30 31 2015 qxp имруз layout 1

4
Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон! Хафтаномаи чамъиятию сиёси Имруз № 30-31 (309-310) аз 25 декабри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62 Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки Тоҷикистон ва халқи сарбаланди он бо кадом маҳрумиятҳову мушкилиҳо имрӯз соҳиби ояндаи дурахшону осмони соф гаштааст. Ва дар ин ҷода ба таърих рӯй овардан аз сабақ холӣ нест. Ҳодисаҳои сиёсии августи соли 1991 дар шаҳри Москва сабаб гашт, то ки аз харитаи ҷаҳонӣ номи як давлати абарқудрат, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сот- сиалистии Шӯравӣ (ИҶСШ - СССР) бар- дошта шуда, ба ивази он 15 давлати нав пайдо гардад. Дар қатори онҳо санаи 9 сентябри ҳамон сол тоҷикон низ баъд аз 1000 соли сулолаи Сомо- ниён соҳиби давлати соҳибистиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси хурсандии шаҳрвандон шуда, барои умеду орзуҳои рангин аз ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дарак дод. Чунин ҳолат бархе аз душманони миллати қадима ва куҳанфарҳанги моро ором намегу- зошт. Ин буд, ки бо мақсади аз байн бур- дани давлати ҷавони соҳибихтиёр хоҷаҳои бурунмарзӣ, бо истифода аз нерӯҳои носолими ба истилоҳ «демо- крату равшанфикр», тавонистанд дар ҳудуди Тоҷикистон бӯҳрони тӯлонии сиёсиро ба вуҷуд оварда, сипас, аз моҳи майи соли 1992 миллатро ба доми ҷанги бародаркуш кашанд. Гирдоби қазияи шаҳрвандӣ дар замоне сар зад, ки вазъи сиёсию иқтисодии ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ, бахусус Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дошт. Идеологияи коммунистие, ки зери таъсири он тӯли 70 сол якчанд насли пешин ба воя расида буд, аз байн рафт. Бар ивази ақидаҳои қаблӣ ғояҳои гуно- гуни ба мардуми мо бегона ба тарзи сунъӣ ба кишвар ворид карда шуда, са- баби нофаҳмиҳою низоъ, маҳалгароӣ ва ба якчанд гурӯҳ тақсим гардидани ҷомеа гардид. Кинаю адовати шадид ва хусумат нисбати якдигар, бесарусомо- нию беҳокимиятӣ, зуҳуроти тахрибкоро- наи диндорони ғайр ба он расонид, ки хуни мардуми бегуноҳ рехта шуд, шаҳру деҳоти минтақаҳои алоҳида ба хароба- зор мубаддал гаштанд. Аҳолии осоишта қашшоқ гашта, ақли оммаро ноилоҷию бедармонӣ фаро гирифт. Шумораи гу- резагоне, ки дар кишвари Афғонистон азобу уқубати ғарибӣ мечашиданд ба як миллион расида буд. Ба замми ин роҳбарони он давра аз ӯҳдаи иҷрои ри- солати хеш дар назди халқу меҳан на- баромада, пайдарпай ба истеъфо мерафтанд. Кор то ба дараҷае расид, ки пойтахти азизамон як муддат зери тасарруфи қувваҳои ғаразноки аз хориҷа идорашаванда афтода, ба дав- лати миллии тоҷикон хатари аз байн рафтан таҳдид мекард. Маҳз дар чунин вазъияти ноустувор, моҳи ноябри соли 1992 фалак ба тоҷикон раҳм кард. Дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, ба иҷлосияи тақдирсоз мубаддал гардид. Чунки маҳз дар он ҷо бо инти- хоб гардидан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад. «Ман ба халқу миллатам сулҳу ваҳдат меорам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намехо- бам», - ин буд аввалин суханҳои сар- вари тозаинтихоби Чумхурии Точикистон. Оре, дар пеш мушкилиҳои зиёде бу- данд, ки роҳи ҳалли онҳо дар таърихи навин амсоле надорад. Зиёда аз як миллион гуреза дар ғарибӣ, ҳазорҳо манзили валангор, корхонаю истеҳсолоти бефаъолият ва робитаҳои иқтисодии кандашуда бо кишварҳои ҳамсоя, бонкҳои холӣ, роҳҳои вайрона, мардуми бекору гурусна, ҳазорҳо яти- мон, авҷи ҷинояткорӣ, бунбасти коммуникатсионӣ, тобеияти энергетикӣ, сарҳади кушода, набудани Артиши миллӣ ва инчунин, дигар институтҳои таҷрибадори давлатдорӣ, дигар мушки- лию норасоиҳо – чунин аст меросе, ки насиби ин марди шуҷоъ гардид. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, соли 1993 Артиши миллӣ ва Гвардияи миллӣ ташкил карда шуд. Соли 1994 мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарқонун (Конститутсия)-и нав гардида, Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Дар марҳилаҳои гуногуни роҳбарӣ Ҷаноби Олӣ борҳо ҷони худро зери хатар гузошта, ба минтақаҳои даргир, аз ҷумла Афғонистон сафар кард. Бо роҳбарони мухолифини онвақта гуфтушунидҳои босамар барпо намуда, оқибат ба мақсади сулҳпарастонаи худ расид. Санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи ризоияти сулҳи тоҷикон ба имзо расида, Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт. Ҳамзамон, ҳамаи гурезагон аз ғарибӣ ба Ватани худ баргардонида шуданд. Солҳои минбаъда Ҷаноби Олӣ, Прези- денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу заҳмат ва сиёсати хирадмандонаи худ, бо гузаро- нидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ баҳри эҳё намудани таъриху фарҳанги ниёгон, пос доштани хотири фарзан- дони барӯманди миллат, бо ташаббус ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бу- зургу беҳамто, ба мисли сохтмони шоҳроҳҳою нақбҳои ҳозирзамон, роҳи оҳан, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», нерӯгоҳҳои «Помир-1», «Помир-2» ва ғайра, мусоидат ба рушди соҳаҳои мао- риф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, сохтмони иншоотҳои саноа- тию маишӣ ва манзил, муттаҳид наму- дани тоҷикони дунё, инчунин бо дигар кирдорҳои нек тавонист ба дилу дидаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ ҷой гирифта, соҳиби ифтихори миллӣ гардад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомали Рахмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, сазо- вори нуфузу эҳтироми хос гардидааст. Бо камоли эҳтиром ва боварии комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пеш- вои миллат буда, дар назди ҷаҳониён таҷассумгари симои безаволи тоҷикон мебошад. Таҳти роҳбарии Пешвои мил- лат Тоҷикистони азизро фардои дурах- шон интизор аст. БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БА ФАРДОИ ДУРАХШОН ДАЪВАТИ ИҶЛОСИЯИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ Мутобиқ ба қарори раиси шаҳри Исфара санаи 28 де- кабр Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум доир мега- рдад. Дар назар аст, ки Иҷлосияи мазкур масъалаҳои зеринро баррасӣ намояд: * Ҳисоботи раиси шаҳри Ис- фара «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара дар ёздаҳ моҳи соли 2015»; * Оид ба иҷрои буҷети соли 2014 ва тасдиқи буҷети давла- тии шаҳр барои соли 2016; * Дар бораи муқаррар наму- дани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2016; * Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Исфара дар соли 2015; * Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Сари Осиё», № 5 Ҷалилова Фотима дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ; * Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр. Озмуни вилоятии «Оилаи намунавии соли 2015» ҷамъбаст ва дар он оилаи Пӯлодовҳо аз Исфара беҳтарин оилаи эҷодкори ви- лояти Суғд дониста шуданд. Озмуни мазкур бино ба гуфти корманди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулчеҳра Раҳимова аз рӯйи панҷ бахш. аз ҷумла оилаи ҳунармандон, эҷодкорон, эҳёгари анъанаҳои миллӣ, намунавӣ ва беҳтарин оилаи ҷавон сурат гирифта, дар онҳо оилаҳо аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд байни ҳам сабқат намуданд. Дар ин озмун аз Исфара оилаи Пӯлодовҳо аз деҳаи Чилгазӣ иштирок ва дар бахши оилаи эҷодкор беҳтарин ши- нохта шуданд. Мавлонидин Пӯлодов собиқадори матбуот буда, беш аз 10 сол сармуҳарририи рӯзномаи «Насими Исфара» 1982-1992-ро бар ӯҳда дошт. Дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Машъал» ва «Ҳақиқати Суғд» фаъолият бурдааст. Замоне сарвари бах- шии Исфарагии бунёди забон буд. Ҳамсараш Ӯғулой Маҳкамова собиқадори соҳаи маориф буда, беш аз 42 сол зиндагии якҷоя доранд. Фарзандонро соҳиби маълумоти олӣ намудаанд. Фар- зандонашон ҳарчанд дар соҳаи гуногун кор менамоянд, аммо соҳиби маҷмӯаи ашъор ҳастанд. Якеи онҳо Шарофат Абдул- лоева аст, ки бо номи Шарофат чакидаҳои хомааш пешкаши ҳаводорони шеъри ноб гашта- аст. “БЕҲТАРИН ОИЛАИ ЭҶОДКОР”-И ВИЛОЯТ Давоми соли 2015 дар шаҳру деҳоти Исфара дар радифи рушди соҳаи кишоварзию таъ- миру тармими роҳҳо ва беҳтар кардани шароити кормандон ба раванди сохтмон диққати хоса доданд. Ин аст, ки айни замон сохтмони зиёда аз 60 иншоотҳои таъминоти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ роҳандозӣ гарди- дааст. Бино ба гуфти М.Бузургхӯҷаев, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар доираи амалигашти «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ис- фара барои солҳои 2013-2017» сохтмони Маркази адлия барои кормандони САҲШ, нотариус ва судиҷрочиёни шаҳр, бинои хиз- матии прокуратураи шаҳр, таъ- миру азнавсозии бинои якуми беморхонаи марказии шаҳр тибқи нақша сурат мегиранд. Инчунин мутобиқи нақшаи ге- нералии шаҳри Исфара, дар маркази шаҳр 7 бинои панҷ-ша- шошёнаи истиқоматӣ сохта шуда истодааст. Мутобиқ ба маълумоти расмӣ давоми 11 моҳи соли 2015 ба маблағи 21,4 млн сомонӣ корҳои пудратӣ дар Ис- фара ба иҷро расида шудааст, ки нисбати ҳамин да МАРҲИЛАИ ТОЗАИ БУНЁДКОРИҲО 30-31 2015.qxp имруз_Layout 1 24.12.2015 9:08 Страница 1

