҳраҳои шинохтае чун собиқ раиси шаҳри Исфара Ёқубова Муҳиба, собиқ муовинони раиси шаҳр Садриддин Зо-киров, Баҳодурхӯҷа Самадов ва Осиф-хон Мамадов, собиқ муовини Проку-рори генералии Тоҷикистон Толибҷон Бобоев, инчунин Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев, Музаффар Умаров, Акрамхӯҷа Сафо-ев, Фотима Ҷалилова, Аюбҷон Эгамов, Абдувоҳид Норматов, Гулҷаҳон Ҷӯрае-ва, Тӯлахон Низомаддинова, Сайфулло Акрамов, Уматулло Файзуллоев, Гулра-бо Бобоева ва даҳҳо дигарон аз ҷумлаи шогирдони ин муассисаи маъруф маҳ-суб меёбанд.

Худи ҳамин далел нишонаи возеҳи он аст, ки ин муассисаи бонуфузи маъ-рифатӣ дар тӯли 50-соли сипаригашта ҳамчун макони илму дониш дар таъли-му тарбияи насли ҷавони ҷомеа хизма-ти шоистаеро ба анҷом расонидааст.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз низ 72 нафар омӯзгорони баландихтисоси мактаб таҳти сарварии педагоги вар-зида, Аълочии маорифи Тоҷикистон Ҳакимахон Атохонова тавонистаанд, раванди таълиму тарбияи 1412 нафар толибилмонро мутобиқи талаботи замо-ни муосир ва босамару назаррас роҳан-дозӣ намоянд.

Дастовардҳои ҳайати омӯзгории мак-таб ҷиҳати ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, иштироки толибилмон дар озмунҳои фаннии шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳам дохилшавии хатм-кунандагон ба донишгоҳу донишкадаҳо басо назаррас аст.

Аз ҳама муҳимаш, омӯзгорони созан-даву эҷодкор ва сазовори касби хеш Ҳавохон Раззоқова, Саодатхон Мама-дова, Фаузия Михайловна Тынчерова, Мавлуда Маҳмудова, Усния Изидино-ва, Муҳиддин Мамадов, Ҳаита Наби-ева, Замира Байзоқова, Бобомиршоҳ Ашӯров, Рауф Турсунов, Гулнора Ума-рова, Мӯътабар Ғаффорова, Муқаддам Боирова, Мубашира Бобоева, Баҳри-хон Мусоева, Мӯминахон Набиева, Шаҳло Абдуманонова, Нигора Почоева, Нигора Отабекова, Машҳура Довудова чун шаҳсутунҳои низоми таълиму тар-бия дар замири хонандагон шӯълаи меҳри хондану азбар намудан ва омӯх-тани донишҳои гуногуни илми муосири ҷаҳониро меафрӯзанд.

Чун потенсиали ақлониву зеҳнии ҳайати омӯзгории ин мактаб калон ва таҷрибаву малакаи касбии онҳо басо ғанӣ аст, итминони комил дорем, ин боргоҳи муқаддаси илму маърифат боз даҳсолаву садсолаҳо ба халқу миллат шоиста хизмат хоҳад кард.

Бо чунин пиндору таманноҳои нек устодону толибилмон, собиқадоро-ни соҳа ва собиқ дастпарварони таъ-лимгоҳро ба муносибати ҷашни нима-сраи таъсисёбии он сидқан табрику таҳният мегӯям.

Барояшон бахту саодат, рӯзгори хушу обод ва дар ҷодаи таълиму тарбияи на-сли наврас комёбиву дастовардҳои рӯзафзун таманно дорам.

РS: Маводҳоро бахшида ба 50-со-лагии таъсисёбии мтму № 12 ба номи Ю. Байзоқов дар саҳифаҳои 2-3 мутолиа намоед.

Ним аср дар рохи таълиму тарбия

Табрикоти раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодирба ифтихори 50-солагии таъсисёбии муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №12, ба номи Юлчибой Байзоқов

Баҳри амалигардонии сиёсати пеш-гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ яке аз мақо-мотҳое, ки нақши бағоят ғанӣ дорад, ин мақомоти судии кишвар мебошад.

Системаи судии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон яке аз шохаҳои таҷзияшудаи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷики-стон ба шумор рафта, дар Сарқонуни давлат боби алоҳида марбут ба тарзи ташкилу фаъолияти ин мақомот бахши-да шудааст.

Сиситемаи судии Ҷумҳурии Тоҷики-стон бори аввал соли 1924 дар давро-ни РАСС Тоҷикистон таъсис дода шуда, оғоз аз ҳамон давра то имрӯз дар сох-тору фаъолияти худ борҳо тағйиротҳо, дигаргуниҳо ва навовариҳоро ворид кардааст.

Мақомотӣ судӣ баҳри таъмини адо-лати судӣ ва ҷамъиятӣ давоми ин солҳо дар ҳама гуна давраю шароит, дар ҳама намуд монеаю душвориҳо, мушкилию печидагиҳо устувор исто-да, бо истифодаи дуруст ва холисонаи меъёрҳои қонунгузорӣ ба ҳадафи худ расидааст.

Адлу адолат чун хусусияти хоси мардуми тоҷик аз азал дар мафкураи халқ ҷойгир шуда, бо парастиши ин ар-зишҳои баланди ҳастии инсонӣ шукӯҳу шаҳомат пайдо карда, сазовори эҳти-роми дигарон гаштааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи судӣ таъминкунандаи адолати судӣ,

иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун, ка-фолати ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрван-дон ва бародарҳуқуқӣ дар назди қонун ва суд мебошад.

Аз ҷамъбасти ҳисоботии судӣ дар ҳамаи давраҳои ҳисоботӣ дида меша-вад, ки рӯз аз рӯз шуурнокии мардум тараққӣ карда истода, марбут ба ин та-лаботҳо зиёд шудаанд, ки дар радифи онҳо баҳсҳо низ бештар шуда истода-анд. Гарчанде, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар қаламрави кишвар бо муборизаи беа-мон сол аз сол кам шуда истода бошад ҳам, аммо вобаста ба пайдо шудани зуҳуротҳои нави замонавӣ набояд аз онҳо хотирҷамъӣ кард.

Фаъолият дар системаи судӣ, ки яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти дав-лат ба ҳисоб меравад, масъулияти хеле баландро аз барандагони ин мақом та-лаб мекунад. Чунки аз дарку идроки дурусти онҳо ҳаёти инсон вобастагӣ дорад. Росткорию поквиҷдонӣ дар ин вазифа хусусияти аввалиндараҷа буда, танҳо бо доштани ин сифатҳо музаф-фарияти касбӣ насиби онҳо мегардад.

Системаи судии Ҷумҳурии Тоҷики-стон то давраи истиқлолият ва баъди он ҳамоно бо принсипҳои волоияти қонун, баробарӣ дар назди қонун, ин-

сонпарастӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ногузирии ҷавобгарӣ фаъолият бурда истода, дар ин самт истифодаи дуру-сти меъёрҳои ҳуқуқиро амалӣ карда истодааст.

Баҳри ба амал баровардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза, амсоли шомил шудани мардум, ху-сусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, бурдани ташвиқотҳои нодурусти динӣ байни аҳолӣ, баланд ва босифат намудани раванди назорат ва тарбияи ҷавонону ноболиғон аз ҷониби волидайн ва му-ассисаҳои таълимӣ, аз ҷониби корман-дони суд, хусусан судяҳо байни мардум, тавассути воситаҳои ахбори омма бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ тад-бирҳои зиёде гузаронида мешавад.

Ҳар як корманди суд ба хубӣ бояд дарк намояд, ки дар ҳалли саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳои шаҳрван-дон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ба амал баровардани адолати судӣ ва посдори волоияти қонун масъул буда, роҳбарияти давлату ҳукумат назди ҳар яки онҳо бо ғамхориву дастгирӣ адои софдилонаи вазифаҳои мушаххасро гузоштааст.

Бо дастгирӣ аз сиёсати хирадман-донаи Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон, дар ҷавоби ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дарки баланди масъулияти кормандони суд фаъолияти худро ба роҳ монда, дав-лату халқро бовар мекунонанд, ки мин-баъд ҳам дар тантанаи адолати судӣ ва ҳифзи ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ба натиҷаҳои дилхоҳ сазо-вор мешаванд.

Нафарони зиёди ботаҷрибаи фаъо-лияти судӣ, собиқадорони ин соҳа ба монанди Хоҷаев Избилло, Маҳмудов Алиҷон ва Фозилбеков Муродбек бо нашри китобу мақолаҳо аз таҷрибаҳои худ ба дигарон дастурҳо додаанд.

Таҷрибаи мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ба амал баро-вардани адолатӣ судӣ таҷрибаи бойро соҳиб гаштааст, ки ин ҳолатро рафти фаъолияти имрӯзаи он ва хулосаҳои ҷамъбастӣ, ҳисоботҳои солона собит месозад.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ҳар як узви мақомоти судӣ бояд дар назар до-шта бошад, ки аз дарки масъулиятши-носии ӯ умру зиндагонии дигарон, яъне халқ вобастагӣ дорад.

Т. ҲАФИЗЗОДА, раиси суди шаҳр.

Минбари ҳуқуқшиносН/И

Адолат меъёри асосии кори мо

РезаахборРаиси шахр Зоҳидзода Давро-

ни Абдуқодир дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи марказии деҳа оғоз бахшид.

Гуфта мешавад, ки дарозии роҳи кӯчаи мазкур беш аз як километр буда, таъмирии куллии он бо саҳ-ми роҳбарияти хоҷагӣ, ҷамоати деҳа ва соҳибкорони олиҳиммати маҳаллӣ сурат мегирад.

Дар Исфара дар пайгирӣ аз иқ-доми роҳбарияти вилоят оид ба идомаи соли роҳҳои обод то ин дам 28 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва 170 километр таъмири ҷорӣ карда шуданд.

* * *Имрўзҳо дар хоҷагиҳои ки-

шоварзии Исфара кишти зи-роатҳои тирамоҳӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо идома дорад.

Шаҳрдори Исфара дар ин самт аз хоҷагии “Чоркўҳ” дидан намуда, оид ба тезо-нидани ин маъракаи муҳим маслиҳатҳои муфид дод.

Бо фотеҳаи неки раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва мўйсафедони нуронӣ кишти гандум дар дастаи рақами 11-и хоҷагии “Чоркўҳ” сурат гирифт.

* * *Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ворух доир гардида,

он масъалаи ташкилиро дида баромад. Бо пешниҳоди раи-си шаҳр Насибиддин Нуриддинов бинобар ба кори дигар гу-заштанаш аз вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Ворух озод ва Зоҳир Маҳкамов раиси ҷамоати деҳоти мазкур интихоб шуд. Номбурда қаблан ба ҳайси мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроия фаъ-олият мекард.

* * *Мутобиқ ба қарори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ис-

фара Эгамзод Муртазо Машрафӣ аз вазифаи раиси кумитаи иҷроия бинобар ба кори дигар гузаштан озод ва Асадуллоев Бурҳонбек раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб карда шуд.

Хосили рекорди

Д е ҳ қ о -нони асил Нарзибой Б о л т а е в аз ҷамоа-ти деҳоти Ш а ҳ р а к баъд аз

таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ саҳми худро гирифта, соҳиби ҳақиқии замин гардид ва тамо-ми меҳру муҳаббати худро ба он бахшид. Дар ҷавоб замин ҳам дари ганҷи худро ба рӯйи ин деҳқонзода боз намуд.

Нарзибой аввали баҳор ба 0,25 гектар кӯчати 4 навъи помидори голландиро шино-нида, аз таҳти дил парвариш кард. Дар натиҷа ҳосили ре-кордии сабзавот пухта расид. Беш аз 20 тонна помидори хушсифатро бо нархи нисба-тан арзон ба фурӯш баровард, ки ба ҳисоби гектар 700 сент-нериро ташкил дод.

Хабарикишоварзӣ

Н/И

Page 2: 44 45 2015

НАСИМИ ИСФАРА2 №

44 -4

5

13. 1

0. 20

15Ҳурмати устод чун модар-падар,Амри воҷиб аст бар аҳли башар.Сана

Ҷашни панҷоҳат, дабистони азиз,

Дар ин рӯзҳои фасли тирамоҳи заррин муассисаи давлатии макта-би таҳсилоти миёнаи умумии рақа-ми 12, ки номи устоди варзидаи соҳаи маориф, Муаллими хизмат-нишондодаи мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳум Юлчибой Бай-

зоқовро дорад, 50 сола мешавад.Бешак, мактаби мазкур яке аз бу-

зургтарин муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара маҳсуб ёфта, муд-дати ним асри мавҷудияти хеш ба коргоҳи азими сайқалу маҳорати касбии омӯзгорон, кошонаи илму маърифатомӯзии ҳазорон шогир-дон мубаддал гардид.

Ҷои шубҳа нест, ки дирӯз ва имрӯ-зи ин ошёни муқаддас бағоят рангин, фаъолияташ пурсамару хотирпазир мебошад. Таълимгоҳи номбурда ба дарахти бошукӯҳе монанд аст, ки но-вобаста аз дигаргуниҳои давру айём ҳамеша сабзу хуррам ва баргу бори диданиву мондагоре ба бар дорад. Бори ин дарахт ҳамон тифлакони

ташнаи дониш, ҳамон наврасони дар роҳи ҳаёт навсафару орзупар-вар мебошанд, ки дар домани меҳр-бори он таълим омӯхтаву тарбият дида, ба камол расидаанд ва ба шоҳроҳи зиндагии мустақил раҳси-пор шудаанд.

Алҳол дар тамоми қаламрави Тоҷикистони азизамон шогирдони зиёди соҳибмаълумоту соҳибихти-соси ин муассисаи овозадор баҳри манфиати халқу Ватан софдило-наву содиқона кору фаъолият ме-кунанд ва номбардори омӯзгорону мактаби худ ҳастанд.

Толибилмони имрӯзаи дабистон бошанд, идомагари анъанаҳои нек буда, дар озмуну олимпиадаҳои

сатҳи гуногун, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ фаъолона ширкат наму-да, обрӯву эътибори таълимгоҳро афзун мегардонанд. Бо маънии том гуфтан метавон, ки мактаб дар сафи муассисаҳои маори-фи шаҳрамон мавқеи арзанда ва ибратбахшеро касб кардааст.

Бо садоқату эҳтироми беандоза собиқадорони мӯътабар, омӯзгоро-ну хонандагони азиз, кормандон ва онҳоеро, ки шогирдони ин муассиса мебошанд, ба шарафи таъсисёбии нимасраи таълимгоҳ аз номи раё-сати маориф ва шахсан аз номи худ самимона табрику таҳният мегӯям.

Ҷашни фархундаи мактаб-ҷаш-ни илму маърифат барои ҳар яки Шумо хуҷаста бошад!

Қаноатхон АБРОРОВА, сардори раёсати морифи

шаҳр, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иди илму маърифат

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханро-ниҳои хеш борҳо қаноатмандии худро аз сатҳи таълиму тадрис ва тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таъ-лимии шаҳри Исфара баён доштанд. Боиси ифтихор аст, мактаби овозадо-ри №12, ки имрӯзҳо бунёди нима-сраинаи хешро ҷашн мегирад, дар ин самт сатҳи назаррас дорад.

Дар ин муассисаи овозадор муалли-моне кор карда, замина ва осори ранҷу меҳнати худро гузоштаанд, ки таърих ба ин гувоҳ аст. Устодон Я. Турсунов, Ю. Байзоқов, Б. Парпиев, Д. Лазизов, А. Қосимов, А. Ҷӯраев, Қ. Файзиев, А. Маҷидов, А. Лафизов, Д. Ғаффорова, Ҷ. Муллоева, А. Додобоева, М. Расу-лов, Ҳ. Ғафурова, А. Махсумов, К. Ҳамдамов, М. Бобоева, И. Юрматова, К. Музаффаров, Ш. Деҳқонов, О. Амо-нуллоев, А. Воҳидов, Р. Абдуллоева аз зумраи онҳоянд.

Имрӯзҳо кори ин устодонро омӯз-горони пуртаҷрибаю шинохта Раз-зоқова Ҳ., Мамадова С., Тынчерова Ф.М., Мартиненко В.В., Набиева Ҳ., Мамадов. Л., Файзиев, Т., Ҷӯраев, М., Боирова М., Каримов А., Юнусов О., Байзоқова З., Умарова Ҳ., Умарова Г., Ғаффорова М., Изитдинова У.У., Му-соева Б., Ҳошимова С., Турсунов А.,

Ашўров Б., Қодиров А., омўзгорони навовару эҷодкор Абдуманнонова Ш., Бобоева М., Миркаримова М., Ота-бекова Н., Сафоева Н., Набиева М., Исоева Т., Почоева Н., Саломова Э., Ҷалилова М., Ҷӯраева М., Довудова М. идома медиҳанд.

Кулли ҳамкорон, шогирдон, пада-ру модарон, собиқ омӯзгорони таъ-лимгоҳро бо ҷашни нимасраи фаъоли-яти пурсамару пурбор сидқан шодбош мегӯям. Умед ба он дорам, ки ин дар-гоҳи муқаддас солиёни зиёд мисли имрӯза ба таълиму тарбияи насли наврас дарҳояшро боз медорад, усто-донаш рисолати таърихию аҷдодии миллати тоҷикро давом хоҳанд дод.

Ҷашни нимасраи ошёни маърифат муборак, омӯзгорони азиз!

Ҳакимахон АТАХОНОВА, директори муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумии №12, ба номи Ю.Байзоқов.

Аз пайи рисолати таърихӣ

Ҳайати омӯз-горону корман-дони муасси-саи овозадор баҳри таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи арзандаи худро гузоштаву ме-гузоранд. Дар мактаб омӯз-горони варзи-да ва навовар хеле зиёданд ва тӯли соли-ёни зиёд шо-

гирдони онҳо ба қуллаҳои баланди илму маърифат расидаанд.

Дар муассиса шароити хуби корӣ ташкил карда шудааст. Ҳамасола омӯз-горони беҳтарин ба истироҳатгоҳҳо фи-ристода мешаванд. Маъмурият ва куми-таи иттифоқи касаба дар арафаи иду ҷашнҳои мухталиф доимӣ ба дидорби-нии собиқадорон ва беморон мераванд.

Бо шодиву мамнуният кулли омӯзго-рон, кормандон, толибилмон ва падару модаронро ба ин санаи фархунда шод-бош мегӯям.

Баҳрихон МУСОЕВА, раиси кумитаи иттифоқи касаба.

Ғамхори омӯзгорон

Турсунов Я. 1964-1968.Тӯхтаев Ш. 1968-1970.Қосимов А. 1970-1973.Қаюмов А. 1973-1982.Парпиев Б. 1982-1985.

Маҳмудов З. 1985-1988.Қаюмов Б. 1988-1989. Шарофов Р. 1989-1993.Деҳқонов Ш. 1993-2005.Воҳидов Ш. 2005-2007.

Собиқ сарварони дабистон

Соли 1963 бо ташаббуси роҳбаро-ни онвақтаи шаҳр Ортиқбой Қурбо-нов ва Мансурҷон Умаров пойдево-ри муассиса гузошта шуд. Дар як муддати кӯтоҳ дар маркази шаҳр бинои чорошёна ба шарафи 40-со-лагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохт. Мактаби нав номи “40-солагии Тоҷи-кистон”-ро гирифт.