description

 

Transcript of 30 31 2015 qxp имруз layout 1

Page 1: 30 31 2015 qxp имруз layout 1

Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

Имруз№ 30-31 (309-310) аз 25 декабри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62

Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки Тоҷикистонва халқи сарбаланди он бо кадоммаҳрумиятҳову мушкилиҳо имрӯзсоҳиби ояндаи дурахшону осмони софгаштааст. Ва дар ин ҷода ба таърих рӯйовардан аз сабақ холӣ нест.

Ҳодисаҳои сиёсии августи соли 1991дар шаҳри Москва сабаб гашт, то ки азхаритаи ҷаҳонӣ номи як давлатиабарқудрат, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сот-сиалистии Шӯравӣ (ИҶСШ - СССР) бар-дошта шуда, ба ивази он 15 давлатинав пайдо гардад. Дар қатори онҳосанаи 9 сентябри ҳамон сол тоҷиконниз баъд аз 1000 соли сулолаи Сомо-ниён соҳиби давлати соҳибистиқлол,Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Инрӯйдоди таърихӣ боиси хурсандиишаҳрвандон шуда, барои умеду орзуҳоирангин аз ояндаи дурахшони Ватанимаҳбубамон дарак дод. Чунин ҳолатбархе аз душманони миллати қадимава куҳанфарҳанги моро ором намегу-зошт. Ин буд, ки бо мақсади аз байн бур-дани давлати ҷавони соҳибихтиёрхоҷаҳои бурунмарзӣ, бо истифода азнерӯҳои носолими ба истилоҳ «демо-крату равшанфикр», тавонистанд дарҳудуди Тоҷикистон бӯҳрони тӯлониисиёсиро ба вуҷуд оварда, сипас, азмоҳи майи соли 1992 миллатро ба домиҷанги бародаркуш кашанд. Гирдобиқазияи шаҳрвандӣ дар замоне сар зад,ки вазъи сиёсию иқтисодии ҳамаидавлатҳои собиқ Шӯравӣ, бахусусТоҷикистон дар ҳолати ногувор қарордошт.

Идеологияи коммунистие, ки зеритаъсири он тӯли 70 сол якчанд наслипешин ба воя расида буд, аз байн рафт.Бар ивази ақидаҳои қаблӣ ғояҳои гуно-гуни ба мардуми мо бегона ба тарзисунъӣ ба кишвар ворид карда шуда, са-баби нофаҳмиҳою низоъ, маҳалгароӣва ба якчанд гурӯҳ тақсим гардиданиҷомеа гардид. Кинаю адовати шадид ва

хусумат нисбати якдигар, бесарусомо-нию беҳокимиятӣ, зуҳуроти тахрибкоро-наи диндорони ғайр ба он расонид, кихуни мардуми бегуноҳ рехта шуд, шаҳрудеҳоти минтақаҳои алоҳида ба хароба-зор мубаддал гаштанд. Аҳолии осоиштақашшоқ гашта, ақли оммаро ноилоҷиюбедармонӣ фаро гирифт. Шумораи гу-резагоне, ки дар кишвари Афғонистоназобу уқубати ғарибӣ мечашиданд ба якмиллион расида буд. Ба замми инроҳбарони он давра аз ӯҳдаи иҷрои ри-солати хеш дар назди халқу меҳан на-баромада, пайдарпай ба истеъфомерафтанд. Кор то ба дараҷае расид,ки пойтахти азизамон як муддат зеритасарруфи қувваҳои ғаразноки азхориҷа идорашаванда афтода, ба дав-лати миллии тоҷикон хатари аз байнрафтан таҳдид мекард.

Маҳз дар чунин вазъияти ноустувор,моҳи ноябри соли 1992 фалак батоҷикон раҳм кард. Дар Хуҷандибостонӣ Иҷлосияи XVI -уми ШӯроиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшуда, ба иҷлосияи тақдирсоз мубаддалгардид. Чунки маҳз дар он ҷо бо инти-хоб гардидан ба вазифаи Раиси ШӯроиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЭмомалӣРаҳмон ба майдони сиёсат омад.

«Ман ба халқу миллатам сулҳуваҳдат меорам. То охирин гурезаро баВатан барнагардонам, ором намехо-бам», - ин буд аввалин суханҳои сар-вари тозаинтихоби ЧумхурииТочикистон.

Оре, дар пеш мушкилиҳои зиёде бу-данд, ки роҳи ҳалли онҳо дар таърихинавин амсоле надорад. Зиёда аз якмиллион гуреза дар ғарибӣ, ҳазорҳоманзили валангор, корхонаюистеҳсолоти бефаъолият ва робитаҳоииқтисодии кандашуда бо кишварҳоиҳамсоя, бонкҳои холӣ, роҳҳои вайрона,мардуми бекору гурусна, ҳазорҳо яти-мон, авҷи ҷинояткорӣ, бунбасти

коммуникатсионӣ, тобеияти энергетикӣ,сарҳади кушода, набудани Артишимиллӣ ва инчунин, дигар институтҳоитаҷрибадори давлатдорӣ, дигар мушки-лию норасоиҳо – чунин аст меросе, кинасиби ин марди шуҷоъ гардид.

Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда,соли 1993 Артиши миллӣ ва Гвардияимиллӣ ташкил карда шуд. Соли 1994мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарқонун(Конститутсия)-и нав гардида, ЭмомалӣРаҳмонро ба вазифаи олии ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.Дар марҳилаҳои гуногуни роҳбарӣҶаноби Олӣ борҳо ҷони худро зерихатар гузошта, ба минтақаҳои даргир,аз ҷумла Афғонистон сафар кард. Бороҳбарони мухолифини онвақтагуфтушунидҳои босамар барпо намуда,оқибат ба мақсади сулҳпарастонаи худрасид.

Санаи 27-уми июни соли 1997 даршаҳри Москваи Федератсияи РоссияСозишномаи ризоияти сулҳи тоҷикон баимзо расида, Тоҷикистон аз гирдобиҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт.

Ҳамзамон, ҳамаи гурезагон аз ғарибӣба Ватани худ баргардонида шуданд.Солҳои минбаъда Ҷаноби Олӣ, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу заҳмат васиёсати хирадмандонаи худ, бо гузаро-нидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣбаҳри эҳё намудани таъриху фарҳангиниёгон, пос доштани хотири фарзан-дони барӯманди миллат, бо ташаббусва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бу-зургу беҳамто, ба мисли сохтмонишоҳроҳҳою нақбҳои ҳозирзамон, роҳиоҳан, нерӯгоҳҳои барқи обии«Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»,нерӯгоҳҳои «Помир-1», «Помир-2» вағайра, мусоидат ба рушди соҳаҳои мао-риф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ,соҳибкорӣ, сохтмони иншоотҳои саноа-тию маишӣ ва манзил, муттаҳид наму-дани тоҷикони дунё, инчунин бо дигаркирдорҳои нек тавонист ба дилу дидаиҳар як фарди тоҷикистонӣ ҷой гирифта,соҳиби ифтихори миллӣ гардад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳтироҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомали Рахмондар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлатисоҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,дунявӣ ва ягона шинохта шуда, сазо-вори нуфузу эҳтироми хос гардидааст.

Бо камоли эҳтиром ва боварии комилметавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пеш-вои миллат буда, дар назди ҷаҳониёнтаҷассумгари симои безаволи тоҷиконмебошад. Таҳти роҳбарии Пешвои мил-лат Тоҷикистони азизро фардои дурах-шон интизор аст.

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ -

БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

ДАЪВАТИИҶЛОСИЯИВАКИЛОНИ

ХАЛҚМутобиқ ба қарори раиси

шаҳри Исфара санаи 28 де-кабр Иҷлосияи чорумиМаҷлиси вакилони халқи шаҳр,даъвати панҷум доир мега-рдад.

Дар назар аст, ки Иҷлосияимазкур масъалаҳои зеринробаррасӣ намояд:

* Ҳисоботи раиси шаҳри Ис-фара «Оид ба натиҷаҳоирушди иқтисодиву иҷтимоии

шаҳри Исфара дар ёздаҳ моҳисоли 2015»;

* Оид ба иҷрои буҷети соли2014 ва тасдиқи буҷети давла-тии шаҳр барои соли 2016;

* Дар бораи муқаррар наму-дани андозҳои маҳаллӣ даршаҳри Исфара барои соли2016;

* Дар бораи ворид намуданитағйирот ба нақшаи даромадва хароҷоти буҷети маҳаллиишаҳри Исфара дар соли 2015;

* Ҳисоботи вакили Маҷлисивакилони халқи шаҳр аз ҳавзаиинтихоботии «Сари Осиё», №5 Ҷалилова Фотима дар бораирафти иҷрои ваколатҳоивакилӣ;

* Тасдиқи қарорҳои раисишаҳр.

Озмуни вилоятии «Оилаинамунавии соли 2015»ҷамъбаст ва дар он оилаиПӯлодовҳо аз Исфарабеҳтарин оилаи эҷодкори ви-лояти Суғд дониста шуданд.

Озмуни мазкур бино багуфти корманди шӯъбаи кор бозанон ва оилаи мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳр Гулчеҳра Раҳимова азрӯйи панҷ бахш. аз ҷумлаоилаи ҳунармандон,эҷодкорон, эҳёгари анъанаҳоимиллӣ, намунавӣ ва беҳтариноилаи ҷавон сурат гирифта,дар онҳо оилаҳо аз 18 шаҳрунавоҳии вилояти Суғд байниҳам сабқат намуданд.

Дар ин озмун аз Исфараоилаи Пӯлодовҳо аз деҳаиЧилгазӣ иштирок ва дар бахшиоилаи эҷодкор беҳтарин ши-нохта шуданд.

Мавлонидин Пӯлодовсобиқадори матбуот буда, бешаз 10 сол сармуҳарририирӯзномаи «Насими Исфара»1982-1992-ро бар ӯҳда дошт.Дар рӯзномаҳои «ПионериТоҷикистон», «Машъал» ва«Ҳақиқати Суғд» фаъолиятбурдааст. Замоне сарвари бах-шии Исфарагии бунёди забонбуд.

Ҳамсараш Ӯғулой Маҳкамовасобиқадори соҳаи маориф буда,беш аз 42 сол зиндагии якҷоядоранд. Фарзандонро соҳибимаълумоти олӣ намудаанд. Фар-зандонашон ҳарчанд дар соҳаигуногун кор менамоянд, аммосоҳиби маҷмӯаи ашъор ҳастанд.Якеи онҳо Шарофат Абдул-лоева аст, ки бо номи Шарофатчакидаҳои хомааш пешкашиҳаводорони шеъри ноб гашта-аст.

“БЕҲТАРИН ОИЛАИЭҶОДКОР”-И ВИЛОЯТ

Давоми соли 2015 дар шаҳрудеҳоти Исфара дар радифирушди соҳаи кишоварзию таъ-миру тармими роҳҳо ва беҳтаркардани шароити кормандон бараванди сохтмон диққати хосадоданд. Ин аст, ки айни замонсохтмони зиёда аз 60иншоотҳои таъминоти гуногуниистеҳсоливу иҷтимоӣ вахизматрасонӣ роҳандозӣ гарди-дааст.

Бино ба гуфтиМ.Бузургхӯҷаев, мудири бахшииқтисод ва савдои мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳри Исфара дар доираиамалигашти «Барномаи рушдииқтисодию иҷтимоии шаҳри Ис-фара барои солҳои 2013-2017»

сохтмони Маркази адлия бароикормандони САҲШ, нотариус васудиҷрочиёни шаҳр, бинои хиз-матии прокуратураи шаҳр, таъ-миру азнавсозии бинои якумибеморхонаи марказии шаҳртибқи нақша сурат мегиранд.

Инчунин мутобиқи нақшаи ге-нералии шаҳри Исфара, дармаркази шаҳр 7 бинои панҷ-ша-шошёнаи истиқоматӣ сохташуда истодааст.

Мутобиқ ба маълумотирасмӣ давоми 11 моҳи соли2015 ба маблағи 21,4 млнсомонӣ корҳои пудратӣ дар Ис-фара ба иҷро расида шудааст,ки нисбати ҳамин да

МАРҲИЛАИ ТОЗАИБУНЁДКОРИҲО

30-31 2015.qxp имруз_Layout 1 24.12.2015 9:08 Страница 1

Page 2: 30 31 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № 30-31 (309-310) аз 25 декабри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 2.

Қозӣ Барот МуҳаммадАбдурауф - сокинишаҳри Мадинаи Араби-стони Саудӣ чанд муд-датест, ки меҳмониТоҷикистон мебошад.Зимни суҳбат бо ха-барнигори АМИТ«Ховар» Қозӣ Баротизҳор кард, киТоҷикистон ватани ас-лиаш буда, барои зиё-рати маконигузаштагони худ вадидор бо наздикону хе-шони худ дар чанд соляк маротиба баТоҷикистон меояд.Муҳтавои сӯҳбат боҚозӣ Барот пешкашихонандагон мегардад.

АМИТ «Ховар»: Чӣ тавр шуд,ки берун аз Тоҷикистон мондед,кай, бо кадом сабабҳо таркиВатан кардед?

Қозӣ Барот: Падару бобои мо зо-дагони мавзеи Муъминободиноҳияи Кӯлоб ҳастанд. Солҳоипурошӯби 30-юми асри гузашта ботақозои замони нотинҷу бесубот,аз ночорӣ муҳоҷир шуда, ба киш-вари Афғонистон рафтанд. Шоядон вақт падару бобоҳои мо наме-донистанд, ки баъд аз чанд солвазъ чӣ гуна мешавад, шояд ан-деша доштанд, ки бо гузаштипанҷ-шаш сол дубора ба Ватанихуд- ба Тоҷикистони азиз барме-гарданд, шояд ин муҳоҷир шудана-шон ба хотири аз балои замонаэмин мондану ҷон ба саломат бур-дан сурат гирифта бошад, шояд боин амали худ онҳо ҷони худу на-здиконашонро эмин нигоҳ доштабошанд. Вале ҳар чӣ буд набуд,имрӯз мо берун аз Тоҷикистон мон-дем. Дар зиндагӣ камбуди рӯзгорнадорам, аммо афсӯс, кимуҳоҷири аз Ватан дурафтодаҳастам. Худи ман зодаиАфғонистон мебошам. Падарубобоҳои мо то инқилоби баҳорисоли 1978-уми мелодии дарАфғонистон сарзада, дар қисматишимолии ин кишвар истиқоматдоштанд. Пас аз инқилоби соли1978, ки он замон ман аллакай дардаврони наврасӣ қарор доштам,аҳли оилаи мо дубора рӯ бамуҳоҷират оварданд. Ин дафъа баПокистон рафтем ва баъд аз он ҷоба Арабистони Саудӣ ҳиҷрат кар-дем. Инак наздики 40 сол боз дарАрабистони Саудӣ, дур аз Ватан –Тоҷикистони азиз дар шаҳри Ма-дина ҳамчун сокин иқомат дорем.Падару модари мо дар ин шаҳрфавтиданд. Ҳоло дар шаҳрҳои Ма-дина ва Макка аз авлоду аҷдодимо наздик ба 60 хонавода корузиндагӣ мекунанд. Худи ман дӯкондорам ва ба тиҷорат машғулҳастам.