Тӯли ин солҳо тавассути роҳба-рии хуб ва комёбиҳои омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас мак-таб дар байни муассисаҳои таъли-мии шаҳру ноҳия яке аз беҳтаринҳо ба шумор меравад. Дастпарварони зиёди он ҳамчун мутахассисо-ни варзида дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ адои вазифа намуда, шогирдони муассиса дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Ҳа-маи ин пешравию комёбиҳо дар

соҳаи таълиму тарбияи насли на-врас аз ҳисси кордониву масъулият-шиносӣ, обрӯю эътибори омӯзгорон дарак медиҳад.

Ҳавохон РАЗЗОҚОВА, муовини директор.

Пайвандгари наслҳо

Ман ҳам дастпарвари ҳамин мактаб ҳастам. Соли 1964 ба ин мактаби нави замонавӣ дохил шуда, онро соли 1974 хатм намудам. Аз устодони бузург Ю.Бай-зоқов, Х.Бобоев, С.Саидов, Ғ.Бобоев, И.Маҳкамов би-сёр чизҳоро омӯхтам. Гуфтаҳои устодонро сармашқи кори худ карда, имрӯзҳо фаъолияти омӯзгориамро дар ҳамин мактаб давом дода истодаам. Бо ҳамроҳии сарвари таълимгоҳ Атахонова Ҳ., ҷонишини директор оид ба таълим Раззоқова Ҳ., омӯзгорони шинохта Мамадова С., Байзоқова З., Абдуманнонова Ш., Ота-бекова Н. ва ғайраҳо кори таълиму тарбияро пеш мебарам.

Мактаб солҳои охир ободу зебо гардида, таҳти

сарварии маъмурияти таъ-лимгоҳ анъанаҳои неки гу-заштаро идома медиҳад.

Иди саиди таълимгоҳ му-борак, ҳамкорон!

Саховатхон ҲОШИМОВА,

роҳбари иттиҳодияи методии таъриху

география.

Шогирд

Ин сатрҳоро руйи саҳи-фа меораму маро беихти-ёр симои қиблагоҳи ази-зам Юлчибой Байзоқов ва мактаби таҳсилоти ми-ёнаи умуми рақами 12 ба хотир меоянд. Ҳамон мак-табе, ки падарам тамоми фаъолияти худро ин ҷо сарфи таълиму тарбияи насли ҷавон намуда, бо хиради беҳамто, асолати волои инсониву созанда-гӣ, маърифату истеъдод баҳри шукуфоии минбаъ-дааш аз дилу ҷон кӯшидааст. Ҳамон таълимгоҳе, ки ба худ номи он касро гирифтааст, 50 сола гашт. Маъвои маърифате, ки кошонаи ҳақиқии илму дониш гардида, шогирдони фузунаш дар саросари Тоҷикистон ва бе-

рун аз марзи он бо азму талоши бепоён кору пайкори судбахш доранд.

Ифтихор дорам, ки падарам, собиқадори маориф, иштирокчии ҶБВ, математики шинохтаи Тоҷикистон дар мактаби мазкур фаъолият кардаанд. Донишу таҷрибаи ҳаётӣ, навоварию эҷодкорӣ, кордонии омӯз-горон буд, ки мактаби миёнаи №12 чун таълимгоҳи пешқадаму намунакор дар саросари Исфарамарз ва берун аз он номвар гардид. Теъдоди хонандагонаш сол то сол афзун гашта, аз 960 нафар то 1500 нафар расид. Барои садоқати бепоёни меҳнатӣ ва тарбияи насли арзанда қатори дигар омӯзгорон падарам низ бо нишони Аълочии маъорифи Тоҷикистон ва унвони Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гар-дидаанд.

Ин ҷашни саид-ҷашни ҳар кадом устоду толибилм, собиқ устодону тамомкунандагони мост. Ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таълимгоҳ барояшон чун гаҳвораи илму маонӣ муқаддас аст.

Замира БАЙЗОҚОВА, омӯзгор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

А з п а й р о ҳ а и п а д а р

Абдулло МАХСУМОВ,

Аълочии маорифи ҶТ, собиқадори

меҳнат.

ТИНЧЕРОВА Фаузия

Мавлютовна, омӯзгор, Аълочии

маорифи ҶТ.

АмруллохонҚОДИРОВ, омӯзгор, Аълочии

маорифи ҶТ.

Абдурауф ТУРСУНОВ,

омӯзгор, Аълочии

маорифи ҶТ.

Беҳтаринҳои дабистон

ИЗИДИНОВА Уснияхон

Усмановна, омӯзгор,

Аълочии маорифи ҶТ.

Мӯътабархон ҒАФФОРОВА,

омӯзгор, собиқадори

меҳнат.

Абдуманнон КАРИМОВ, омӯзгор,

собиқадори меҳнат.

Page 3: 44 45 2015

НАСИМИ ИСФАРА3 №

44-4

5

13 . 1

0.20

15Сана Гар набуд устод бар рўи замин,Не фазилат буду не касбу ҳунар…

Бар ту табрик аз дилу ҷони азиз!

Соли 1992 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷандро ба итмом расонида, аз ҳамон сол инҷониб дар мтму №12 ҳам-чун омӯзгори синфи ибтидоӣ фаъолият дорам. Соли ҷорӣ шӯъбаи ғоибонаи ДДХ ба номи Б.Ғафуровро хатм наму-дам. Чанд сол аст,ки роҳбари иттиҳо-дияи методии синфҳои ибтидоии муас-сиса мебошам. Иттиҳодияи фаннии мо дар сафи пеши иттиҳодияҳои фании муассиса меистад. Иттиҳодияи мето-дии синфҳои ибтидоӣ 15-нафар аъзо дошта,ҳамаи омӯзгорон ба таълим ва тарбияи насли наврас ҳиссагузор ме-бошанд.Ҳамаи омӯзгорон кӯшиш мена-моянд, ки дарсҳои худро пурмазмун ва бо усулҳои нави таълимӣ гузаронанд.

Яке аз омӯзгорони пешқадам Наби-ева Ҳаитахон устод ва маслиҳатгари тамоми омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ мебошанд. Таҷрибаи пешқадами муал-лима ба тамоми мактабҳои ноҳия паҳн карда шудааст.

Дигар устодони пешқадам ба мо-

нанди Боирова Муқаддамхон, Бобоева Муба-ширхон, Ҷӯрае-ва Муяссархон, С аримс оқова Р о ҳ и л а х о н , А к п а р а л и е -ва Хабибахон, Почоева Ино-батхон солҳои

тӯлони дар ин даргоҳи илму маърифат ба тарбияи насли наврас машғуланд.

Муваффақиятҳои иттиҳодияи мето-дии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ хеле назарррас аст. Омӯзгорони мо Бобоева Мубашира, Бобоев Б., Набиева Ҳ. ва Расулова М. дар озмуни “Муаллими сол” иштирок намуда, ҷойҳои ифти-хориро сазовор гаштаанд. Меҳнати пурмашаққати омӯзгорони синфҳои иб-тидоӣ буд, ки як қатор хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, са-зовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Гулсара ҶӮРАЕВА, роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ.

Хишти аввал...

Мактаб д а р г о ҳ и муқаддасу тақдирсоз аст. Маҳз п е ш р а ф -ти ҷомеа аз мак-таб асос гирифта , минбаъд дар қишрҳои дигар тарғиб меёбад.

Дар сиёсати имрӯзаи давлат ба мактабу маориф диққати махсус дода шуда, барои пешрафти он ҳа-васмандгардонии хонандагон хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Хусусан дар партави сиёсати хирадман-донаи падари маънавии миллат Эмомалӣ Раҳмон мо, ҷавонон хеле хушбахтем. Дар ин асри пуртакопӯ, ки дунё фарогири масъалаҳои зи-ёди сиёсист, мо халқи тоҷик бета-раф нестем. Мақсади сарвари мо барҳақ дуруст аст.

Мо, ҷавонони даврони истиқлол дар ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем. Ба қадри ин давлату миллат, Сарвари оқилу хирадманд бирасем.

Ман хушбахт аз онам, ки дар мактаби овозадори рақами 12 таҳсил дорам. Чун хатмкунандаи 51-умини мактаб ва гирандаи идро-ри Президентӣ ҷомеаи 1412 нафа-раро ба хондану аз бар намудани илму маърифат даъват мекунам.

Ҷашни таълимгоҳ барои устодон ва шогирдон муборак бод!

Саида ҶӮРАЕВА, хонандаи синфи 11, гирандаи идрори

Президентӣ.

Дар мактаби азизи мо ҳар як чиз дар олами ниҳони худ асроре дорад. Дар ин боргоҳи маърифат дунёи маънавӣ тамоман дигар аст. Ин ҷо макони муқад-дас ва манзили дуюми мо буд. Ҳар чизе, ҳар донише, ки бо худ гирифтем, яъне он таҳкурсиеро, ки ба мо, устодон гузо-шта буданд, то ба ҳол ба кор меоянд ва худ онро мустаҳкам карда истодаем. Ин ҷо набуд муаллиме, ки бе таҷриба бо-шад. Ҳама хубу меҳрубон ва арзанда буданд. Бахусус омӯзгорони варзида Самадова Б., Атохонова Ҳ., Раззоқова Ҳ., Мамадов М., Байзоқова З., Умаро-ва Ҳ., Парпиева М., Қодиров А. ва ди-гарҳо...