АМИТ «Ховар»: Дар муддати70-80 сол, ки дур аз Ватанзиндагӣ мекунед, забонимодарӣ, урфу одати худро даркишвари бегона нигоҳ доштед?

Қозӣ Барот: Дар оила боҳамдигар, инчунин бо бародаронухоҳарон, тоҷикони муҳоҷири Ара-бистон бо забони тоҷикӣ муоширатмекунем. Ҳамаи урфу одати мил-лии худро нигоҳ доштаем. Боядбигӯям, ки ҷамъияти тоҷикон дарАрабистони Саудӣ наздик ба даҳҳазорро ташкил мекунад. Дартӯйҳо, маъракаҳои азодорииҳамдигарӣ иштирок мекунем, раф-туомад бо ҳамдигариро нигоҳдошта, дар шодиву ғами ҳамдигаршарик ҳастем.

АМИТ «Ховар»: Муомилавумуносибат нисбат ба шумомуҳоҷирин чӣ гуна аст?

Қозӣ Барот: Мо муҳоҷирин башумули сокин ҳастем ва муддатибудубоши мо дар Маккаву Мадинаҳар сол тамдид карда мешавад,шаҳрвандии ин кишварро надо-рем. Муносибат ба мо ҳамчун му-носибат ба муҳоҷирон аст... Яъне,ҳар кас танҳо дар Ватани худ озо-диву осоиштагиро пайдо карда ме-тавонаду дар Ватани худ озод будаметавонад. Агарчи имрӯз дарТоҷикистон ҳамчун меҳмон мақомдошта бошам ҳам, худро озодухушбахт, дар фазои осоиштавуамну субот эҳсос мекунам. Бакуҷое, ки сафар кунам, ягон муш-килоту маҳдудиятро на дар шаҳруна дар деҳот, на дар вақту на дармакон вонахӯрдаам. Агар гӯям, кичунин озодӣ, чунин муомилаву му-носибати хушу гувороро нисбат башахси худам танҳо дар Тоҷикистонэҳсос мекунам, хато намекунам.

АМИТ «Ховар»: Нисбат багурӯҳҳое, ки номи исломро чунниқоб истифода бурда, бамуқобили мусулмонон амалҳоитеррористӣ содир мекунанд,хуни инсонҳои бегуноҳро мере-зонанд, тарсу ваҳмро дар дилисокинон ҷой мекунанд, қатлуғорату ваҳшигариҳои асримиё-нагиро ҷорӣ карданӣ меша-ванд, чӣ андешаву мулоҳизадоред?

Қозӣ Барот: Террористон на инки дар кишварҳои алоҳида, балкидар тамоми гӯшаву канори оламсар бардошта, барои инсониятуҷомеаи мадании башарият хатарибаробар ва балоҳову офатҳоиазим эҷод кардаанд. Воқеан ҳамимрӯз дини ислому мусулмононроба терроризму террорист пайвасткардан мехоҳанд, дар симои ис-лому мусулмон терроризму терро-ристро ҷилва медиҳанд. Бояд

таъкид кунам, ки террористон азислом хориҷ ҳастанд. Ҳамаиамалу кирдорҳое, ки онҳо содирмекунанд ғайриисломиюғайришариатӣ ҳастанд. Сар бури-дану одамро зинда сӯзониданҳаргиз аз таълимоти ислому азҷодаи ислом набуду нест. Исломмегӯяд: «Касе як қатра хуни ин-сонро ба ноҳақ мерезад, ҷойашдар дӯзах аст». Террористон му-сулмононро бештар аз дигаронқатл мекунанд, хуни ноҳақ мере-занд, ободиҳоро хароб месозанд,ки ин на кирдори исломӣ, балкиамали шайтонӣ асту бас.

АМИТ «Ховар»: Пас чаробаъзе ҷавонону ашхосиалоҳида ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳмешаванд, ба сафи террори-стони бераҳму бешафқат пай-васт шуда, неруи аҳриманироафзоиш медиҳанд?

Қозӣ Барот: Ин гурӯҳи одамонфирефта мешаванд, фирефтаи су-ханони бардурӯғи таблиғгаронигурӯҳҳои террористӣ мегарданд,ба дурӯғу газофи онҳо бовар меку-нанд. Бештари гумроҳшудагонбаъди ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳоитеррористӣ ва вориди майдониҷанг шудан, иштибоҳи худро дарккарда, аз интихоби кардаи худ пу-шаймон мешавад. Аксарияти онҳомехоҳанд ба қафо баргарданд, дарфикри фирор кардан аз бандигурӯҳҳои террористӣ меафтанд.Вале на ба ҳамаи онҳо дуборабаргаштан ба ҳаёти муқаррарӣмуяассар мешавад.

Мубаллиғони гурӯҳҳоитеррористӣ ҷавононро гумроҳкарда, бо баҳонаи «ҷиҳод» ва«шаҳид шудан» ба сафи худ ҷалбмекунанд. Вале он амалҳое, китеррористони гурӯҳи ба ном «Дав-лати исломӣ» содир мекунанд,ҷиҳод нест! Чӣ гуна «ҷиҳод кар-дан»-у «шаҳид шудан» аст, вақтекамарбанд дар миён мебандандуаввал худро ва боз даҳҳо мусул-мони бегуноҳро дар вақти намозхонданашон дар масҷидҳо ва баҳангоми пайи таъмини зиндагиихуд дар бозору дӯконҳо машғулбудан бераҳмонаю ваҳшиёна тар-конида мешаванд?

Кӣ гуфт, ки ин амал исломӣ астуаз мусулмонӣ манбаъ мегирад?Худи худкушӣ дар ислом ҳаромаст, куштани одами дигар амалестпеши Худованд нобахшиданӣ. Манчунин ҷиҳоду чунин шаҳид шу-данро маҳкум мекунам ва азҷавонон даъват мекунам, ки фи-рефтаи дурӯғҳои ҳар гунамубаллиғони фурӯхташудаи бе-дину беимон нашаванд.

АМИТ «Ховар»: Хушбахтона,амалҳои террористӣ, ки Шумоёд кардед, барои мардумони мо

ва кишвари мо бегона ҳастанд,вале он ҳодисаҳое, ки имрӯзҳодар кишварҳои минтақа мегуза-ранд, моро бетараф гузошта на-метавонад...

Қозӣ Барот: Давоми чанд рӯзе,ки дар Тоҷикистон ҳастам ва дарҳар манзиле, ки меҳмон мешавам,пеши ман одамони зиёде меоянд,мо мешинему суҳбат мекунем.

Дар он 30-40 суҳбате ки бо мар-думони Тоҷикистон доштам,ҳамеша таъкид мекунам, ки интинҷиву амонӣ ва осоиштагие, киҳоло дар Тоҷикистон ҳукмфармоаст, дар ягон кишвари дигари дунёнест. Ман ҳасад мебарам, ки соки-нони Тоҷикистон дар чунин осоиш-тагиву амонӣ умр ба сармебаранд. Аз ҷавонон ҳамешадаъват мекунам, ки ба қадри иннеъмат, ки сарчашмаи ҳамаинеъматҳои дигари дунёист, бира-сед. Фирефта ба дурӯғгӯиҳои душ-манони миллату давлати худнашавед. Бубинед, ки кишвариҳамсоя ба чӣ ҳол афтодааст, 38сол боз дар оташи ҷанг месӯзад.

Сокинони баъзе минтақаҳои инкишвар чун намози аср мешавад,наметавонанд бо хотирҷамъӣхонаи ҳамсояи худ раванд. Боядҳар фарди Тоҷикистон шукронаиҳамин амнияту осоиштагии киш-вари худро кунанд.

АМИТ «Ховар»: Баъзекӯрбинҳо иддао мекунанд, кигӯё вазъи озодии дину иродадар Тоҷикистон маҳдуд шуда-аст…

Қозӣ Барот: Дар солҳои шӯравӣдар як сол ҳамагӣ 18 нафар базиёрати хонаи худо мерафтанд.Имрӯз ман мебинам дарТоҷикистон хонае нест, ки аз он якнафар ба ҳаҷ нарафта бошад. Дарҳар хонадон ва ё наздикони онҳоҳатман як-ду нафар ба зиёратихонаи Худо рафтаанд. Ба андешаиман ин шараф низ аз баракатиҳамин амнияту истиқлолиятиТоҷикистони азиз аст.

Ман ба он нафароне, ки пешаммеоянд ва дар он маҳфилҳое, киба муносибати меҳмонии ман оро-ста мешаванд, изҳор мекунам, кишумо дар ҳаққи Сарвари давлатуҳукумати худ, он шахсе, ки ин ам-нияту суботро бароятон овардааст,ҳамеша дуогӯ бошед.

Дар ягон гӯшаи Тоҷикистонмаҳдудияти диниро надидам, ҳарвақте хостам, ба ҳар масҷиде, кихостам, озодона рафта, намоз хон-даву ибодат кардам. Он озодиибаёну сухан гуфтанҳои ошкороро,ки миёни намозгузоронимасҷидҳои шумо мушоҳида кар-дам, дар дигар кишварҳо нади-даам. Зиёда аз ин, дар ҳар якмасҷиди кишварҳои дигари

исломӣ танҳо ҳарфу сухани рас-мии ҳукуматӣ садо медиҳад.

Бояд гӯям, ки то ҳоло як қисм хе-шону наздикони банда дарАфғонистон иқомат мекунанд, ҳардоим дилам мехоҳад, ки ба дидор-бинии онҳо равам, вале амният, кион ҷо нест, хатар, ки мудом вуҷуддорад, илоҷ надорам, ки бароизиёрату дидорбинии хешовандо-нам ба ин кишвар сафар доштабошам.

АМИТ «Ховар»: ТаассуротиШумо аз Тоҷикистон чӣ гунааст? Кишвари моро чӣ гуна да-рёфтед?

Қозӣ Барот: Ман бори нахуст баТоҷикистон замони ҷашни бошукӯҳу шаҳомати 1100- солагиидавлати Сомониён омада будам,ҳамчун меҳмон ба ин кунгура даъ-ват шуда будам.

Баъд аз он ҷашн, ки то ҳоло та-ассуроти гуворои он дар хотираамҳифз шудааст, қариб ҳар сол баТоҷикистон меоям. Бемори қандҳастам, аз ин беморӣ азият мека-шам, аммо бовар кунед, чун баТоҷикистон меоям, «қанд»-и манба тамом аз вуҷудам гум мешавад,худро солиму бардам меёбам. Ҳаргоҳе, ки Тоҷикистон меоям, онробеш аз пеш зеботару ободтар ме-бинам. Ҳар боре, ки Тоҷикистонмеоям, як тараққиёти дигар, як на-всозии дигарро мебинам.

Бинобар ҳамин баъд аз тамо-шову дидорҳо ба дӯстонитоҷикистонии худ мегӯям: «Агарҳар нафаре даъво мекунад, ки манзиндагии шуморо хубтар аз ин ме-созам, ба он шахс бовар накунед,фирефтаи суханони дурӯғи чунинкасон нашавед».

Ман ҳамчун тоҷики берун азВатан хеле хушҳол аз он шудам, киЭмомалӣ Раҳмон ба мақоми Пеш-вои миллат пешбарӣ шуд.

Аслан Эмомалӣ Раҳмон кайҳобоз - даҳсолаҳо қабл аз ин, мақомиПешвои миллатро дар миёни мар-думон касб карда буд.

Хусусан соле, ки ЭмомалӣРаҳмон бори нахуст бо сафарирасмӣ ба кишвари АрабистониСаудӣ ташриф оварда буд вазимни мулоқот бо ҷамъиятитоҷикони муқими Арабистон ба ҳаряки мо муроҷиат карда гуфт, кишумо Ватан доред ва Ватани шумоТоҷикистон аст, ҳамон вақт модасти дуо бардошта, шукрона кар-дем, ки Худованд ба миллатитоҷик Пешвои асилро тақдим кард.

АМИТ «Ховар»: Барои суҳбатташаккур!

Қозӣ Барот: Суботи Тоҷикистонпоянда бод!

http://www.khovar.tj.

Қиссаи қозӣ Барот: аз Мӯъминободба Афғонистон, аз Афғонистон баПокистону Арабистони Саудӣ

30-31 2015.qxp имруз_Layout 1 24.12.2015 9:08 Страница 2

Page 3: 30 31 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № № 30-31 (309-310) аз 25 декабри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 3.

ШАРҲТонзиллити музмин, манбаи

уфунатии илтиҳобии фаъол ёавҷгирандаи пайдарҳамибодомакҳои ком бо аксуламалҳоиумумии уфунатӣ - бодигармӣ мебо-шад. Аксуламалҳои уфунатӣ -бодигармӣ ин заҳролудшавиидоимӣ аз манбаи уфунатиитонзиллярӣ буда, ҳангоми авҷи онпурзўр мегардад. Он фаъолиятиумумии баданро вайрон намуда,баъзан сабаби авҷгирии бисёрбемориҳои умумии бадан, азҷумла, чун тарбод, бемориибуғумҳо, гурда ва ғ. мешавад.

Намуди оддии тонзиллити муз-мин фақат бо нишонаҳои ҷузъӣ вадар 96% беморон – заҳрбод дарсобиқа фарқ менамояд.

Нишонаҳои ҷузъӣ:-фасодӣ моеъ ё тунбаҳои

казеозӣ-фасодӣ дар ҳуфраҳо (баъ-зан бўйнок);

-бодомакҳо бештар миёнаҳаҷм(дар калонсолон), сатҳашон мета-вонад ҳамвор ё ноҳамвор бошад;

-сурхшавии устувори канорҳоикамонакҳои бодомакҳо (нишонаиГизе);

-ғафсшавии болинмонандиканорҳои пеши камонакҳоибодомакҳо (нишонаи Приобра-женский);

-часпиш ва надбаҳои бодомакҳобо камонакҳо ва чинҳои секунҷа;

-калоншавии лимфагиреҳҳоиалоҳидаи канорӣ, баъзан ҳангоми

палмосидан дарднок (дар ҳолатинабудани дигар манбаҳои уфунатӣдар ин ноҳия).

САБАБҲОИ ПАЙДОИШ

Нӯшидани оби хунук, дурусттоза накарда истеъмол намуданимеваю сабзавот, паст будани масу-нияти бадан, мавҷуд буданиманбаҳои сироятӣ (аз ҷумлаи гай-марити фасоднок, дандонҳоипӯсида).

Ин микроорганизмҳо аллакайбаъди таваллуди кўдак сокинимуқимии бодомакҳо гашта, баъзештамми онҳо аз 1 моҳ то 1 сол су-кунат менамоянд.

Байни флораҳои бактериалӣ, кидар бодомакҳои ком сукунатдошта, бо пайдошавии шароитилозимӣ сабабгори пайдошавиитонзиллити музмин мегарданд.

Дар пайдошавии тонзиллитимузмин, инчунин стафилококкҳо,микроорганизмҳои облигантӣ-анаэробӣ, паразитҳоидохилиҳуҷайравӣ ва пардагӣ: хла-мидий ва микоплазмҳо метаво-нанд, чун уфунатҳои ҳамроҳширкат варзанд.

Дар пайдошавии тонзиллитимузмин бештар аденовирусҳо,вирусҳои зуком ва паразуком, ви-руси Эпстайна-Барр, вирусиҳерпес, энтеровирусҳоисеротипҳои I, II ва V метавонандширкат варзанд.

МУОЛИҶА

Ҳангоми намуди оддии беморӣ,дар муддати 1 - 2 сол давраҳои 10рўзаи муолиҷаи маводӣ гузаро-нида мешавад. Ҳангоме, ки бо на-зардошти нишонаҳои ҷузъӣ,натиҷаи муолиҷа нокифоя аст ёавҷи такрорӣ (заҳрбод) пайдо шуд,метавон давраи такрориимуолиҷаи маводиро таъин намуд.Аммо пайдо нашудани нишонаҳоиамиқи солимӣ ва пайдошавиизаҳрбодҳои такрорӣ нишондодбарои амалиёти ҷарроҳӣ мебо-шад.