Имсол мактаби азизи мо ҷашн дорад, ҷашни панҷоҳсолагӣ. Гумон мекунам ин барои кулли мардуми Исфараи азиз иди бошукӯҳ аст. Ва ин тантанаро ба ҳар як устоду шогирди мактаб сами-мона шодбош мегӯям. Бигзор муал-

лимони мӯҳта-рами мо рӯйи хастагиву ғамро набинанд, шо-гирдони мак-таб мудом соҳибэҳтирому қадрдон, сарба-ланду шодмон ва дар рушди илму маърифат

саҳмгузор бошанд.Ҷашн муборак, пайвандони мактаби

овозадори Исфараи бостонӣ!Нигина УСМОНОВА,

дастпарвари мактаб, донишҷӯй факултаи

журналистии ДМТ.

1 сентябри соли 1982 бори аввал модари азизам маро ба мактаби миёнаи №12, маъмул дар байни ис-фарагиҳон чун «Мактаби чилсо-лагӣ» оварданд.

…Муаллимаи а в в а л и н а м о н Бобоева Очахон қабул карда, ба қавле «Дасти каҷи моро рост намуданд».

Минбаъд дар солҳои мактабхонӣ аз дарсҳои устодони бузурги дабисто-нам Раззоқова Ҳавохон, Ҳамдамов Ко-

милҷон, Бобоев Шаҳобиддин, Тинчеро-ва Ф.М. Амонуллоев Орифхон, Каримов А., Ҳабибов А., Ашўров Б., Умарова Ҳ., Умархўҷаева М., ки хар яке таҷассу-ми хоксориву фурўтанӣ, шикастанафсӣ, соҳибмаърифату соҳибхирадӣ мебо-шанду маҳбуби атрофиёну ифтихори шогирдонанд, баҳра бардоштаам.

Имрўзҳо мактаби азизам ҷашн дорад.Ҷидду ҷаҳди устодону шогирдон калон аст. Банда низ кўшиш дорам,ки дар ин кори хайру савоб ҳиссаи арзанда дошта бошам.

Умед мекунам, ки асрҳои аср мактабу муаллими тоҷик ба фарзандони мо са-бақи Имону Инсоф , Сулҳу Ваҳдат Са-доқату Матонат, Бовариву Эътиқод ва Ватану Ватандорӣ диҳад.

Боқӣ ба ҳама ҳаммаслакону ҳампе-шагон муждаи ин ид муборак бошад!

Шаҳло АБДУМАННОНОВА, омӯзгори мактаб.

Ҳар як падару модар ме-хоҳад,ки фарзандаш дар мак-таби шоистае таҳсил намояд.Хушбахтона маро волидонам ба чунин мактаб барои таҳсил намудан овардаанд.Имсол ман дар синфи 11 таҳсил намуда истодаам. Дар тӯли 11-сол, 11-соли бебозгашти наврасии худ аз устодони беҳтарин са-бақ гирифтам.Оламу одамро

шинохтам,баду некро аз ҳам ҷудо мекардагӣ шудам. Имрӯз хатмкунандаи мактаби миё-наам. Хурсанд аз онам,ки ма-кони ганҷу маърифат,макони даврони кӯдакии беолоишам, мактаби овозадорам, мактаби

“40-солагӣ” ҷашни 50-солагии таъсисёбиашро бо омӯзгоро-ну толибилмонаш қайд карда истодаасту ман ҳам дар қатори онҳоям...

Азизахон ҶӮРАЕВА,хонандаи синфи 11в.

Ҳар гоҳ аз наз-ди бинои б о ҳ а ш а -мати му-а с с и с а и давлатии т а ъ л и -мии №12 г у з а р а м , д а в р о н и бебозгашти ширину гуворои нав-расӣ ва ҷавонӣ ба ёд меоянд.

Ин бинои азизу мӯътабар маро чун оҳанрабо сӯйи худ мекашад. Солҳо ба мо сабақ дод, илм омӯ-зонд ва мисли модари ғамхор тарбия намуд.Маҳз файзу бара-кати таълиму тарбияи устодон буд, ки ман як духтари оддӣ, фар-занди шахси соҳибмаърифат ва мутахассиси варзидаи соҳаи ки-шоварзӣ ба ин дараҷа расидам.Барои ин як умр аз устодонам Рогачева Н.Н, Раззоқова Ҳ, Ма-мадов М, Байзоқова З, Ашӯров Б миннатдорам. Ҷашни нимасраро ба кулли устодонам, ҳаммакта-биёнам ва падару модарон мубо-рак мегӯям. Бигзор мактаби ово-задори № 12 50-солаҳои дигар чунин шӯҳратёр бимонад.

Фотима Ҷалилова,хатмкунандаи соли 1985,

директори ҶДММ ТАҚХ "Ар-ванд", вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр.

Хушбахтам,ки парвардаи домони поку пурмеҳру пурсаховати дабистони номдори № 12 ҳастам. Соҳиби имону инсофу виҷдон гаштанро аз устодо-ни мактабам ба мерос гирифтам. Ре-зачини хони пурғановати омӯзгорони шӯҳратёри ин таълимгоҳам. Аз табақи сабақҳои устодони ин маърифатгоҳ баҳраҳо бурдаам. Аз чашмаи бедареғи он ба серӣ нӯшидаам.

Чун ба сӯйи ин махзани илму ҳикмат менигарам,ё аз наздикиаш мегузарам, ё ба остонаш по мегузорам,дилам аз

фараҳ лабрез мегардад.Кӯдакию нав-расию ҷавонии хешро аз ҳар як зарраи пайкари он меҷӯям.Гӯйё чандин сол ҷавон мешаваму худро хаёлан дар ка-нори мактабам, паси партаҳои он,рӯ ба рӯи устодонам мебинам.

Ҷашнат муборак, мактабам!Саҳобахон ҲУСЕЙНОВА, хатмкар-

даи соли 1978, Аълочии матбуоти ҶТ, сардори алоқаи почтаи шаҳр.

Ошёни меҳр50-солаҳои дигарат бод!

Мактаби азизамШукрона

Хонаи умедҳо

Порае аз иншо

Бобомиршоҳ АШӮРОВ, омӯзгор, Аълочии

маорифи ҶТ.

Мубашшира БОБОЕВА, муовини директор.

Нигора ОТАБЕКОВА,

муовини директор.

Мафтуна МИР-

КАРИМОВА, омӯзгор.

Нигина ФАТТОЕВА,

омӯзгор.

Машҳура ДОВУДОВА,

омӯзгор.

Машҳура ИСМОИЛ-ҶОНОВА, омӯзгор.

Беҳтаринҳои дабистон

Беҳтаринҳои дабистон

Саодатхон МАМАДОВА,

омӯзгор, Аълочии

маорифи ҶТ.

Муҳиддин МАМАДОВ,

омӯзгор, Аълочии

маорифи ҶТ.

Оқил ЮНУСОВ, омӯзгор.

Гулнора УМАРОВА, омӯзгор, Аълочии

маорифи ҶТ.

Лутфуллоҳ ФАЙЗИЕВ, омӯзгор, Аълочии

фарҳанги ҶТ.

Муқимҷон ҒОИБОВ, омӯзгор.

Оминахон ЮНУСОВА,

мудири хоҷагӣ.

Муқаддам-хон

БОИРОВА, омӯзгор.

МуқаддамхонБОИРОВА, омӯзгор.

Page 4: 44 45 2015

НАСИМИ ИСФАРА4 №

44-4

5

13. 1

0. 20

15Фарзандони ту, Исфарамарз!

«НАСИМИ ИСФАРА»МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА

САРМУҲАРРИРАбдумуталиб ШАРИФОВ

Ҳайати эҷодӣ:Субҳиддин САЙФИДДИНОВ,Владимир МАРТИНЕНКО,Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маво-деро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муллифон вогузор аст.

Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Дар ҶДММ "Вектор-Канд" чоп шудааст. Супориши № ____________

Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10.Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57.Еmail: [email protected]

Масъули шумора: Н. ХУДОЙБЕРДИЕВ.Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА.

Иҷозат ба чоп: 12. 10. 2015.Адади нашр: 4550.

Ҷомеаи меҳнатии омӯзгорони литсейи № 3, деҳаи Ворух аз фавти бемаҳали омӯзгори таъ-лимгоҳ, Аълочии маорифи ҶТ БОБОНИЁЗ НАДИРОВ ниҳоят андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардӣ ва аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳад.

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД

Шартномаи хариду фурӯши ин-шоот, ки ба номи Аҳмадов Муҳамад Тухтаевич дар идораи нотариалии шаҳри Исфара аз 22 майи соли 2013 бо силсилаи СД №0300484 ба

қайд гирифта шудааст. * * *

Шиносномаи техникии иншо-оти мазкур, ки аз тарафи КФБТ-и шаҳри Исфара бо рақами 388 аз 21.05.2013 ба номи Аҳмадов Муҳа-мад Тухтаевич додааст.

Ба фикрам чунин ном ниҳодан ба ма-води мазкур ба воқеият наздиктар аст. Зеро қаҳрамони мо Абдунаим Маллаев дарҳақиқат барои мардуми Ворух мақбул-тарин, маҳбубтарин, донишмандтарин ва дастрастарин табиб аст. Ҳар каси ниёзманд кай вақте ва дар кадом ҳолате бошад, ба ӯ бемалол ва бо дили пур муроҷиат карда ме-тавонад. Ӯ монанди бархе аз табибон нест, ки бемор ё бемордор дар лаҳзаҳои зарурӣ ба суроғашон бо шубҳа ва андешаи «Оё га-памро мегирифта бошад?» равад.

Рӯзона дари ҳуҷраи корӣ ва шабонгоҳ дарвозаи ҳавлиаш ба рӯи корафтодагону ҳоҷатмандон боз аст.