Табобатро аз санатсияи ковокиидаҳон, бинӣ ва ҷавфҳои шафатибинӣ, балъум ва ғ. оғоз бояд кард.Аз рўи нишондод бояд муолиҷаҳоитақвиятдиҳанда (витаминҳо,амалиётҳои физиомуолиҷавӣ,муолиҷаҳои тақвиятдиҳандаи ма-суният, десенсибилизиатсионӣ) гу-заронид.

Яке аз усулҳои маъмули маво-дии табобати тонзиллити музминшустани ҳуфраҳои бодомакҳо боусули Н.В.Белоголовин бо истифо-даи маҳлулҳо (сулфасетамид, пер-манганати калий, мирамистин,ҷавҳари аскорбин ва ғ.), маводҳоитақвиятдиҳандаи масуният: лева-мизол, интерферон, лизотсим ва ғ.мебошад. Давраи табобат аз 10амалиёти шустани ҳуфраҳои болова поёнӣ иборат мебошад. Шу-

стани зери фишори манфӣ боёрии таҷҳизоти «Утёс» ва «Тонзил-лор» хеле фоидаовар ба ҳисоб ме-равад. Баъд, ба болои бодомакмаҳлули люгол ё 5% маҳлули кол-ларгол мемоланд.

Ҳангоми натиҷанок буданимуолиҷаи маводӣ давраҳои табо-батро 2 - 3 маротиба дар сол так-рор менамоянд. Натиҷанокиимуолиҷаи ҳамҷояи маводӣ 75%-роташкил менамоянд, валенишонаҳои беморӣ дар оянда ме-тавонад аз нав рў занад. Ҳатто со-лимияти берунии бодомакҳо,нишонаи пурраи таъсири манбаиуфунатӣ ба бадан буда наметаво-над ва хатари пайдошавии тарбодҳамеша ҷой дорад, аз ин рўмуолиҷаи ботамоми тонзиллитимузмин қариб, ки ғайриимкон ме-бошад.

Ҳамин тавр, муолиҷаи маводиитонзиллити музмин ба сифатиусули паллиативӣ қабул шуда, эли-

минатсияи пурраи манбаи муз-мини уфунат фақат дар ҳолати гу-заронидани тонзиллэктомияидутарафа дастрас мегардад.

УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ

Риояи қоидаҳои гигенаи шахсӣва умумӣ, пеш аз истеъмол батаври зарурӣ тоза намуданимеваю сабзавот, худдорӣ намуданаз истеъмоли нӯшокиҳои аз ҳадхунук ва гарм, саривақт муолиҷанамудани дандонҳои бемор ваҷавфҳои шафати бинӣ, дар суратипайдо шудани нишонаҳои дар бо-лозикршуда ба табобати худса-рона машғул нашуда, таъҷилан бапизишки гӯшу гулӯ ва бинӣмуроҷиат намудан.

Исроилхӯҷа САЙДУЛЛОЕВ,Ҳабибулло ҚАБИЕВ,

духтурони гӯшу гулӯ ва бинии

маркази саломатии шаҳр.

ТОНЗИЛЛИТИ МУЗМИН

ИСТИРОҲАТИЗИМИСТОНАИ ТОЛИБИЛМОН

Тибқи фармоиши вазири маориф ваилми Тоҷикистон Нуриддин Саид аз 21декабр, сарфи назар аз шакли моли-кият, тамоми толибилмони муассисаҳоитаҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31январи соли 2016 ба таътили зими-стона мебароянд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илмиҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд,дар ин фармоиш вазир ба ҳамаироҳбарони раёсат ва шуъбаҳои мао-рифи вилояту шаҳр ва ноҳияҳо,ҳамчунин директорони муассисаҳоитаҳсилоти умумӣ дастур додааст, ки дарвақти таътили зимистона барои толи-билмоне, ки дар озмуну олимпиадаҳоифаннӣ иштирок мекунанд,машғулиятҳои иловагӣ ташкил намо-янд.

Вазир ҳамчунин супориш додааст, кирӯйхати адабиёти бадеиро, ки хонда-наш ба толибилмони мактабҳоитаҳсилоти умумӣ дар давраи таътилизимистона тавсия дода мешавад, тар-тиб диҳанд.

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми па-латаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъватипанҷум, ки санаи 24 декабр доир мегардад,масъалаҳои марбут ба тасдиқи 6 созишномааз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдоинерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ(CASA-1000) баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ азМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТхабар дод, ин созишномаҳо иборатанд аз:Созишномаи кафолат миёни Тоҷикистон ваБонки аурвпоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯилоиҳаи «Савдои байниминтақавии нерӯибарқ (CASA-100); Созишномаи қарзӣ миёниШСХК «Барқи тоҷик» ва БАТР аз рӯи лоиҳаиCASA-1000; Созишномаи маблағгузорӣмиёни ҶТ ва Ассотсиатсияи байнулмилалиирушд аз рӯи лоиҳаи «Интиқол ва савдоинерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ(CASA-1000); Созишнома миёни Ассотсиат-

сияи байнулмилалии рушд ва ШСХК «Барқитоҷик» аз рӯи лоиҳаи «Интиқол ва савдоинерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ(CASA-1000); Созишномаи қарзӣ миёниТоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид баҳиссаи Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA-1000 ваҳамчунин қарордоди молиявӣ миёниТоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣаз рӯи лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ миёниТоҷикистон ва Қирғизистон (CASA-1000).

Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia – SouthAsia -1000) яке аз лоиҳаҳои бузургтаринибахши энергетика дар қораи Осиё мебошад.

Бино ба эътирофи коршиносон, инмарҳилаи аввали барномаи ташкили бозориумумии энергетикӣ миёни ду минтақа - Осиёи

Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад. Дар он тран-зити нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистонба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа,ки аз ҷониби як ширкати Канада таҳия шуда-аст, масофаи умумии хатти интиқоли барқ азОсиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ наздики1770 километрро ташкил медиҳад.

Барои кашидани ин хат 970 млн. доллариИМА маблағ зарур аст. Як қисмате аз сармоя-гузорон аллакай маълуманд, ки Бонкиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки авру-поии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоиисармоягузорӣ мебошанд.

ТАСДИҚИ 6 СОЗИШНОМА ТИБҚИ ЛОИҲАИ CASA-1000

Коммунистони Исфара аз136-умин солгарди И.В.Ста-лин таҷлил намуданд.

Ба ин хотир дар толориҲизби Коммунисти шаҳрҷамъома доир гардидад,

дар рафти он котиби аввалиҲКТ дар Исфара НабиҷонКаримов оид ба фаъолиятиСталин ва нақши ӯ дар таъ-рих ҳарф зад. Сипас ба дунафар Одилбой Олимов ваҲодибек Каттаев медалиҷашнии «50 сол дар сафиҳизб» супорида шуд.

СОЛИ НАВ ЧӢ ТАВР ТАҶЛИЛ

МЕШАВАД?Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба

муассисаҳои таълимии кишвар гуфтааст, дарарафаи таҷлил аз Соли нав зиёфатороивутуҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ ва дар

тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳоисолинавӣ қатъин манъ аст.

Дар асоси дастури вазрат ба муассисаҳоитаълимии кишвар, ҳангоми чорабиниҳоисолинавӣ буридани арча, истифодаи ҳамагуна маводи пиротехникӣ низ манъ шудааст.Манбаъ мегӯяд, тибқи дастур дармуассисаҳои таълимии кишвар бояд аз 25декабри соли равон то якуми январи соли2016 шахсони масъул бояд навбатдорӣ таш-

кил намоянд: “Оид ба масъалаи амниятишаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятиизиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ кардашаванд”.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати маориф ваилм ба масъулини муассисаҳои таълимӣтавсия додааст, зимни баргузории чораби-нии солинавӣ баргузории маҳфилҳои ада-бию фарҳангӣ, таҳияи рӯзномаи деворӣ вабозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.

ЁД АЗСТАЛИН

№Ташкилоти

харидорТеле-фон

Предметихарид

Воҳидиченак

МиқдорСана ва вақти ку-

шоданилифофаҳо

1.Беморхонаи

марказииш.Исфара

2-66-01Хариди ма-

водидоруворӣ

фл,дона,қуттӣ, кв.

маҷмӯъ29.12.2015,

соати 09-00.

2.Маркази са-

ломатииш.Исфара

2-66-01Таҷҳизоти

тиббӣдона 1

29.12.2015,соати 09-30.

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИ-РОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД

Комиссияи муштараки озмуни харидиМИҲД, воқеъ дар ш. Исфара, кӯчаи Марказӣ,20, телефон 2-66-01 ва ташкилоти "Харидор"довталабони салоҳиятдорро барои ишти-рок дар озмунҳои хариди номгӯйи зеринимол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гу-

заронида мешавад, даъват менамояд.Довталабон метавонанд барои гирифтани

ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣба суроғаи мақоми ваколатдор муроҷиат на-моянд. Лифофаҳо бо пешниҳоди довтала-бон аз ҷониби комиссияи муштарак тибқитартиби муқаррарӣ кушода мешавад.Лифофаҳо то вақти "сана ва вақти кушо-дани лифофаҳо" қабул карда мешавад.

30-31 2015.qxp имруз_Layout 1 24.12.2015 9:08 Страница 3

Page 4: 30 31 2015 qxp имруз layout 1

Имрeз” № 30-31 (309-310) аз 25 декабри соли 2015 email: [email protected] Cа[ифаи 4.

www.tajinfo300.ucoz.ru

[email protected]

№ 30-31 (309-310)аз 25.12.2015

ДИРЕКТОРМустафо Эгамов.

САРМУ{АРРИРМашрафxон Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯRудратулло Эшонов.

Зафар Амакxонов.Фирeза Мадаминxонова.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНДФаридун Мустафои Эгамзод.

{АМКОРОНИ МО:МИ{Д ша[ри Исфара;

Медиа – холдингиТоxикии “TAJINFO”,

Телевизиони “ИСФАРА”,Рeзномаи “Насими Исфара”.

СУРОUА:ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10.

ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62

(904) 66-22-44E-MAIL: [email protected]

Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ

мерасонад, ки хилофи назараш аст.Барои са[е[иву

дурустии факту раrам[о муаллифонxавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома

воридшуда баргардонда намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА:Xум[урии Тоxикистон.

Дар матбааи ба номи Н.Фахрииша[ри

Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.

Адади нашр: 1000.

Хабари бо рутбаи подполковникӣ мушар-раф гардидани Холмуҳаммад Неъматовмиёни кормандони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳбарқосо паҳн гардид.

БАҲОИ УСТОДОН ВАДӮСТОН

Раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, вакилиМаҷлиси вилоятӣ Бадриддин Шарофоваввалин шуда, хурсандии хешро ибрознамуд:

-Дар Хоҷаи Аъло шумораи афсарон хелезиёданд. Даҳҳо дӯстону шогирдони манрутбаҳои майёрӣ ва капитанӣ доранд, киман аз ҳамаи онҳо ифтихор мекунам. Валедар 32 солагӣ рутбаи подполковникиросоҳиб шудани Холмуҳаммад Неъматовмаро ончунон ба ваҷд овардааст, ки алъонбо сухан ифода карда наметавонам. Бешаказ хурсандӣ сарам ба осмон мерасад, кичунин шогирд ва ҳамдиёр дорам.

Абдухалил Шарифов, ҷонишинираиси ҷамоат:

-Месазад, ки перомуни донишу истеъдодишогирдам Холмуҳаммад соатҳо ҳарф зад,вале муҳимтар аз ин ҳама

Одамиро одамият лозим аст,Ӯдро бӯяш набошад, ҳезум аст.

Хулқу атвори нек, хайрандешивуинсондӯстӣ, зиндадилию хоксорӣ, хулласодамияти олӣ хоси Холмуҳаммад аст.

Ҳисомиддин Халлоқов, ҷонишинираиси ҷамоат:

-Дар ҳақиқат Холмуҳаммад беҳтаринфазилатҳои инсониро дорост. Ин ҷавонмарддар зиндагӣ сарвари ботадбиру меҳрубон,дар рисолати бародарӣ мушфиқу ғамхор,дар ҷодаи дӯстӣ воқеан ҳам дӯсти ҷонӣ аст.

Раънохон Содиқова, ҷонишини раисиҷамоат:

-Ҳазор раҳмат ба ҳамаи устодоне, киХолмуҳаммадро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ваватанпарастӣ таълиму тарбия додаанд.

Собирҷон Сафаров:-Ман шахсан Холмуҳаммадро бо

имондорӣ, пурқувватӣ, чусту чолокӣ,миллатдӯстӣ ва меҳнатқариниаш меписан-дам.

Шаҳобиддин Мадалиев:-Чоркӯҳиҳо бо ҳар як фарзанди номбардо-

рашон ҳаққонӣ мефахранд. Имрӯз хурдукалон номи Холмуҳаммадро бо эҳтиромуифтихор ба забон мегиранд ва ҳамагон эъ-тироф мекунанд, ки ӯ маҳз ба туфайли до-нишу заковати хеш ба ин мартабарасидааст.

Умарҷон Сайидмуҳаммадов:-Забони модариро, ки дар олам,Чу шири модарон поку зулол аст.Касеяш пок дорад, пок бошад,Ҳамон фарзанд фарзанди ҳалол аст.Барои ман умдатарин хислати

Холмуҳаммад ин аст, ки ӯ забони беш азҳазорсолаи гуҳарбори моро ба ҳайси наму-наи беҳтарини фарҳанги маънавиихалқамон аълодараҷа эҳтиром мекунад.

Бузургхон Бобоев:-“Падар чӣ гуна, писар намуна”, -гуфтаанд

дар урфият, ки ҳақ асту рост. Бо падари

Холмуҳаммад –Наҷмиддин Неъматов солҳоҳамкорӣ дорем. Сухани беҷо як сӯ истад,боре ҳам овози баланд ё муомилаи сардиНаҷмиддинро бо касе нашунидаам. Албаттааз ин хел падар беҳтарин писар ба воя ме-расад.

Матлубахон Қосимова:-Хуш ба ҳоли падару модаре, ки

Холмуҳаммад барин фарзанд доранд.Умарҷон Бобоев:-Некӯтарин хислати Холмуҳаммад ин аст,

ки ӯ дар ҳама ҳолат олитарин ҷавҳари инсо-ният –одамиятро дар мадди аввал мениҳад.Яъне “ман фармондеҳ” гуфта, худашро азкасе боло намегирад. Бештар бо мардумиоддӣ мешинад. Дар тӯю маърака ваҳашарҳо фаъолона иштирок карда, баро-бари дигарон ҳисса мегузорад.

Камолҷон Раҷабов:-Барҳақ Холмуҳаммад Неъматов имрӯз

номбардори тоҷикон, вориси арзандаи гу-заштагон, гармии дилу дидаи дӯстон ва сар-баланду писанди ҳамагон аст.

Усмонҷон Бобоев:-Холмуҳаммад замири пок дорад. Дилҳои

дардмандро бо сухани пандомез шод на-муда, ғаму андӯҳи худашро мардонавортаҳаммул мекунад.

Шералӣ Эгамов:-Ҷавонмардест бебаҳо. Аз меҳани азиз ва

миллати шарифи худ доимо ифтихор меку-над.

Ҳомидҷон Шарифов:-Холмуҳаммад ҷони одам аст.Бобосӯфӣ Сӯфиев:-Холмуҳаммад Неъматов ба мисли пада-

раш соҳиби илму дониши фарох аст. Дарсӯҳбатҳо бо ин ҷавонмарди закӣ кас якҷаҳон таассурот мебардорад.

ПИСАР НАМУНАЕ АЗ ПАДАР

Бале, Холмуҳаммад дар сурату сират саддар сад падари донишманду бузургворашНаҷмиддин Неъматовро мемонад.Қиблагоҳиаш солҳост, ки дар ҷамоатидеҳоти Чоркӯҳ бахши танзими анъана варасму оинҳоро сарвар аст. Холмуҳаммадхуб медонад, ки таҳти сарпарастии Бадрид-дин Шарофов 20 соли тамом Наҷмиддинуҳамроҳонаш хуни дил хӯрданд. Онҳо на шаббемалол хобиданду на рӯз ором доштанд.Баҳри ба эътидол овардани маъракаҳо фи-доиёни заруртарин кори шахсӣ буданд.Рӯзҳои истироҳат ва рухсатиҳои меҳнатиихудро ҳам аз ёд бароварда буданд. Ягонаҳадафашон ба ҷамъият, хоса ба мардумикамбизоат кӯмак кардан буду бас.