«Духтури бечораҳо»-мегӯянд шӯхиомез одамон. Ба Худо, ки рост аст, ӯ бо марҳа-ми сухан, бо нӯшдоруи сӯзан, бо санҷиши амиқу ташхиси дақиқ чораҷӯву чораёби афроди дар чорроҳаи ранҷу иллат бечора мебошад.

* * *Чун бо ӯ ҳамсабақам ва панҷоҳ сол ме-

шавад, ки ҳамнишасту ҳамсӯҳбат ҳастем, аз ҳама фазилату хислат ва табиату фитраташ

нағз огоҳӣ дорам. Ман нағз медонам, ки ҳан-гоми дар ягон маърака ё гапи ҳамсинфон нишастанамон агар ба Абдунаим «визов» шуда монад, дақиқае ҳам таъхир намекунад. Бидуни нею нестон, аз баҳри ҳама нуқлу наво гузашта, ба ёрии дардмандон мешито-бад. Маътал кардани нафареро ба худ раво намебинад. Кори заруртаринаш бошад ҳам, як сӯ мегузораду сӯи касал медавад.

Ман нағз медонам, ки ӯ худ боре гириф-тори беморие шуда, шаш моҳ дар хона рӯи бистар хобид. Шаш моҳ азоби дард каши-ду заҳри ранҷро чашид, ба қавле машаққа-ти бемориро дар тани хеш комилан эҳсос намуд. Ҳамон рӯзҳо дардошнову мутакко ҳамсари дилсӯзаш буд, ки мегуфт:

-Дуруст шуда, аз ҷо хезанд, Худо хоҳад, як пояшон дар хизмати халқ мешавад.

Худованд ба дилу нияти шарики умраш кор карду пас аз сиҳат ёфтану ба по хестан аз ҳамон дам боз Абдунаим шабу рӯз, бетанаффус дар пайи хизмат ва та-бобати мардум аст. Ӯ дар ин роҳ боре ҳам хаста, рӯҳафтода ва дилмонда нашудааст. Бинобар ин номаш, каломаш ва доруву

дармонаш бештару пештар аз дигар дух-турони ҳамкасбаш вирди забони мардуми деҳа мебошад.

* * *Вай марди ҳалиму қобил, оддиву содда-

дил, хилқаташ амсоли хилъаташ сафеду тоза, табибест дорои дониши бақувват, ма-лакаю истеъдоди баланд.

Як ман не, садҳо нафар ҳамдеҳагон, ҳам-касбон, ҳамдарсони айёми донишгоҳиаш бар ин ақидаанд:

-Агар Абдунаим шароити хонаводаро сар-фи назар карда, баъди хатми мактаби олӣ дар Душанбе ба кор мемонд, ҳоло дар сафи олимони соҳаи тибби тоҷик бегуфтугӯ мақо-ми намоёнеро соҳиб мегардид. Далели бо-эътимод ба ин суханон муддати таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ гирандаи стипедияи ле-нинӣ будани дӯсти мо мебошад.

Имрӯз ҳам ӯ аз мутолиаву омӯзиш, ҷу-стану навистан дур нест. Ҳарчанд духтури дараҷаи олисту нишону унвоне надорад, барояш мукофоти бебаҳо-ин эътироф, эъ-тиқод ва эҳтироми халқ аст.

Ба синни шаст расидӣ, марҳабо, дӯст,Зи шасти худ нагард асло қафо , дӯст.Нишастӣ дар дилу дар чашми мардум,Равӣ то шасти дигар бебало, дӯст.

Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.

ДУХТУРИ ДАРАЧАИ ОЛИ

Мардум боварӣ доранд

Дар ҳар ҷомеаи меҳнатӣ шахсоне ҳастанд, ки бо хислату рафтори нек, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа намунаи ибрат ва боиси пешрафту обрӯи коргоҳ ҳастанд.

Хушбахтона дар беморхонаи мо Абдунаим Маллаевич ҳамчун духту-ри муолиҷавӣ фаъолият доранд, ки туфайли дониши баланд, маҳорати касбӣ ва муносибати гарму самимӣ бо мардум ном баровардаанд. Назди дари ҳуҷраи қабули ин табиби муш-фиқу маҳбуб мудом серодам аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки одамон ба худи Абдунаим Маллаевич, ба таш-хису тавсияҳои ӯ боварӣ доранд.

Дар ин рӯзҳои шастсолагии ҳам-касби гиромӣ орзумандам, ки соли-ёни дароз фаъолияташон дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ бобарор, зинда-гиашон пуранвор ва саломатиашон устувор бимонад.

Каримахон ҲАКИМОВА, сардухтури беморхонаи №1,

вакили Маҷлиси вилоятӣ.

Одати шогирдона

Субҳгоҳон ҳангоми ба шӯъбаи амрози дохи-

ла ба кор омаданам, аввал ба ҳуҷраи кории устоди азизу меҳрубонам Абдунаим Маллаев назар меандозам. Вақте мебинам, ки он кас машғули муоина, навиштани таъинот, таскину умед бахшидан ба беморон ҳастанд, табъам рӯшан мешаваду бо дили гарм ба кор сар ме-кунам. Ин ҳолат барои ман давоми фаъоли-яти чандинсолаам одат шудааст. Зеро беҳик-мат нагуфтаанд:

Бувад ҳар кор бе устод душвор,Нахуст устод бояд, в-он гаҳе кор.Абдунаим Маллаев инсони хеле нармгуф-

тор, салобати хоксоронае доранд, ки нишон аз шахсияти бузург буданашон мебошад. Ман ҳамчун ҳамшираи тиб таҳти роҳбарии ин мар-ди наҷиб ба беморони бистаригашта хизмат мерасонам ва хуб медонам, ки он кас бо та-моми ҳастӣ кор мекунанд. Ба як маънӣ агар гӯем, ҳатто ба сархориву таомхӯрӣ дасташон намерасад. Муомилаашон бо ҳама одамон як хел, ҳамаро бо нигоҳи гарму сухани нарм қа-бул ва гусел мекунанд. Аз ин сабаб Абдунаим Маллаев табиби писанддидаи ворухиёнанд.

Табассума ШАРИФОВА, ҳамшираи тиб.

Бо миннат кор намекунанд

Муддати 23 сол аст, ки бо Абдунаим Мал-

лаев аз наздик ҳамкор ҳастам. Ин шахси кордону табиби нуктадон аз ҳар ҷиҳат ло-иқи таъриф мебошанд. Ягон маротиба хоҳ дар ҷои кор, хоҳ дар кӯча ва ё нимаи шаб ба беморон боминнат хизмат накарда-анд. Фақат бо меҳрубониву ширинзабонӣ ҳоҷатбарори онҳо ҳастанду мебошанд.

Дар маҷлисҳо ба мо, ҳамшираҳои тиб аз боби муносибат бо беморон суханҳои пандомез мегӯянд, барои сайқал ёфтани донишамон дарсҳои омӯзишӣ ташкил ме-кунанд. Хуллас, ғамхору хайрхоҳи ҳамко-ронанд.

Лаҳзае, ки ба бемор дору мегузаронам, устод Маллаев сари болини бемор истода мегӯянд:

-Оҳиста сӯзан зан, ки ҷони беморро азоб надиҳӣ.

Дигар хислати некашон ин аст, ки дар ба-робари бемор дарду ранҷ мекашанд.

Мавлуди шастсолагиро ба Абдунаим Маллаевич бо камоли хушнудӣ табрик ва садсола шавед, мегӯям.

Тӯхтахон МИРРАҲМАТОВА, сарпарастори беморхона.

Суханашон шифобахш

Маллаев Абдунаим. Ин ному насаб вирди забони тамоми сокинони Ворух мебошад. Зеро ҳар шахсе, ки ба беморхона меояд, ин табиби номиро пурсон мешавад. Маълум аст, ки қадру манзалати инсонӣ ва маҳорату таҷрибаи дух-турии он кас ба ҳамагон хуш омадааст.

Барои ҳамшираҳои тибби беморхона Аб-дунаим Маллаев ҳамчун устод ба шумор мераванд. Моро тарбиятгар, раҳнамо ва

кӯмакрасон дар ҷодаи назорату табобати бе-морон ҳастанд.

Аз миёни ҳамкорон ман зуд-зуд бемор ме-шавам. Вақте ба он кас муроҷиат мекунам, бо лутфу зарофат «байни коргарон аз ҳама чаққонтару серҳаракатӣ, ту касал не, рав аз пайи кор шав»- мегӯянд. Суханони ширинашон дар гӯш андармони кор мешаваму нотобиамро фаромӯш мекунам.

Мисли ман Абдунаим Маллаев ҳазорон на-фар беморонро бо шаҳди забон табобат кар-даанд.

Муқсида ПӮЛОТОВА, ҳамшираи тибби шӯъбаи кӯдакона.

Маскан дар дилҳо

Зистан маънои зиёдеро ифода мекунад, чунон бояд зиндагӣ ба сар бурд, ки аз ёди мардум фаромӯш нагар-дад. Ва роҳе интихоб карда-аст, ҳақиқатан роҳи пурша-раф бошад.

Зиндагиномаи духтури амрози даруни дараҷаи олӣ Абдунаим Маллаев ҳамин маъниро дорад. Дар давоми 36 соли кораш ҳазорон бемо-ронро табобату сиҳат наму-да, ба онҳо хурсандиву шодӣ овардаву дар дилҳои мардум маскан гирифтааст. Хоксо-ртарин шифокор, ғамхорта-рин табиб ва меҳрубонтарин дӯст аст. Абдунаим духтури ҷӯяндаву эҷодкор аст. Пай-

васта меомӯзаду ба амал татбиқ мекунад. Навиштаҳои ӯ дар ҳафтаномаи «Саломат бошед» пайваста чоп меша-вад.