Ӯ худ ҳанӯз бачаяк буд, вале ашки барирухсор, чеҳраҳои заъфарону оби чашмитифлаконро дида, ба нафарони бадтинатнафрин мехонд ва ҳамзамон аз Холиқи яктозорию илтиҷо мекард, ки ба ин сангдилонраҳму шавқат ато намояд. Аз овони тифлӣнакӯкорӣ пешааш буд. Алъон низ бо тамомиҳастияш адолату ҳақиқатро мепарастад.

МУХТАСАРИ ШАРҲИ ҲОЛНеъматов Холмуҳаммад Наҷмиддинович

зодаи деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳотиЧоркӯҳ мебошад. Соли 1999 баъд аз хатмимтму № 24 ба мактаби олии Вазорати мудо-фиа дохил шуда, онро соли 2004 хатм меку-над. То соли 2012 дар ноҳияҳои Ҷиргатол,Исфара, Конибодом, Ашту Тавилдара баҳайси афсар хизмат кардааст. Соли 2012сардори ситоди яке аз қисмҳои ҳарбӣ дарноҳияи Ғончӣ гаштааст. Аз соли 2014фармондеҳии қисми низомии 14356 “В”-рошарафмандона ба дӯш дорад. Оиладорсоҳиби се фарзанд мебошад.

Абдуллоҳи АБДУЛЛОҲЗОДА, узвиИттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Нахустподполковник аз Чоркух

Соли таьсил ба охир расида, имти-ьоньо наздик буд. Каримбой, ки амаландарс нахондааст, хавотирц мекашид. Боёрии ж=раьои шарикдарс мавз=ъьои гу-заштаро каму беш аз назар гузарондабошад ьам, боварц надошт, ки имти-ьоньоро месупорад. Хусусан, пеш аз им-тиьони математика дилаш ыарорнамегирифт. Хотири парешонро щун-дошта наметавонист. Абдуллох=жа азьоли д=сташ огоь буд ва =ро дилбардорцкарда мегуфт:

- Э парво накун, ьамааш боб, корьобатоб мешавад. Шабпарак шуда гузаштамеравц, ки худат ьам бехабар мемонц,аммо щами беьуда х=рдаат мемонад. Хез,ба кино, не бошад, сайри бощ меравем.

- Не, ошно шумо равед, ман камтармехонаму масъала ьал мекунам. Ьолокино ба дилам намещунжад.

Р=зи имтиьони риёзц Абдуллох=жамаслиьати охирин дод:

- Саволномаи имтиьонро гиру боовози баланд хон, ки мо аз берун шу-нида тавонем. Хуб?

- Хуб.- Хайр, барори кор.Каримбой ьаросону тарсон ба имти-

ьон даромад ва саволномаро гирифта,онро аз р=и дастури Абдуллох=жа хонд.Овози баланд, фарёдмонанд аз беруньам шунида мешуд.

Муаллими риёзц Ыамаров низ боьамон оьанг гуфт:

- Ьой-ьой, ман кар не!- Медонам, муаллимжон.- Пас, чц ин ыадар дод мезанц?- Ман кар муаллимжон, г=шам ваз-

нин,- г=ён Каримбой савольоро дуборахонд. + наыши ношунаворо чунон азтаьи дил мебозид, ки бемуболища шиша-ьои тиреза ба нолишу ларзиш дарома-данд.

- О бо ин кар р=зи мо сахт мешуда-аст-дия, - г=ён муаллим норозиёна щур-щур карду дод зад:

- Рав, гузашта шин. Ба мизи аввал.Ж=раьо зуд ьалли масъалаьо, жавоби са-вольоро чунон устокорона ба рафиыа-шон расониданд, ки муаллим бехабармонд. Каримбой чунин вонамуд мекард,ки г=ё масъала ьал карда истодааст, чиземенавишт. Пай мебурд, ки ом=згори им-тиьонгиранда аз = чашм намеканад.

Як духтари шарикдарсашон бо ки-тоби риёзц омада онро ба сари мизи Ка-римбой монду саволномаро гирифтахонд. Чун муаллим ба ыайд карданираыами саволнома банд шуд, донишж=китобро болои мизи муаллим лащжонд.Зери китоб як вараы кощаз будааст, кион дар мизи имтиьонсупоранда монд.Каримбой онро оьиста ноаён пешкашид, жавобьо тайёр буд. Каримбойчун ба назди тахта баромад, жавобьоробе душворц навишт. Муаллим боз якмасъала дод, ки онро ьам ьал кунад.

Табиист, ки ба донишж=и г=шонашвазнин баланд овоз баровардан ва так-роран гуфтани он рост омад. Пас азфурсате кощазл=ндае ба зери пояш аз ти-реза омада афтид. Г=ё б=ри шикаста аф-тодаро мегирифта бошад, онро гирифта,хоьиш кард, ки каме нишаста фикркунад ва гиреьи масъаларо кушояд.

- Намедонц, наметавонц?- Пурсид му-

аллим.- Метавонам, одат кардам, ки ниша-

ста кор кунам, осонтар мешавад.- Хайр, шин.Кощазчаро кушоду жавоби масъаларо

ёфт ва назди тахта баромад.- Чц шуд, зуд баромадц?- Ба ёдам омад, - гуфт донишж= ва

роьи ьалли масъаларо бо б=р ба тахтанавишт. Кораш омад карду аз имтиьонгузашт.

Муаллими дигари имтиьонгирандадонишж=и хушлибоси дар банди дасташсоати пуржилоро дида ьайрон шуд:

- Шумо кц? Ман намешиносам.Каримбой худро шиносонд.- Шумо дар машщулиятьои махсус ло-

аыал як соат набудед, бинобар ьамин азШумо имтиьон намегирам.

- Ман аз дарсьо озод будам, дар даьаиадабиёт ва санъат иштирок доштам. ДарМаскав ьамроьи як гур=ь донишж=ён ба-ромад кардам.

- Акнун имтиьоньоро ьам рафта дарМаскав супоред!

- Фармони ректор ьаст. Мо аз дарсьоозод будем, имтиьон супурда метавонем.

- Инашро ман намедонам. Ба шуможавоб!

Каримбой мажбур буд, ба назди раисидонишгоь равад. Роьбар арзи =ро шу-нида, як хатча навишта дод: «Имтиьонгиред, ёрц расонед». Имзо ва номи рек-тор сабт буд дар он кощаз. Бо дахолатироьбар имтиьони дуюмро ьам супурд.

Жавобьои имтиьонсупоранда азфанни таърихи ьизби коммунист ёваримуаллими имтиьонгирандаро ьеж ыонеъ

накунонд. Ба савол хеле жавоби бисёргуфт, дар бораи ёрии аыибгоь ба жабьамисольои ьаётц овард. Аммо ёвари им-тиьонгиранда мегуфт:

- Боз чц?Каримбой ночор суханьои гуфтаи

худро такрор мекард. Саволи муаллимьам такрор мешуд:

- Боз чц?Ьамин ваыт муаллими имтиьонги-

ранда Рауф Дадобоев даромад ва Карим-бойро дида, ваыташ хуш шуд. Аз ину оньолпурсц менамуд, муаллими шинос.Каримбой аз афташ бисёр рост истодамонда шудааст, ки ду дасташро ба як ка-нори мизи дарози навбаромади дафтарикори котиби кумитаи ьизбии донишгоьгузошта, вазнашро дод, яъне такя кард.Тахтаи мизи дароз бори вазнинро набар-дошта, яктарафа хам х=рд. Сиёьидонивазнини он тарафи тахта парида, ба пе-шонии ёвари имтиьонгиранда зад.

- Ман гуфтам - а, чашму р=и ин бачабежо. Ба = баьо намемонам.- Гуфт дарьоле ки жабинашро мемолид.

- Мебахшед, муаллим, ман намедони-стам, ки тахтаи миз чапа мешавад, - бах-шиш пурсид донишж=й. + хижолаткашид, ки бо ьаракати ножо ба ом=згорозор расонидааст.

- Каримбой одами нащз, донишж=йифаъол, шумо =ро намешиносед.

Муаллим санжишномаи =ро гирифта,баьои «аъло» гузошт ва гуфт:

- Нащз к=шишу щайрат кун. Акнун ва-зифаи асосии ту таньо хондану хондан,ьамчун ьаваскори санъат вазифаатроижро кардц.

Порае аз китоби МавлониддинП+ЛОДОВ “Дарёдиле дардошно”.

Шумо кӣ, ман намешиносам?=Лаҳзаҳо аз ҳаёти собиқдари меҳнат Каримбой Музаффаров=

30-31 2015.qxp имруз_Layout 1 24.12.2015 9:08 Страница 4