Мегӯянд, ки халқ духтури худашро худ интихоб меку-над. Вай духтури беморхона бошад ҳам, аз пагоҳ то бегоҳ дар қабулаш беморон навбат мепоянд.

Абдунаим Малаев хоҳ рӯ-зонаю хоҳ шабона, хоҳ дар кӯчаю хоҳ дар хона хоҳишу илтимоси ягон беморро ба замин нагузоштааст.

Чун имрӯз ҳамкори азиза-мон ба домани шаст омада-анд, орзу мекунем, ки боз 60 соли дигар хаставу пир на-шуда, дар ҳифзи саломатии мардум бошанд!

Саидхӯҷа ҚИРFИЗОВ, духтури дараҷаи олии

беморхонаи № 1.

Дили бузург доранд

Ҳар гоҳ сари хаёл меоям: табибон зиёданд, вале мисоли Абдунаим Ма-лаев ба касби худ содиқ, ба беморон ҳозиқу мушфиқу меҳрубон камшумо-ранд. Ба ин марди сурату сираташ по-киза Худованд ҳам дили бузург ва ҳам бахшояндаро ато намудааст. Бо хурду калон баробар, ба марду зан тимсоли модару падар муомилаву муносибат мекунад. Сиришташ гӯё батамом аз гили раҳму шафқат ва хайру сахову савобҷӯй офарида шудааст.

Боре як ҷавони бадахлоқ нисба-таш суханҳои ноҷо ба забон оварда, ӯро таҳқир намуд. Вақте кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, аз Абдунаим Маллаев ҳолати воқеаро пурсиданд, ӯ бо ҳамон хоксориву бомулоҳизагии ба худ муносиб гуфт:

-Ҳеҷ гап нашудааст…Аз соати панҷи субҳ ба беморхона

меояд ва то нисфи шаб саргарми му-оинаҳо, қабули беморон ва нависона-вис мешавад. Дар хона ӯро интизорӣ мекашанд, изҳори ташвиш мекунанд, вале ӯ банди иҷрои вазифа мебошад.

Ба садҳо не, ба ҳазорон мардуми бемор марҳами ҷон шуда, ба қалби ҳазорони дигар хурсандӣ бахшидааст.

Инсони ҳалолу боимон, табиби оқилу бовиҷдон мебошад.

Бинобар ин халқи Ворух ӯро дӯст ме-доранд, ҳурмат мекунанд, дар ҳаққаш суханҳои нек мегӯянд. Чӣ тавре ки як нафар дӯсти Абдунаим Маллаев дар шеъраш мегӯяд:

Агар дар деҳа сад марди асил аст,

Аз он садтан якеаш ту, бародар.Агар дар деҳа даҳ марди асил

ҳаст,Аз он даҳ тан якеаш ту, бародар.Ман бо ин навишта ҳамфикрам,

зеро ҳақиқати комил аст.Тобона ТОҶИЕВА,

ҳамшираи тиб.

Page 5: 44 45 2015

ДидгохЗамимаи нашрияи "Насими Исфара", № 2

Суди Олӣ аризаи Прокурори гене-ралиро дар бораи ташкилоти экстре-мистӣ (ифротгароӣ) - террористӣ эъти-роф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ карда-ни нашри рўзномаи «Наҷот», бастани вебсайти интернетии хизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн наму-дани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки Ҳизби Наҳза-ти Исломии Тоҷикистон 4-уми дека-бри соли 1991 ташкил шудааст.

Солҳои 1992 - 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентя-бри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Гарчанде таъиноти асосии таъси-сёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷи-кистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротга-роӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воси-таҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамо-яд.

Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъ-зои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсу-сан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷино-ятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии ав-зои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷа-вобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъ-ияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Дав-латов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахал-луси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хиз-матчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок наму-да, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои ки-миёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Ка-рамхудоев Шерик бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додаанд.

Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Ис-фара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шари-пов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдуму-бин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исло-мии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсу-сан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хўрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ бо-шад, 5 аъзои ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Аб-дуллоев Ҷ. барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохта-ни амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар купруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳба-ри ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

Чунин парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳо-лати афрохтани парчами “ДИИШ” дар ноҳияи Шаҳритуз низ мавриди тафти-шот қарор дорад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигаp аъзоёни Раёсати Олии ин ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути рўзно-маи “Наҷот” ва дигар воситаҳои ахбо-ри омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар бай-ни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар руҳияи бадбинию мухолифи сиё-сати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монда истода-анд.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар

аъзои Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назар-зода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухо-лифин ва дигарон зиёда аз 20 гурӯҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъо-лияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Тибқи нақша мебоист, ки як гурӯҳи 40 нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи би-нои Қасри Миллат, як гурӯҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷиноят-корӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои му-ташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медо-данд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, бо сарлавҳаи “Барода-рони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳиз-би Наҳзати Исломи Тоҷикистон ха-стед!!!”, дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро меда-раду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред, бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мул-кию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш ме-канем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.

Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳоки-мияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими

“золимонаю бедин” муаррифӣ гарди-да, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлат-дорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сар-нагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад.

Бо ин мақсад, шаби 03 ба 04 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин задаанд.

Аз ҷумла, Назарзода А.М. бо сўии-стифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарва-рони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар якҷоягӣ бо гуруҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар аз ҳисоби шаҳрван-дони ғайринизомӣ навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазо-рати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоот-ҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намудаанд.

Ҳаракатҳои ҷиноятии худро идома дода, Назарзода А.М. ва ҳаммаслакони ў, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, генерал-майор Са-идзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии № 08050 -ро дар Вазорати му-дофиа ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Дар фосилаи зикршуда зиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи На-зарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ му-айяншудаи собиқ “Хлебзавод”, воқеъ дар ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати Калашников, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мерга-нии оташфишонӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзо-ёни гурўҳи ҷиноятии худ бо сӯиисти-фода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 автомати Калашников, 9 гранатомёт, 5 милтиқи снайперии Драгунов (СВД) ва 8 пулемёти дастии Калашниковро та-сарруф намудаанд.

Минбаъд, Назарзода А.М. ва ди-гар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ ба

кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амния-ти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд.

Аз маводҳои таркандаи намуди но-ринҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардо-штанд.

Ғайр аз ин, дар сомонаҳои расмии ҲНИТ хабарҳои иғвогарона паҳн карда, барои сарнагун кардани сохти консти-тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъ-ват намудаанд.

Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибих-тиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ ха-лалдор созанд.

Оиди аз ҷониби ҲНИТ бартараф на-мудани қонуншиканиҳои дар фаъоли-яташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин мароти-ба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ на-карда, амалҳои ҷинояткоронаи худро барои ғасби ҳокимияти конститутси-онӣ тарҳрезӣ намуданд.

Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки мақсади асосии Ҳизби наҳзати исло-мии Тоҷикистон аз сарнагун намуда-ни сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳиз-бҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳиз-бҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гуруҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикр-гардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти иф-ротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва со-монаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қа-ламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳ-сол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб намудани манъ кард.

www.khovar.tj

ҲНИТ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ карда шуд

Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Ис-тиқлолияти Тоҷикистон, ки мардуми шарифи тоҷик бо барномаҳои рангин, дар пайи таҷлили он қарор доштанд, фазои мусаффои кишварро якбора ғубори тирае фаро гирифта, намуди идонаи шаҳру деҳ ва табъи болидаи шаҳрван-донро хира сохт. Чӣ нохалафе ба ин кор қодир буд, чӣ нерӯи аҳримание суботи кишварро ба нооромӣ табдил дода, хуни ноҳақи ҷавонон-ро рехт? Кадом ҷинояткоре бори дигар ашки модари тоҷикро резонд? Хиёнат! Хиёнат зери парчами Ислом. Ислом бори дигар аз ҷониби исломгароён сӯистифода гардид. Дар атро-фи ин вожа бори дигар амалҳое мисли дуздӣ, авомфиребӣ, куштор ва аз ҳама бадтар хиёнат ба Ватан рух дод. Хиёнаткор, ки бо ифтихор ба худ лақаби "ҳоҷӣ"-ро гирифта буд, ҳам ба дину ҳам ба Ватан ва ҳам ба миллат хиёнат кард... Ин бор низ дастпарварони Ҳизби наҳзати ис-

лом осоиштагиро халалдор сохтанд.Хиёнат ва хиёнаткорӣ аз амалҳои зиштеанд,

ки башарият аз қадимулайём баъзан туъмаи он гардида, ба шикастҳои андаке ё бузурге рӯ ба рӯ мегардад. Вале, вақте ки хиёнат аз дохил cap бизанад, он мудҳиштарин хиёнат аст. Му-таассифона, Абдуҳалим Назарзода ва ё ҳоҷии хиёнаткор дар Вазорати дифоъ то ба рутбаи генералӣ расида, аз ҳаққи сарбозону муҳофи-зин баҳри корҳои сиёҳи худ муздурони хоинро тарбия ва маблағгузорӣ карда, дар пайи нобуд сохтани кишвари азизамон будааст.

Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқро-ри сулҳу вахдат пойдории онро маҳкаму усту-вор гардонида, баҳри ба роҳ мондани ояндаи

хушу саодатмандона талош меварзад. Вале ин сулху осоиштагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз барои устувории оромиш чунин ашхо-се мисли ҳоҷӣ Ҳалим ба сохторҳои қудратӣ роҳ ёфтанд. Бо вуҷуди тарбия ва то ба рутбаи генералӣ расонидан, ниҳоди ӯ пок нагардид. Дар сарзамини биҳиштосо бидуни меҳнати ҳаққу ҳалол, бо роҳи қаллобӣ ва авомфиребӣ соҳиби сарвати ҳангуфте гардида, оқибат ба намакдон туф кард.

Мунтазам дар расонаҳои даврӣ табақаи соҳибқалами кишвар аз бедодгариҳо ва ха-робкориҳои Давлати бо ном исломӣ дар ҷаҳо-ни араб сухан ронда, бехабар монданд, ки дар ҷомеаи мо низ чунин хунхорҳо бо бароварда

сохтани ормонҳову нишондодҳои хоҷагона-шон, чун гург дар либоси меш то ҳанӯз фаъ-олият доштаанд. Мардуми тоҷик то ба даст овардани сулҳу оромӣ рӯзҳои мудҳишеро паси cap карда, беҳтарин фарзандони фарзо-наи миллатро, ки баҳри муҳофизати якпор-чагии кишвар сина сипар намуда буданд, аз даст доданд. Шояд ононе, ки азми иштирок дар ДИИШ-ро карда, ба Сурия мерафтанд, бо ҳидояту роҳнамоии ҳоҷӣ Ҳалимҳо ин ҷодаро интихоб мекардаанд.

Ақли солим қобилияти дарки чунин зуҳу-ротеро надорад, ки чӣ гуна шахси дар зиндагӣ таъмин, дар интихоби ду самт - ободиву ха-робӣ роҳи фитнаро қабул мекунад. Дар муқо-били хоини миллат сухан аз савганди ҳарбӣ гуфтан ҷоиз нест, зеро ин ду омил аз якдигар тафовути зиёде доранд.

(Давомаш дар саҳ.2).

Хиёнати дастпарвари ҲНИТ

Page 6: 44 45 2015

Верховный Суд рассмотрел за-явление Генерального прокурора о признании Партии Исламского Возрождения Таджикистана экстре-мистско-террористической организа-цией, прекращении деятельности и ликвидации партии, в том числе пре-кращении издания еженедельника «Наджот», закрытии интернет-сайта вышеуказанной партии и запреще-нии ввоза, распространения аудиови-зуальной продукции, газет, литерату-ры и листовок партии.

Установлено, что Партия Исламско-го Возрождения Таджикистана созда-на 4 декабря 1991 года.

В 1992-1997 годы Партия Ислам-ского Возрождения Таджикистана функционировала на территории Исламской Республики Афганистан, после заключения Всеобщего согла-шения об установлении мира и наци-онального согласия была разрешена деятельность партии в Республике Таджикистан, 28 сентября 1999 и 15 октября 2003 года она вновь была за-регистрирована в качестве политиче-ской партии.

Несмотря на то, что основным предназначением образования ПИВТ являлась защита политиче-ской, экономической и культурной независимости, сохранение единства и территориальной целостности Тад-жикистана, защита установления мира, обеспечение национального единства и братского сосуществова-ния народов республики, в последние годы её члены совершали большое ко-личество преступлений террористи-ческого и экстремистского характера, разжигают среди населения, в том числе путем использования средств массовой информации, недовольство, вражду и неприязнь. Эти их действия, становясь причиной нарушения спо-койной жизни граждан и безопасно-сти общества, угрожают основам кон-ституционного строя и суверенитета Республики Таджикистан.

Только за последние пять лет 45 членов ПИВТ совершили тяжкие и особо тяжкие преступления, 17 из них привлечены к уголовной ответствен-ности за совершение преступлений экстремистского и террористическо-го характера, таких как организация преступных сообществ и участие в них, массовые призывы к изменению конституционного строя Республики Таджикистан насильственным путем и разжигание религиозной вражды и ненависти, способствующие дестаби-лизации политической ситуации.

Например, председатель ячейки ПИВТ в Раштском районе Давлатов Хусниддин в составе террористиче-ского сообщества «Джамаат Ансо-руллох» («Общество сподвижников Аллаха»), под руководством Давлато-ва Аловуддина по прозвищу «Алии Бедаки» и Рахимова Абдулло по про-звищу «Мулло Абдулло» в 2010 году в Раштской долине принимал участие в убийстве 25 военнослужащих Ми-нистерства обороны Республики Тад-жикистан, был задержан при достав-ке названному террористическому

сообществу химических веществ для изготовления взрывчатых устройств и приговорен к лишению свободы на срок 11 лет и 6 месяцев.

Руководитель областного отдела ПИВТ в ГБАО Махмадризоев Сабзали и председатель его ячейки в городе Хорог Карамхудоев Шерик принима-ли участие в массовых беспорядках в июле 2012 года в городе Хорог и близ-лежащих к нему районах, оказывали вооруженное сопротивление предста-вителям власти.

Активные члены ПИВТ в городе Исфаре Шарипов Мукаррамхуджа, Шарипов Мусайямхуджа и Турсунов Абдумубин в январе 2008 года не-сколько суток укрывали в своих домах, обеспечивали ночлегом и пищей ак-тивистов террористической организа-ции «Исламской партии Туркестана» Каюмова Абдуфатто и Бобоева Аб-духолика, вооруженных огнестрель-ными оружиями и находящихся в розыске правоохранительных органов за совершение убийства офицера ми-лиции и ряда других особо тяжких преступлений, и сами также вступили в это преступное сообщество.

11 августа текущего года 5 членов ПИВТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров К., Ходжамуродов Т. и Абдуллоев Дж. вывесили флаг террористической и экстремистской организации «Ис-ламское государство» на мосту села Чашма-1 города Нурек с целью раз-жигания политической и религиоз-ной вражды и ненависти, нарушения общественной безопасности и устра-шения населения. К этим незаконным действиям имел непосредственную связь также Манонов Курбон - руково-дитель ПИВТ в ячейке города Нурек.

Такое же уголовное дело расследу-ется относительно обстоятельства вы-вешивания флага «ИГИЛ» в Шаартуз-ском районе.

Председатель ПИВТ Мухиддин Кабири и другие члены Верховно-го президиума этой партии с 2010 года по сей день посредством газеты «Наджот» и других СМИ, постоянно публикуя информации и статьи, раз-жигающие вражду, ненависть, наци-ональные и религиозные конфликты, осуществляют среди жителей страны агитацию и пропаганду в духе нена-висти, против проводимой конститу-ционным государством и правитель-ством экономической, социальной, культурной и религиозной политики.

С целью насильственного захвата и удержания власти, также насиль-ственного изменения конституцион-ного строя Республики Таджикистан Мухиддин Кабири и другие члены Верховного президиума названной партии совместно с бывшим замести-телем министра обороны Назарзода Абдухалимом Мирзо из числа быв-

ших боевиков Объединенной таджик-ской оппозиции и других создали в составе преступного сообщества более 20 преступных групп численностью 15-30 человек каждая для осуществле-ния своих целей, согласно составлен-ному плану, найденному в служебных кабинетах заместителей председателя ПИВТ Хисайнова Умарали и Хаитова Махмадали, обязывали их совершить вооруженное нападение на особо важ-ные государственные объекты и под-чинить себе их деятельность.

Согласно плану, вооруженные на-падения должны были совершить группа из 40 вооруженных людей с двух сторон здания Касри Миллат, группа из 25 человек на здание Ис-полнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, группа из 30 человек с трех сторон здания МВД, группа из 25 человек с трех сторон здания ГКНБ, группа из 40 человек на аэропорт города Душанбе и дру-гие преступные группы на здания Министерства обороны, Управления борьбы с организованной преступно-стью МВД, Комитета по телевидению и радиовещанию, Первого канала таджикского телевидения, ТВ Бахо-ристон, Управления и отделов МВД в городах Душанбе и Вахдат.

При обыске в рабочих кабинетах центрального офиса ПИВТ были най-дены более 30 листовок партии, име-ющие характер массового призыва для осуществления экстремистской и террористической деятельности под заглавием «Братья по Нахзату! И в це-лом все те, которые являетесь сторон-никами и сочувствующими Партии исламского возрождения Таджики-стана!!!»

Согласно тексту названной листов-ки, Верховный президиум ПИВТ в своем призыве, в частности, пишет:

«Будьте терпеливыми и ждите! Не-далек тот день, когда солнце нашего нахзата разорвёт мрачную тучу тьмы и его животворящие божественные лучи придадут свежие силы народу Таджикистана. Наши доблестные бра-тья принимают все меры. Осталось три-четыре дня. Только будьте готовы. Как только начнется, присоединитесь к нам. Берите для поля битвы все име-ющиеся средства и оружия. Мы уто-пим этих кровопийцев в их же крови. У нас есть и военные, и государствен-ники, и политики. Исламский мир поддержит нас. Иншааллах, победа за нами! Следуйте с нами! Мы иско-реним этот жестокий и антирелиги-озный режим. Наступит час победы. Будьте с ПИВТ».

В этих листовках деятельность се-годняшней власти, проводимая Пра-вительством республики политика представлены как «жестокий и анти-религиозный» режим, это свидетель-

ствует о том, что ПИВТ выступает против проводимой сегодня государ-ством политики, за политическую де-стабилизацию и нарушение безопас-ности страны, имеет цель свергнуть конституционный строй нынешнего государства.

С этой целью в ночь с 3 на 4 сентя-бря 2015 года названные лица, соглас-но своему составленному преступно-му плану, приступили к совершению тяжких и особо тяжких преступлений.

В том числе Назарзода А. М., зло-употребляя служебным положением заместителя министра обороны, как один из руководителей преступного сообщества, совместно с группой сво-их сторонников в составе 12 человек из числа гражданских лиц обезоружили дежурных контрольно-пропускно-го пункта Министерства обороны и воинской части №17615, незаконно проникли в административное здание Министерства обороны и воинской части №17615, захватили в названных объектах огнестрельные оружия, во-енное обмундирование и боеприпасы, чтобы вооружить членов преступного сообщества.

Продолжая свои преступные дей-ствия, Назарзода А.М. и его сообщ-ники в Министерстве обороны неза-конно лишили свободы заместителя министра обороны Республики Тад-жикистан генерал-майора Саидзода Бободжона и командира воинской части №08050.

В указанное время более 150 членов преступного сообщества по поруче-нию и под непосредственным руко-водством Назарзода А. М. собрались в заранее определенной местности бывшего «Хлебзавода», расположен-ного в г. Душанбе по улице А. Дониш 55, принадлежащего Назарзода А.М. , незаконно были вооружены огне-стрельными оружиями: автоматами марки АК, пулеметами, гранатомета-ми, снайперскими винтовками СВД и другими боеприпасами.

Также Назарзода А.М. вместе с другими членами своей преступной группы, злоупотребляя служебным положением и с целью незаконного вооружения оставшихся членов пре-ступного сообщества, направились в воинские части №08050 и №17651 Министерства обороны Республики Таджикистан, где захватили большое количество оружия и боеприпасов, в том числе 180 единиц огнестрельного оружия АК разных марок, 9 единиц гранатомета, 5 единиц СВД и 8 еди-ниц РПК.

Далее Назарзода А. М. и другие члены преступного сообщества совер-шили на территории города Душанбе, района Рудаки и города Вахдат воо-руженное нападение на сотрудников правоохранительных органов страны,

которые находились при исполнении своих служебных обязанностей по обеспечению безопасности государ-ства и граждан.

Используя гранаты, совершили взрывы, в результате чего погибли 10 сотрудников органов правопорядка, 7 других получили тяжелые ранения.

Кроме того, распространяя прово-кационные информации по офици-альному сайту ПИВТ, они призывали к свержению конституционного строя Республики Таджикистан.

Таким образом, лидеры и члены ПИВТ, выступая от имени священ-ной религии ислам, но против её установок, стремились посредством совершения экстремистских и тер-рористических действий нарушить национальное единство, целостность, суверенитет и общественную безопас-ность в Таджикистане.

Относительно устранения со сто-роны ПИВТ правонарушений, имею-щих место в её деятельности, в тече-ние 2014-2015 годов Министерством юстиции Республики Таджикистан неоднократно были направлены уве-домления, однако, невзирая на это, руководство ПИВТ запланировало свои преступные действия с целью за-хвата конституционной власти.

Таким образом, установлено, что главной целью Партии Исламско-го Возрождения Таджикистан было свержение конституционного строя, нарушение суверенитета, территори-альной целостности и государствен-ной безопасности Республики Таджи-кистан.

В соответствии со статей 4 Закона Республики Таджикистан «О поли-тических партиях», запрещается со-здание и деятельность политических партий, цели или действия которых направлены на экстремистско-терро-ристическую деятельность, насиль-ственное изменение конституционно-го строя и организацию вооруженных групп или пропаганду расовой, наци-ональной, социальной, местнической и религиозной вражды.

С учетом названных обстоятельств Верховный Суд, удовлетворив заявле-ние Генерального прокурора Респу-блики Таджикистан, признал Партию Исламского Возрождения Таджи-кистан как экстремистско-террори-стическую организацию, прекратил деятельность партии и ликвидировал её в качестве юридического лица, за-претил еженедельник «Наджот», за-крыл интернет-сайт вышеуказанной партии и запретил ввоз, распростра-нение аудиовизуальной продукции, газет, литературы и листовок партии.

www.khovar.tj

ПИВТ объявлена экстремистско-террористической организацией, её деятельность запрещена

Фаъолияти ҳар як ташкилоту ҳизбҳои си-ёсӣ, новобаста аз самти фаъолият, бояд ба нафъи давлату миллат равона гашта бошад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобрӯ ва ҳимоятга-ри манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намояд. Вале, мутаассифона, на ҳамаи ҳиз-бҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хиз-мат мекунад.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна нуфӯзи гурӯҳҳою ҳизбҳои сиёсии иртиҷоӣ афзуд. Яке чунин вазъиятро ба бедор гардидани ҳисси ифтихори миллии халқҳои минтақа арзёбӣ карда бошад, дигаре онро ба нафъи хеш истифода мебурд. Дар чунин як дав-раи ҳассос ба арсаи сиёсат гурӯҳҳое ворид шуданд, ки мақсади асосиашон ноором гардонидани авзои ҷомеа ва ба ин васила расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ буд. Роҳбарони чунин гурӯҳҳо бо ҳидоят ва даст-гирии хоҷаҳои хориҷиашон мардуми оди-ро бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мешӯронданд.

Натиҷаи ҳамин сиёсати ҳадафманди шахсони алоҳида буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро буҳрони сиёсӣ фаро ги-рифт. Хушбахтона, роҳбарияти тозаинти-хоби кишвар бо сиёсати хирадмандонаю

созандаи худ ва бо такя ба хиради азалии мардуми тоҷик тавонист Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озо-диро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расид. Тоҷикистон ягона давлат дар Осиёи Миёна мебошад, ки дар қаламрави он Ҳизби наҳзати исломӣ озодо-на фаъолият дорад.

Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъ-олияти худро танҳо ба хотири ноором гар-донидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, ин самти фаъолияташро то имрӯз дигар на-кардааст. Баъди имзои Созишномаи уму-мии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати мамлакат шароит фароҳам овард, то роҳбарияти ҳизб иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри пешрафту шу-куфоии Ватани азиз кору фаъолият намо-янд. Мутаасифона, онҳо ношукрӣ карда, амалҳои иғвогаронаи худро идома доданд ва имрӯз низ давом дода истодаанд.

Сокинони мамлакат тавассути шаба-каҳои телевизионӣ амалҳои ғайриинсо-нии баъзе аъзои ҲНИТ –ро бо чашми сар диданд. Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин ҳама барои бадном намудани ҲНИТ роҳан-дозӣ мешавад. Баръакс, он наворҳое, ки

пахш гардиданд, маҳз бо хоҳиш ва талаби мардуми аз дасти аъзои ин ҳизб ҷабрдида пешкаши тамошобин гардидаанд. Агар мақсади роҳбарияти ҲНИТ таҳкими сулҳу субот ва тарбияи дурусти ҷавонон бошад, пас чаро баъд аз намоиши ин наворҳо аъ-зои гунаҳгори худро даъват карда ҷазо надоданд ва ё аз узвияти ҳизб хориҷ нана-муданд? Мутаассифона, онҳо то ҳол дарк кардан намехоҳанд, ки мардум дигар ба ҳарфашон гӯш намедиҳанд ва ҷонибдори қатъи фаъолияти ҲНИТ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони мам-лакат эътиқоди диниро кафолат додааст. Идома ёфтани сохтмони масҷиди калонта-рин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бо ташаббу-си Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тарҷума ва ба нашр расондани китоби муқаддаси «Қуръон» ба забони тоҷикӣ да-лолатгари ин гуфтаҳост.

Ба қадри ин ҳама ғамхориҳо бояд расид. Мисли наҳзатиҳо ношукрӣ не, шукрона бояд кард, ки дар як давлати озоду обод зиндагӣ ва фаъолият дорем. Бо боварии том метавон гуфт, ки солҳои наздик Тоҷи-кистони барои ҳамаи мо азиз ба қатори давлатҳои рушдёфта шомил мегардад. Ҷа-вонони бо нангу номуси кишвар бояд дарк намоянд, ки дар замони муосир танҳо бо фаро гирифтани илмҳои дунявӣ ва касбу ҳунар метавон шароити зиндагии шоиста-ро барои худ ва фарзандон фароҳам овард.

Баҳодури БАҲРОМ, бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»,

№185 (22747), аз 12.09.2015 с.

(Аввалаш дар саҳ.2).Ҷанг гирдоби бузургест,

ки фурӯ рафтан ба он саҳл аст, вале хориҷ шудан ам-рест маҳол. Ин ҳолатро мо дар кишварҳое, ки дар ҳоли ҷанг қарор доранд, меби-нем. Сулҳи тоҷикон неъма-ти илоҳист, ки бо талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд. Бинобар ин ҳам мо бояд онро чун гавҳараки чашм ни-гоҳ дорем.

Мутаассифона, амали ноҷавонмардонаи ҳоҷӣ Ҳа-лим талафоти ҷонӣ ҳам ба бор овард ва бо амали дастаҷамъӣ он саркӯб гар¬-дид. Бузургон ҳатто дар пайи аъмоли зишт низ ҳикмате меҷӯянд. Гумон меравад, ки ин талоши бесамари ҳоҷӣ Ҳалим аз сӯе хуб шуд, ки сари вақт ба вуқӯъ пайвасту ба зудӣ ноком анҷомид. Вале он метавонист рух надиҳад, агар наҳзатиҳои террористе

чун ҳоҷӣ Ҳалим виҷдон ме-доштанду хоки Ватанро азиз медонистанд. Онҳо бо ду роҳ

"садоқат"-и худро ба халқу миллат нишон медиҳанд: ё ба хориҷ сафар карда аз худ ҷабрдида мешуморанд ва ё дар Ватан истода, харобкорӣ мекунанд.

Аз захоири муҳимоти ҷангии онҳо дар минтақаи Ваҳдат маълум мешавад, ки тадорукоташон зиёдтар ва тӯлонитар будааст. Мусал-лам аст, ки нақшагузории бузургу барқосо ҳам до-штаанд. Вале, тавре ки дар урфият гуфтаанд, "Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад", ҳамин буд, ки тирашон хок хӯрд.

Маъмури РАСУЛЗОДА.Бознашр аз ҳафтаномаи

«Минбари халқ», №38 (1017), аз 16-уми сентябри

соли 2015.

Хиёнати дастпарвари ҲНИТ

Ношукриҳои ҲНИТ